Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо дипломи қалбакӣ... "Аълочии маориф". ВИДЕО


Яке аз мактабҳои вилояти Суғд. Акс аз бойгонӣ.

Додситонии Суғд 16 ҳолати бо дипломҳои сохта ба таълиму тарбия машғул будани муаллимон ва мураббиҳои кӯдакистонҳоро ошкор кардааст, ки бархе аз онҳо дар курсиҳои мудирии мактабу кӯдакистонҳо менишастанд.

Ҳабибулло Воҳидов, додситони вилояти Суғд ахиран зимни нишасти хабарӣ гуфт, қалбакӣ будани дипломҳои 6 муаллим ва мураббӣ дар соли 2016 ва боқӣ дар чанд соли қаблӣ муайян карда шудааст. Ӯ аз ҷумла гуфт: “Тасаввур кунед, ҳатто бархе аз ин ашхос бо дипломи қалбакӣ то вазифаи мудири мактаб ва кӯдакистон расидаанд. Ва яке аз онҳо унвони “Аълочии маорифи Тоҷикистон”-ро ба даст овардааст. Дар ҳоле, ки санҷишҳо ошкор кард, ин афрод таҳсили ихтисосӣ накардаанд, диплом нагирифтаанд ва дипломҳои маълумоти олӣ, ки доранд, бо роҳи сохтакорӣ таҳия гардида, ба онҳо дода шудааст.»

“Танҳо аз вазифаҳо сабукдӯш шуданд...”

Ҳабибулло Воҳидов дар посух ба ин савол, ки ба муаллимон ва мураббиёне, ки бо дипломҳои сохта ба кору фаъолият дар мактабҳо ва кӯдакистонҳо машғул буданд, чӣ чора дида шуд, гуфт, қонунҳои Тоҷикистон истифода аз диплом ё дигар ҳуҷҷатҳои сохтаро “ҷиноят” медонад ва барои ин кирдор ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ кардааст. Вале бо татбиқи қонуни афв, ин афрод танҳо аз вазифаҳояшон барканор карда шуданд.

Ҳабибулло Воҳидов, додситони вилояти Суғд.
Ҳабибулло Воҳидов, додситони вилояти Суғд.

Додистони Суғд афзуд, ки ин афрод дипломҳоро хеле барвақт ба даст оварданд ва имрӯз то сатҳи мудири мактаб расидаанд ва шахсоне, ки ин дипломҳоро ба онҳо доданд, дар қайди ҳаёт нестанд, то бозпурсӣ шаванд. Ба гуфтаи вай, аз он замон то ба ҳол хеле мӯҳлат гузашта, дар ин байн чанд бор қонуни афв қабул шудааст.

"Кирдори онҳо ба гурӯҳи “ҷиноятҳои на чандон вазнин” дохил мешавад ва бархе аз мудирони мактабҳо, ки бо дипломҳои қалбакӣ то ин вазифа расида буданд, нисбат ба онҳо бо татбиқи қонуни афв оғози парвандаи ҷиноӣ рад карда шудааст. Вале ҳамзамон онҳо аз вазифаҳои ишғолкардаашон дар асоси санадҳои эътиноии додситонӣ, барканор карда шудаанд”,-гуфт Ҳабибулло Воҳидов.

Посухи масъулони идораи маориф

Мақомоти Суғд қаблан низ дар бораи ошкор гардидани “қалбакӣ” будани дипломҳои чандин муаллимон ва мутахассисони касбу корҳои дигар иттилоъ дода буданд. Гуфта мешуд, аксари соҳибони он дипломҳо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ба ном дар факултаҳои ғоибони донишгоҳҳо “таҳсил намуда”, бар ивази маблағ ба даст овардаанд. Вале бори нахуст аз барканор намудани шумораи зиёди мудирони мактабҳову мудирони кӯдакистонҳо аз вазифа бинобар қалбакӣ будани дипломҳои тахассусии онҳо гузориш медиҳанд.

Додситонии Суғд 16 ҳолати бо дипломҳои сохта ба таълиму тарбия машғул будани муаллимон ва мураббиҳои кӯдакистонҳоро ошкор кардааст, ки бархе аз онҳо дар курсиҳои мудирии мактабу кӯдакистонҳо менишастанд.

Як мудири мактаб, ки соли гузашта мақомоти додситонӣ дипломи муаллимии ӯро “қалбакӣ” донистанд ва аз вазифааш барканор гардид, дар сӯҳбати бидуни микрофон бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ дар даҳаи охири асри гузашта дар бахши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил кард. Ӯ афзуд, “дипломро ба ӯ бо кафолате дода буданд, ки воқеӣ асту мушкил эҷод намекунад, аммо имрӯз сари ӯро дар бало монданд.”

