Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлоб. 50%-и даъватшавандагон ба талаботи артиш ҷавобгӯ нестанд


Апрели соли 2010 дар ноҳияи Восеъ ҷавонони қавми ҷӯгиро низ ба артиш даъват карданд
Апрели соли 2010 дар ноҳияи Восеъ ҷавонони қавми ҷӯгиро низ ба артиш даъват карданд

Бо вуҷуди он ки панҷоҳ дар сади нахустин даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ дар Кӯлоб ба талаботи артиш ҷавобгӯ набудаанд, аммо масъулин аз афзоиши ҷавонони ихтиёрӣ изҳори хушҳолӣ мекунанд.

Аз 70 ҷавони сину соли хизмати ҳарбӣ танҳо 35 нафарашон ба хизмати артиш гуселонида шуданд.

Саттор Ризоев, муовини комиссари ҳарбии Кӯлоб, мегӯяд, ҳамаи ин даъватшавандагон пас аз тарғибу ташвиқи онҳо дар моҳи март бо даъвати нахустин ихтиёран ба назди комиссариат ҳозир шуданд, аммо маълум шуд, ки бархе касалманду фарзанди ягона дар оила буда, вазни бархе дигар писарҳо барои хизмат дар сафи артиш мувофиқ нест. Ризоев мегӯяд, барои артиши кишвар бояд сарбозони солиму нирӯманд ҷалб шаванд. Аз сӯи дигар ӯ мегӯяд, имсол сафи наваскарони соҳиби маълумоти олӣ дар даъвати якум дар қиёс ба солҳои гузашта се маротиб афзоиш ёфт.

«Масалан, соли гузашта агар дар даъвати якум мо 5 ҷавони соҳиби маълумоти олиро гусел карда бошем, имсол дар даъвати якум 15 нафарро гусел кардем. Ҳоло бисёре аз ҷавонон, ки донишгоҳу донишкадаҳоро хатм кардаанд, хоҳиши хизмат кардан дар артишро доранд. Дар донишгоҳҳо кафедраҳои ҳарбӣ нест ва ин ҷавонон мехоҳанд, бо як соли хизмати ҳарбӣ соҳиби рутба шаванд ва оянда дар соҳаи низомӣ кор кунанд», гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Ризоев, чанд тан аз онҳое, ки саломатиашон барқароршаванда буд, то даъвати тирамоҳӣ барои табобат мӯҳлат додаанд.

Аммо ҷавонон мегӯянд, то ҳанӯз ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷавонони камбизоат ва ба истилоҳ «бе пушту паноҳ» ҷалб мешаванд ва дар бархе маврид саломатии заъифи онҳо сарфи назар мешавад.

Муҳаммадисо Сафаров, омӯзгори ҷавони колеҷи омӯзгории Кӯлоб, мегӯяд, ӯ 38 килограмм вазн дорад, аммо барояш даъватнома додаанд. Ҳарчанд, ин ҷавон гуфтааст, ки вазнаш барои хизмат намерасад, аммо барояш гуфтаанд, ки ҳатман ба назди комиссариат ҳозир шавад.

«Мувофиқи қонун то 50 килограм вазн доштан ба хизмати ҳарбӣ намеравад. Аммо метарсам, ки вазнам сарфи назар мешавад, зеро чанд нафар ба ман гуфтанд, ки туро ҳатман ба хизмат равон мекунем. Дар ин ҷо, сад дӯст асту сад душман, агар ягон кас чапат гирифт, хост, ба хизмат равонат мекунад. Мутаассифона, тағо надорам ва аз ин ҷиҳат каме дар ташвишам», - гуфт ӯ.

Аммо масъулини комиссариат мегӯянд, набояд даъватшавандагон аз хизмат сарпечӣ кунанд, зеро ҳолати сиҳҳатии онҳоро комиссия тафтиш мекунад ва дар сурати сабук будани вазну солим набудан ба хизмат ҷалб намешавад.

Маҳмудҷон Раҳматов, ки соли гузашта факултети филология ва журналистикаи донишгоҳи Кӯлобро хатм кардааст, мегӯяд, бо нахустин даъватнома ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуд ва ба хизмат рафт. Ҳоло ин ҷавон дар ноҳияи Дарвоз хизмати сарбозӣ мегузарад ва шаш моҳ баъд мӯҳлати ӯ ба анҷом мерасад. Маҳмудҷон мегӯяд, бо рафтан ба хизмат хост, худро аз ташвишу таъназаниҳо халос кунад.

«Хизмат ба ватан шарт аст ва медидам, ки бисёре аз ман калонтарҳо ҳар мавсим гурехта мегарданд. Аз ин гурехтанҳо на худ фоида мебинӣ, на ватан. Як сол он қадар гап нест. Инак, шаш моҳ гузашт ва тирамоҳ баргашта бо хотири ҷамъ корҳои худро идома медиҳам”, - мегӯяд вай.

Барои бисёр ҷавонони синни сарбозӣ ба қавле мӯд шудааст, ки ҳангоми даъвати тирамоҳиву баҳорӣ ба Русия бираванд, то бо ин роҳ аз хизмат сарпечӣ кунанд. Дилшод Раҳмонов - як ҷавони муҳоҷир ҳам барои ба сафи артиш нарафтану муҳоҷир шуданаш далел дорад. Ӯ мегӯяд, дар хонаводааш ягона фарзандест, ки ду бародари хурдсол дорад ва танҳо сарпарасти болиғи падару модараш аст. Аз ин рӯ, мегӯяд вай, дар ду соли ҷалб шуданаш ба хизмати ҳарбӣ хонаводааш аз маблағе, ки ӯ ҳар моҳ аз муҳоҷирати мавсимӣ мефиристад, маҳрум ва азият мешавад.

Дар Тоҷикистон дар фасли тирамоҳ ва баҳор барои ду сол ҷавононро ба сафи артиш даъват мекунанд. Бо вуҷуди мушкил будани даъвати ҷавонон ба артиш, масъулини комиссарити Кӯлоб мегӯянд, ҳар сол онҳо нақшаи даъватро ба пуррагӣ иҷро мекунанд ва шумораи лозимии ҷавонписаронро ба сафи артиш гусел мекунанд.
XS
SM
MD
LG