Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кристиан Карамбе бо Ҷоми ҷаҳонии футбол ба Душанбе меояд


Кристиан Карамбе, қаҳрамони ҷаҳон ва Аврупо, ғолиби дукаратаи Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА, собиқ нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Фаронса Ҷоми ҷаҳонии футболро ҳангоми сайри он ба Душанбе роҳбаладӣ мекунад.

Дар доираи саёҳати ҷаҳонӣ Ҷоми қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол ба 50 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла ба Тоҷикистон ташриф меорад. Ташрифи Ҷоми ҷаҳонӣ ба Тоҷикистонро Федератсиони футболи кишвар дар ҳамкорӣ бо ширкати Coca-Cola ташкил кардааст.

Бар асоси қоидаҳои ФИФА, ба Ҷоми расмӣ метавонанд танҳо ғолибони мусобиқот ва сарони давлатҳо даст бирасонанд. Ҷоизаи аслӣ ба ҳеҷ касе ҷовид супурда намешавад, бинобар ин дастаи мунтахаби ғолиби мусобиқот бар ивази он нусхаи Ҷоми ғолибони қаҳрамонии футболи ҷаҳонро мегирад.

Дар доираи иқдоми «Трофи Тур» 5-уми феврал барои аввалин бор дар таърихи ҷоме, ки ба ғолибони мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон тақдим мегардад, ба Тоҷикистон оварда мешавад. Ин ҷом дар Душанбе ба маърази умум гузошта хоҳад шуд.

Ба иттилои мақомоти Федератсиони футболи Тоҷикистон, ҳамаи хоҳишмандон метавонанд Ҷоми расмии мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳонро, ки ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол) мегузаронад, бубинанд ва бо ин ҷоизаи афсонавӣ аксбардорӣ кунанд. Дар доираи ташрифи ҷоизаи аслии ҷаҳонии футбол ба пойтахти Тоҷикистон меҳмонони чорабинӣ, инчунин имкон доранд, ки дар барномаи дилхушӣ ширкат варзанд.

9-уми сентябри соли гузашта дар Маскав саёҳати нави Ҷоми ҷаҳон бо дастгирии ширкати Coca-Cola шуруъ шуд. Хатсайри ин саёҳат то моҳи декабри соли 2017 дар ҳудуди Русия доир гардид. Баъдан ҷом ба саёҳати 50 кишвари 6 қитъа баромада, моҳи май боз ба Русия бармегардад, ки дар онҷо тобистони имсол мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2018 барпо мегардад.

Ҷоми мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон ҷоизаи аслиест, ки ба ғолибони қаҳрамонии ҷаҳон супурда мешавад, вале дар ихтиёри ФИФА мемонад. Ҷом аз тиллои холис сохта шудаааст ва 6,175 кг вазн дорад. Он аз ду пайкараи инсонӣ, ки кураи заминро болои дастҳояшон бардоштаанд, иборат аст. Бо чунин намуд Ҷоми расмӣ аз соли 1974 вуҷуд дорад.

Бар асоси қоидаҳои ФИФА, ба Ҷоми расмӣ метавонанд танҳо ғолибони мусобиқот ва сарони давлатҳо даст бирасонанд. Ҷоизаи аслӣ ба ҳеҷ касе ҷовид супурда намешавад, бинобар ин дастаи мунтахаби ғолиби мусобиқот бар ивази он нусхаи Ҷоми ғолибони қаҳрамонии футболи ҷаҳонро мегирад.

Дидани ҷоизаи аслӣ ва ягона имконияти беназирест, ки ба ҳамаи хоҳишмандон ҳангоми сафари Ҷоми қаҳрамонии футболи ҷаҳон, ки онро ширкати Coca-Cola ташкил кардааст, пешниҳод карда мешавад.

Бозиҳои марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2018 аз 14-уми июн то 15-уми июли соли равон дар 12 варзишгоҳи 11 шаҳри Русия - Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Сочи, Екатеринбург, Самара, Саранск, Ростови соҳили Дон, Волгоград, Нижний Новгород ва Калининград - баргузор мешаванд.

Барои ба даст овардани Ҷоми ҷаҳон 32 даста мубориза мебарад:

Аврупо (14 даста): Русия (мизбон), Англия, Белгия, Олмон, Дания, Исландия, Испания, Лаҳистон, Португалия, Сербия, Фаронса, Хорватия, Швейтсария, Шведсия;

Амрикои Ҷанубӣ (5 даста): Аргентина, Бразилия, Колумбия, Перу, Уругвай;

Амрикои Шимолӣ ва Марказӣ (3 даста): Мексика, Коста-Рика, Панама;

Африқо (5 даста): Миср, Марокаш, Нигерия, Сенегал, Тунис;

Осиё ва Уқёнус (5 даста): Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон.

Қуръакашии марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 рӯзи 1-уми декабри соли гузашта дар шаҳри Маскав доир гардид. Бар асоси қуръакашӣ 32 дастаи ширкаткунандаи қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2018 дар Русия ба ҳашт гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шуд.

Таркиби гурӯҳҳо:

гурӯҳи А: Русия, Арабистони Саудӣ, Миср, Уругвай;
гурӯҳи В: Португалия, Испания, Марокаш, Эрон;
гурӯҳи С: Фаронса, Австралия, Перу, Дания;
гурӯҳи D: Аргентина, Исландия, Хорватия, Нигерия;
гурӯҳи Е: Бразилия, Швейтсария, Коста-Рика, Сербия;
гурӯҳи F: Олмон, Мексика, Шведсия, Кореяи Ҷанубӣ;
гурӯҳи G: Белгия, Панама, Тунис, Англия;
гурӯҳи H: Лаҳистон (Полша), Сенегал, Колумбия, Ҷопон.

Бозии кушодашавии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2018 миёни мунтахаби Русия, мизбони мусобиқот ва тими миллии Арабистони Саудӣ 14-уми июн дар шаҳри Маскав, дар варзишгоҳи «Лужники», барпо мегардад.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG