Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Ernst & Young бори дигар Бонки Миллиро дар "элак мебезад"?


Ширкати бозрасии муҳосиботии “Эрнст энд Янг Форд Родс Сидет Ҳайдер”, ки узви Ширкати байналмилалии аудитории Ernst & Young аст, фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор медиҳад.

Ширкати "Эрнст энд Янг" (Ernst & Young) яке аз ширкатиҳои бозрасии муҳосиботии байналмилалӣ буда, аслан дар соҳаи муҳосиботи молӣ ва пардози молиёт фаъолият мебарад.

Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки милии Тоҷикистон рӯзи 8-уми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки Куммиссиюни озмун оид ба интихоби ширкати бозрасии молӣ барои гузаронидани санҷиши ҳисоботи молиявии Бонки миллии Тоҷикистон барои соли 2013 натиҷаи озмунро мушаххас кард ва ширкати аудитории “Эрнст энд Янг Форд Родс Сидет Ҳайдер” ғолиб дониста шуд.

Ширкати бозрасии муҳосиботии “Эрнст энд Янг Форд Родс Сидет Ҳайдер” узви Ширкати байналмилалии аудитории “Эрнст энд Янг Глобал” ба шумор меояд, ки соли 2008 ин бонкро санҷиш карда ва маблағҳои "гумшуда"-и ҳангуфтеро ошкор карда буд.

Қаблан дар соли 2008 ширкати мустақили "Эрнст энд Янг" фаъолияти Бонки милии Тоҷикистонро, ки он замон Муродалӣ Алимардон, ҳоло муовини сарвазири кишвар роҳбарӣ мекард, бозрасӣ карда буд.

Ширкати мустақили бозрасии молӣ бо номи Ernst&Young Бонки Миллии Тоҷикистон ва раҳбари он Муродалӣ Алимардонро он замон дар фиреби тахминан як миллиард доллар муттаҳам карда буд. Ба ақидаи муфаттишони Ernst&Young, дар тӯли чанд сол Алимардонов 856 миллион долларро ба ширкати хусусии «Кредит-Инвест» интиқол дода, сипас ба воситаи он миллионҳо долларро ба муассисаҳои хусусӣ, аз ҷумла, корхонаҳои зери раҳбарии худ ва аъзои оилааш сармоягузорӣ кардааст.

Гузориши Эрнст энд Янг (Ernst and Young) дар саҳифаи интернетии Бонки Миллии Тоҷикистон ҷой дода шудааст, ки бар пояи он манбсадорон натавонистаанд, харҷи 220 миллион доллар сармоягузориҳо дар соҳаи кишоварзиро ташреҳ диҳанд. Барои кишваре, ки буҷети солонааш ба 1,28 миллиард доллар мусовӣ мебошад, ин маблағи бузург аст.

Дар соли 2008 аз аудити Эрнст энд Янг (Ernst&Young), Сандуқи байналмилалии пул Бонки Миллии Тоҷикистонро бо додани маълумоти барғалат аснои гирифтани 47 миллион доллар қарзи ин муассисаи байналмилалии молӣ муттаҳам карда буд. Он замон бонк айбномаро қабул карда, ризоят дод, ки пулро баргардонад.
XS
SM
MD
LG