Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фейсбук 5,4 миллиард саҳифаи "фейк"-ро пок кард. Аз Тоҷикистон ҳам ҳаст?


Масъулони Фейсбук, як шабакаи иҷтимоии маъруф дар Тоҷикистону ҷаҳон гуфтанд, ки дар мубориза ба зидди нашри иттилооти дурӯғ 5,4 мииллиард ҳисоб (аккаунт)-ҳои қалбакӣ ё "фейк"-ро пок кардаанд. Ширкат рӯзи 12-уми ноябр дар гузорише гуфт, "тавоноии худро барои ташхис ва пешгирӣ аз талошҳои сохтани ҳисобҳои дурӯғин ва матолиби тавҳиномез беҳбуд бахшидем." Маълум нест, оё саҳифаҳои қалбакии корбарони Фейсбук дар Тоҷикистон низ пок шудаанд, ё не.

Масъулони шабака мегӯянд, аксар ҳисобҳои ҷаълӣ қабл аз он ки фурсате барои табдил шудан ба корбарони "фаъол"-и ин шабакаи иҷтимоӣ дошта бошанд, баста шудаанд. Фейсбук тахмин мезанад, ки ҳудуди 5 дарсад аз 2,45 миллиард ҳисоби корбарони фаъоли он қалбакӣ аст.

Дар Тоҷикистон баъзе аз корбарон аз саҳифаҳои ҷаълӣ истифода мекунанд. Як гуруҳ бо гузоштани аксу номи дурӯғин мехоҳанд, баъзе аз мушкили ҷомеаро ошкор кунанд. Гуруҳи дигар аз чунин саҳифаҳо ба зидди мухолифон ва ё алайҳи мақомоти давлатӣ истифода мекунанд. Бархе онро ба таблиғи дин ё ҷангҷӯӣ табдил додаанд.

Асомуддин Атоев, коршиноси фанновариҳои нав, мегӯяд, саҳифаҳои қалбакии корбарони тоҷик дар Фейбсук "зиёд аст". Аммо афзуд, "фикр намекунам, дар шумори саҳифаҳои қалбакие, ки масъулони Фейсбук муайян ва пок кардаанд, аз Тоҷикистону минтақа ҳам зиёд бошад. Чунки яке аз роҳҳои огоҳ шудан аз аккаунтҳои фейк худи корбарони Фейсбук ҳастанд. Онҳо бояд ҳар замон дар ин бора шикоят кунанд", -- афзуд ӯ.

Ба қавли Асомиддин Атоев, дар Фейсбук меъёре ҳаст, ки на ҳама корбарон аз он истифода мекунанд, то ба дари саҳифаҳои қалбакӣ қуфл зада шавад. Ӯ гуфт: "Шарти он ба забони англисиву русӣ навишта шудааст. Шояд бисёриҳо огоҳ нестанд. Фикр намекунам, онҳое, ки русиву англисиро низ медонанд, аз ин меъёрҳо истифода баранд. Ба ҳар сурат, барои шинос шудан бо қоидаҳо ва шикоят бурдан аз рӯи аккаунтҳо ва навиштаҳое, ки боварбахш нестанд, фурсат зарур аст."

Бино ба омори охирин аз 9 миллиону 100 ҳазор аҳолии Тоҷикистон танҳо каме беш аз 3 миллион ба интернет дастрасӣ доранд. Facebook бо беш аз 200 ҳазор корбар севумин шабакаи иҷтимоии пуристифода дар Тоҷикистон будааст.

Ширкати Фейсбук рӯзи чаҳоршанбе дар гузориши худ гуфт, аз моҳи апрел то сентябри имсол беш аз 18 миллион маводу аксҳои бараҳнагӣ ва истисмори ҷинсии кӯдаконро низ пок кардааст, ки назар ба шаш моҳи қабл 13 миллион бештар будааст. Гуфта шудааст, афзоиш бинобар беҳтар шудани ташхис аст.

Ба иловаи ин, Фейсбук гуфтааст, дар ин давра беш аз 11 миллион маводи барангехтани нафрату хусуматро ҳазф кард. Ширкати “Фейсбук” мегӯяд, ба таври фаъол барои аз байн бурдани суханрониҳои барангезандаи нафрат шуруъ кардааст. Равише, ки бо бархе аз муҳтавои ифротгароёна, кӯдакозорӣ ва маводи дигар анҷом медиҳад.

Гузоришҳои аввалӣ фақат шомили маълумот дар бораи “Ал-Қоида”, “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои ҳамкору вобастаи он буд. Охирин гузоришҳо нишон додааст, ки Фейсбук матолиби ирсолшуда ба воситаи гурӯҳҳои ифротӣ ғайри ДОИШ ва “Ал-Қоида”-ро нисбат ба ин ду созмон камтар мушоҳида мекунад.

Дар Тоҷикистон низ бархеҳо шабакаҳои иҷтимоиро манбаи ифротишавии ҷавонон медонанд. Чун тибқи омори расмӣ, садҳо ҷавони тоҷик тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мағзшӯӣ шуда, ба сафи гуруҳҳои тундрав дар Сурия ва Ироқ пайвастанд.

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, низ моҳи сентябри имсол аз минбари Созмони Милали Муттаҳид хост, кишварҳои узв барои муқобила аз истифодаи Интернет барои паҳн кардани ақоиди ифротӣ ва ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ кори бештар кунанд.

Ин чаҳорумин гузориши Фейсбук дар бораи амалӣ шудани меъёрҳои ин шабакаи иҷтимоӣ аст. Масъулонаш гуфтанд, сармояҳои зиёдеро барои ёфтан ва ҳазфи ҳисобҳои сохташуда барои фиреби мардум анҷом додаанд. Онҳо мегӯянд, аз ин пешрафт розиянд, вале “медонанд, ки ҳанӯз хатоҳо метавонад, рух диҳад.”

XS
SM
MD
LG