Ба қавли масъулони Идораи маорифи Суғд, муаллимони барканоршуда дипломҳои худро дар солҳои 90-и асри гузашта аз донишгоҳ гирифтаанд. Сайфулло Раҳматов, муовини мудири Идораи маорифи Суғд мегӯяд, “онҳо дар даст диплом доранд ва онҳоро шӯъбаҳои маориф ба кор гирифтаанд. Он дипломҳоро донишгоҳ ба онҳо додааст ва мо муайян карда наметавонем, ки онҳо қалбакӣ ҳастанд ё ҳаққонӣ.”

Мусоҳибам афзуд, муаллимони аз кор барканоршуда дипломҳои қалбакии ихтисоси омӯзгори фанҳои умдатан “гуманитарӣ” ва “синфҳои ибтидоӣ” кор мекарданд. Аз ҷумла, мудирони мактабҳои рақами 2 ва 78-и ноҳияи Ғафуров Муҳаббат Абдулҳакимова ва О. Холматов бо дипломҳои муаллими синфҳои ибтидоӣ ва фанни таърих дарс мегуфтанд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд додааст.

Дар Суғд 16 омӯзгор бо дипломи "тақаллубӣ" кор мекарданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:45 0:00

Барканоршудаҳо “фаъол” ва “ташкилотчӣ” буданд...

Малоҳат Бобоева, мудири идораи маорифи ноҳияи Ғафуров гуфт, ин ду нафар ҳудуди 25 сол собиқаи кории омӯзгорӣ доранд. Ба қавли ӯ, онҳо нахуст Коллеҷи омӯзгориро бо дипломи “маълумоти миёнаи махсуси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ”хатм карда, сипас дипломи маълумоти олии “омӯзгори синҳои ибтидоӣ” ва “фанни таърих”-ро ба даст овардаанд, ки аз ҷониби додситонӣ “сохта” дониста шуд. Хонум Бобоева ин 2 мудири мактаби барканоршударо мутахассисони “фаъол” ва “ташкилотчӣ” ном мебарад, ки маълум гардидани “сохта” будани дипломҳои тахассусии онҳо ҳамкасбонашонро дар ҳайрат гузоштааст.

Яке аз мактабҳо дар вилояти Суғд. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз мактабҳо дар вилояти Суғд. Акс аз бойгонӣ.

Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Баъзеҳо бо дипломи сурхи Донишгоҳ ба кор меоянд, вале кору фаъолияташон аён месозад, ки маҳорати баланди омӯзгорӣ ва қобилияти ташкилотчигӣ надоранд. Вале баръакси ин ҳам мешудаст. Муаллим Холматов, ки дипломашро сохта донистанд, хеле кордону пешқадам буд ва шогирдонаш дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва Академияи хурди илмҳои хонандагон ҷойҳои фахрӣ мегирифтанд.”

Вале сокинони одии ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ мегӯянд, бо дипломи сохта соҳиби курсии раҳбари муассисаҳои таълимӣ шудан ҷои аҷобат надорад, чун меъёри интихоб ба вазифа на бар пояи тахассус ва касбият, балки умдатан бар асоси маҳал ва муносибати шахсии байни раҳбару корманд ва ришват сурат мегирад.

Матлуба Ашӯрова, як сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд: “Ман модари 2 фарзанди мактабхон ҳастам ва ду бор мактаби онҳоро иваз кардам. Аммо боз ҳамон, баъзе муаллимонашон, ки дар мактаб вазифа доранд, соатҳои дарсӣ талабагонашонро танҳо гузошта, ба корҳои ташкилию ҳисоботнависӣ, қабулу гусели комиссияҳои бешумор машғул мешудаанд. Талабаҳо дар синфхон ба ҳоли худашон. Хайр, баъзе фанҳоро худашон кам-кам мехонанд, аммо фанҳои дақиқро чӣ тавр бемуаллим мехонӣ? Ба ҳоли фарзандонам дилам месӯзад.”

Дипломҳо тафтиш мешавад

Масъулони идораи маорифи Суғд мегӯянд, онҳо имкони муайян кардани ҳаққонӣ ё сохта будани дипломи тахассусии муаллимонеро, ки ба кор мегиранд, надоранд. Вале баъди ошкор шудани дипломҳои сохтаи чандин мудирони мактабҳо тасмим гирифтаанд аз ин ба баъд, қабл аз пешбарии омӯзгороне, ки дар солҳои 90-и асри гузашта таҳсил кардаанд, ба вазифаҳои раҳбарии мактабҳо дипломи онҳоро тафтиш ва ҳаққонӣ будани онро маълум кунанд.

Шарҳҳоро бинед (11)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG