Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳонии футболро 5-уми феврал ба Душанбе меоранд


Ҷоми ҷаҳонии футбол қабл аз оғози саёҳат дар Маскав дар рӯзи 1-уми декабри соли 2017
Ҷоми ҷаҳонии футбол қабл аз оғози саёҳат дар Маскав дар рӯзи 1-уми декабри соли 2017

Дар доираи саёҳати ҷаҳонӣ Ҷоми қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол рӯзи душанбе, 5-уми феврал, ба Тоҷикистон оварда мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 3-юми феврал ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба иттилои ин манбаъ, дар доираи иқдоми «FIFA World Cup Trophy Tour», ки бо дастгирии ширкати «Coca Cola» гузаронида мешавад, Ҷоми қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футболро аввалин бор ба Тоҷикистон меоранд. Ин ҷом дар Душанбе ба маърази умум гузошта хоҳад шуд.

Ба гуфтаи намояндаи ширкати «Coca Cola» дар Тоҷикистон Аскар Маратов иттилоъ додааст, Ҷоми қаҳрамонии ҷаҳон рӯзи 5-уми феврал дар ҳавопаймои махсус ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рӯзи душанбе, соати 15:30 мерасад. Соати 16:30 дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и Душанбе нишасти хабарӣ доир мешавад. Хабарнигорон имкон пайдо мекунанд, ки ҷомро аз наздик бубинанд.

Баъдан ҷом дар витрина ё қафаси махсуси шишагӣ дар маҷмааи «Кохи Борбад» гузошта мешавад, ки ҳазорҳо сокинони маҳаллӣ ва муштариёни «Coca Cola» метавонанд аз соати 16:00 то 19:00 бо Ҷоми тиллоӣ аксбардорӣ кунанд.

Ба гуфтаи Аскар Маратов, бинобар зиёд будани хоҳишмандон, барои иштирок дар чорабиниҳо ширкати «Coca Cola», озмун доир мекунад ва барои гирифтани билет бояд, аз нӯшокиҳои ин ширкат харид. Барои ин зарур аст, ки 3 бутали якунимлитраи «Coca Cola» дар супермаркетҳои Душанбе («Пайкар Плаза», «Пайкар», «Пойтахт», «Арзанда», «Рӯдакӣ Плаза», «Европа», «Сабад», «Шоҳона» (50-солагӣ), «Ёвар» (Ҳаёти нав), Ёвар (диагностика), Ёвар 5) харидорӣ намуда, дар касса бо пешниҳоди чек билет барои ин чорабинӣ талаб карда шавад. Шумораи билетҳо маҳдуд аст.

9-уми сентябри соли гузашта дар Маскав саёҳати Ҷоми қаҳрамонии ҷаҳон бо дастгирии ширкати Coca-Cola шуруъ шуд. Хатсайри ин саёҳат то моҳи декабри соли 2017 дар ҳудуди Русия доир гардид. Баъдан ҷом ба саёҳати 50 кишвари 6 қитъа баромада, моҳи май боз ба Русия бармегардад, ки дар онҷо тобистони имсол мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2018 барпо мегардад.

Ҷоми мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон ҷоизаи аслиест, ки ба ғолибони қаҳрамонии ҷаҳон супурда мешавад, вале дар ихтиёри ФИФА мемонад. Ҷом аз тиллои холис сохта шудаааст ва 6,175 кг вазн дорад. Он аз ду пайкараи инсонӣ, ки курраи Заминро болои дастҳояшон бардоштаанд, иборат аст.

Бар асоси қоидаҳои ФИФА, ба Ҷоми расмӣ метавонанд танҳо ғолибони мусобиқот ва сарони давлатҳо даст бирасонанд. Ҷоизаи аслӣ ба ҳеҷ касе ҷовид супурда намешавад, бинобар ин дастаи мунтахаби ғолиби мусобиқот бар ивази он нусхаи Ҷоми ғолибони қаҳрамонии футболи ҷаҳонро мегирад.

Дидани ҷоизаи аслӣ ва ягона имконияти беназирест, ки ба ҳамаи хоҳишмандон ҳангоми сафари Ҷоми қаҳрамонии футболи ҷаҳон, ки онро ширкати Coca-Cola ташкил кардааст, пешниҳод карда мешавад.

Бозиҳои марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2018 аз 14-уми июн то 15-уми июли соли равон дар 12 варзишгоҳи 11 шаҳри Русия - Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Сочи, Екатеринбург, Самара, Саранск, Ростови соҳили Дон, Волгоград, Нижний Новгород ва Калининград - баргузор мешаванд. Ба дастаи қаҳрамони нави ҷаҳон 15-уми июл дар варзишгоҳи «Лужники»-и Маскав Ҷоми ҷаҳонии футбол тақдим мегардад.

XS
SM
MD
LG