Байден дар ин дидор бори дигар таъкид кард, ки Русия дар ҳамла ба Украина комёб нахоҳад шуд.
Вай ба Зеленский гуфт, Иёлоти Муттаҳида дар ҳама ҳолат бо Украина хоҳад буд.
Чанде пеш аз мулоқот бо Зеленский, президент Байден эълон кард, ки барои пирӯзӣ дар ҷанг ба Украина 8 миллиард доллар ёрии низомӣ хоҳад дод.
Зеленский дар мулоқоташ бо Ҷо Байден ба Иёлоти Муттаҳида барои пуштибонӣ ибрози сипос кард.