Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Carbon Tracker аз тамоюли хатарнок дар арсаи истихроҷи нафту газ ҳушдор дод


Яке ба тадриҷ ҷойи дигариро мегирад?
Яке ба тадриҷ ҷойи дигариро мегирад?

Мутахассисони соҳаи энержӣ ҳушдор додаанд, ки коҳиши талабот ба нафту газу ангишт, ҳамроҳ бо боло рафтани риск барои сармоягузорон, мумкин аст, арзиши захираҳои ин манобеи табииро ба маротиб кам кунад ва осеби сахте ба иқтисоди ҷаҳонӣ бирасонад.

Гурӯҳе аз коршиносони Carbon Tracker, як муассисаи таҳқиқотии ғайритиҷоратӣ рӯзи 4-уми июн бо нашри таҳқиқе гуфтанд, мумкин аст, фоидаи арсаи истихроҷи нафту газу ангишт аз се ду ҳисса кам шавад. Муассисаи мазкур масоили мувофиқати бозорҳои молӣ ва сиёсатгузориҳоро барои муқобила бо тағйири иқлим таҳқиқ мекунанд, то яке аз дигарӣ осеб набинанд.

Коршиносони Carbon Tracker ба ин хулоса расидаанд, ки рақобати ҳукуматҳо барои истифода аз фанновариҳо ва манобеи безарар барои муҳити зист ва талоши онҳо барои коҳиши партоби газҳои олудакунанда ба ҳаво, соҳаи истихроҷи нафту газро ба самти “таназзули марговар” мебарад.

Кингсмилл Бонд, коршиноси Carbon Tracker ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтааст: “Таназзули марговар замоне сурат мегирад, ки тақозо ба авҷи худ мерасад. Масалан, тақозои ҷаҳонӣ ба ангишт соли 2013 авҷ гирифт, вале дигар ҳеҷ гоҳ ба ин ҳад нарасид.” Пеш аз хуруҷи бемории СOVID-19 бисёре аз таҳлилгарон пешбинӣ мекарданд, ки тақозо ба нафту газ дар миёнаҳои соли 2020 авҷ мегирад, агарчӣ Оҷонси Байналмилалии Энержӣ ҳадс зада буд, “даҳсолаи нафт” ба поён мерасад.

Вирусе, ки ҳамаро ба ҳам зад

Таназзули иқтисодӣ бар асари маҳдудиятҳои эълоншуда бар асари коронавирус дар саросари ҷаҳон, ки моҳи март оғоз ёфт, ҳаракат ба самти поёни “даҳсолаи нафт”-ро суръат бахшидааст. Кингсмилл Бонд, ки 25 сол машғули таҳқиқи бозори саҳҳом будааст, мегӯяд, “Мумкин аст, ҳоло мо дар умум шоҳиди авҷ гирифтани тақозо ба маводи сӯхтӣ нафтӣ бишавем.” Вале ба гуфтаи ӯ, талаботи пешина ба осонӣ барнамегардад ва ин арса ба зудӣ рушд намекунад ва даромадҳои пешинаро ба даст намеорад. Оҷонси Байналмилалии Энержӣ пешбинӣ кардааст, ки тақозо ба маводи сӯхти табиӣ дар соли 2020 ба сабаби пандемияи коронавирус 8 дар сад кам мешавад.

Кингсмилл Бонд мегӯяд: “Ҳеҷ кас намедонад, ки тақозо дар соли 2021 чӣ қадар мешавад, вале агар нисфи тақозои соли 2019 шавад, дар он сурат арсаи энержӣ 1 дар сад рушд мекунад ва мумкин аст, то соли 2025 талабот ба сатҳи соли 2019 бирасад.” То он замон ба гуфтаи ӯ, истифода аз манобеи безарари табиӣ ба ҳадде мерасад, ки талабот ба нерӯ ва энержиро таъмин мекунад.

Созмони Байналмилалии Энержии Эҳёшаванда моҳи гузашта дар як гузорише гуфт, ки соли 2019 истифода аз батареяҳои офтобӣ ва нерӯгоҳҳои барқи бодӣ 72 дарсади рушди арсаи энержиро ташкил додааст. Таҷрибаҳо нишон додааст, ки вақте технологияҳои нав вориди бозор мешаванд, фанновариҳои пешин рӯ ба “таназзули марговар” меоранд. Агар технологияҳои нав бештар аз 5 дар сади бозорро аз худ кунанд, дигар раванди “таназзули марговар” оғоз меёбад.

Аз байн рафтани даромадҳои хаёлӣ

Айни замон чаҳоряки нерӯи барқи ҷаҳонӣ ба истиснои нерӯгоҳҳои барқӣ аз ҳисоби фанновариҳои навин истеҳсол мешавад. Нерӯгоҳҳои барқӣ, ки бунёдашон сахттару ҷуғрофиёи онҳо маҳдуд аст, ба суръате сохта намешаванд, ки нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ ва ё бодӣ сохта мешаванд.

Ширкати азими энержии Shell имсол даромад барои саҳҳомонашро бори аввал пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум коҳиш дод, ширкати Репсол соли гузашта арзиши дороиҳояшро тақрибан 5 миллиард доллар кам кард ва варшикастагии ширкатҳои зиёде дар арсаи нафткашии Амрико нишон додааст, ки ин арса рӯ ба тағйироти сохторӣ дорад. Бо вуҷуди ин ҳама, ширкатҳои тавлиди нафту газ тахмин мекунанд, ки талабот ба маҳсулоти онҳо зиёд мешавад. Дар воқеъ дар ин арса чанд сол боз аст, ки барои бунёди зербунёдҳо ва таъмини талабот ба нафту газ солона то 5 триллион доллар сармоягузорӣ шудааст. Арзиши иқтисоде, ки пойбанди нафту газу дигар маводи сӯхти табиб аст, тақрибан 32 триллион долларро ташкил медиҳад ва ба гуфтаи муаллифони гузориш коҳиши босуръати талабот барои суботи молӣ дар ҷаҳон хатар эҷод мекунад.

Кингсмилл Бонд мегӯяд: “Ширкатҳои истихроҷи маводи сӯхти табиӣ бо арзиши 18 триллион доллар саҳмия доранд, ки чаҳоряки арзиши тамоми саҳҳом дар бозорҳои ҷаҳониро ташкил медиҳад.” Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2018 гуфт, ки даромад аз истихроҷи нафту газу ангишт дар як давраи 50-сола бештар аз 39 триллион долларро ташкил додааст.

Carbon Tracker ҳисоб кардааст, ки агар тақозо ба маводи сӯхти табиӣ солона ва бар асоси Аҳдномаи Париж то 2 дар сад кам шавад, мумкин аст, даромади ин соҳа то 14 триллион доллар коҳиш ёбад. Дар Аҳдномаи Париж, ки ҳадафаш монеъ шудан ба тағйири иқлим аст, омадааст, ки барои роҳ надодан ба гармоиши ду дараҷаии курраи Замин бояд тақозо ба маводи сӯхт аз қабили нафту газу ангишт ба тадриҷ камтар карда шавад.

Баръакси пешбиниҳо, тавлидгарони ин маводи сӯхт пешбинӣ мекунанд, ки корашон ба маҷрои маъмулӣ бармегардад ва онҳо бештар аз 100 триллион доллар фоида мегиранд. Таназулли соҳа ва коҳиши талабот ба нафту газ бахусус барои кишварҳое хатарнок аст, ки иқтисодашон пойбанди даромад аз ин навъи маводи сӯхт мебошад. Ба мисли Арабистони Саудӣ, Русия ва Ироқу Эрон. Дар таҳқиқи тоза омадааст, онҳое, ки бештар дар баробари ин таназзул осебпазиранд, Венесуэла, Эквадор, Либия, Алҷазоир, Нигерия ва Ангола будаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG