Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирон ҳатмӣ хоҳад шуд


Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро дар ин бора тасвиб кард, ки баъди мувофиқати президент аз 1 декабр ба ҳукми иҷро медарояд.


Ҳамакнун танҳо имзои президенти ин кишвар кофист, ки шурӯъ аз 1 декабри имсол муҳоҷирон ба супурдани имтиҳони забони русӣ шурӯъ кунанд. Имрӯз аъзои Шӯрои Федератсия дар ҷаласаи худ ба мувофиқа расиданд, ки муҳоҷирони ба Русия барои кор воридшаванда бояд аз забони русӣ тест ё имтиҳон супоранд. Тарҳи қонун, ки баъди имзои Владимир Путин ҳукми иҷро мегирад, аз кормандони соҳаи тиҷорату савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии коммуналӣ тақозо мекунад, ки имтиҳони забонро супоранд. Барои ба кор қабул шудани муҳоҷирони хориҷӣ, мегӯянд муаллифони қонун, забони русии шахс бояд болотар “аз як саҳти ҳадди аққал” бошад. Барои собит кардани забондонии худ, шаҳрвандони хориҷӣ бояд шаҳодатнома ё сертификати имҳони давлатии забони русӣ ё санадҳои дигарро намоиш диҳад.

Дар шарҳи ин мавзӯъ рӯзи 30 октябр дар шаҳри Ростов-на-Дону Анатолий Фоменко, муовини раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар сӯҳбат бо журналистон гуфт, ки чунин имтиҳонро ҳар сол на камтар аз 140 ҳазор муҳоҷири корӣ хоҳанд гузашт. Вай изҳори боварӣ кардааст, ки Қонуни забон ба ҳеҷ сурат шумори муҳоҷиронро коҳиш нахоҳад дод. Вай гуфт, ки пеш аз қабул шудан ба кор дар соҳаи хизматрасонӣ, шахс бояд санади тасдиқкунандаи донишҳои русии ӯро намоиш диҳад. Айни замон вай таъкид кард, ки агар шахс то соли 1991 мактаби миёнаро хатм карда бошад ва ё аз кишваре бошад, ки забони русӣ дар он мақоми забони давлатиро дорад, зарурате барои намоиши чунин як санад пеш намеояд.

Ҳукумати Русия мегӯяд, ки ин қадами нахустин буда, дар оянда, аниқтараш то соли 2015 қонун дар бораи донистани таърих ва асосҳои давлатдории Русия қабул мешавад. Аз рӯи ин муқаррарот, муҳоҷирони корӣ баъди се сол бояд дар баробари имтиҳони забони русӣ, имтиҳони таърихи ин кишварро низ супоранд.

Ба гуфтаи Фоменко, барои шаҳрвандони хориҷӣ дар саросари Русия даҳҳо муассисаи таълими забони русӣ таъсис шудаасд, ки 150-тои он ҳақи баргузории тест ё санҷиши забонро доранд.

Нияти мақомоти Русия барои ворид кардани имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ аз он ҷо бармеояд, ки шумори хеле зиёди онҳо, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ноомада сафар мекунанд ва забони русиро намедонанд. Аз рӯи иттилои коршиносон, ҳар сол на камтар аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд ва шумори хеле зиёди онҳо ҷавононе мебошанд, ки аз рустову манотиқи дурдасти кишвар канда шуда таҷрибаи муошират ба забони русиро нагузаштаанд. Илова ба ин, таълими забони русӣ дар мактабҳои миёна, ба хусус дар манотиқи дурдаст назар ба солҳои шӯравӣ хеле коҳиш ёфтааст.

Вале, ба қавли баъзе мунаққидон, қонуни нави забон метавонад барои бархе мақомдорон даричаи наверо барои ришвату фасод боз кунад, ки бо истифода аз заъфияти мақоми муҳоҷирон дар Русия, ба онҳо фишорҳои нав меоваранд.
XS
SM
MD
LG