Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки молии FIFA ба бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон


Мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бо ширкати ҳашт дастаи лигаи олӣ дар се давра доир хоҳад шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, бо тасмими кумитаи иҷроияи ФФТ шакли гузаронидани мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бетағйир мондааст. Дар мавсими нав, ба мисли соли гузашта, барои медалҳои мусобиқот ҳашт даста мубориза хоҳад бурд.

Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор, ки дар мусобиқоти порсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар ҷойгоҳи охирин қарор гирифт, бар асоси дастур лигаи олиро тарк намуда, соли равон дар лигаи аввал бозӣ хоҳад кард. Ғолиби мусобиқоти порсолаи лигаи аввали Тоҷикистон – дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ - ба ҳаққи ширкат дар лигаи олӣ мушарраф шудааст.

Дар доираи барномаи “Forward”, ки онро Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад, дар муддати се соли минбаъда аз ҷониби ин созмони ҷаҳонӣ баҳри рушди футболи бошгоҳии кишвар кӯмаки молӣ расонида хоҳад шуд.

Чунончи, бар асоси татбиқи ин барнома Федератсияи футболи кишвар ва Лигаи футболи Тоҷикистон бошгоҳҳоро аз ҷиҳати молӣ дастгирӣ намуда, варзишгоҳҳоро бо ҷиҳози зарурӣ таъмин ва музди хидмати доварон, нозирону комиссарони бозиҳоро пардохт мекунанд.

Инчунин тамоми бошгоҳҳои ширкаткунандаи Лигаи олии кишвар бо либосҳои варзишӣ ройгон таъмин карда хоҳанд шуд. Барои бошгоҳҳо алакай микроавтобусҳо харидорӣ намудаанд. Ба ғайр аз ин, бошгоҳҳои Лигаи олӣ бо дарназардошти мавқеъи ишғолнамудаашон дар ҷадвали мусобиқот подошпулиҳои иловагӣ дарёфт мекунанд.

XS
SM
MD
LG