Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашраф Ғаниро ба сӯистифода аз имкониятҳои давлатӣ муттаҳам карданд


Бо наздик шудани рӯзи баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Афғонистон рақобат миёни номзадҳо низ сахтар мешавад. Интихоботи президентӣ дар ин кишвари ҷангзада қарор аст, рӯзи 28-уми сентябр баргузор шавад. Гуруҳи Толибон интихоботи президентии Афғонистонро як раванди "фиребанда" хонда ва таҳдид кардаанд, ки ба таври ҷиддӣ монеи баргузории он хоҳанд шуд.

Дар интихоботи президентии Афғонистон 17 номзад иштирок мекунад ва онҳо ҳашт рӯзи дигар ҳақ доранд барномаҳои худро таблиғ кунанд. Ин номзадҳо бо шумули Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, президенти феълӣ ва Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи ҳукумат бо баргузории ҳамоишҳои густурда мехоҳанд, ҷойгоҳи мардумиашонро тақвият диҳанд. Чанде аз номзадҳо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, президенти феълии Афғонистонро ба "сӯистифода аз имконоти давлатӣ" дар маъракаи интихоботӣ муттаҳам карданд. Вале Ғанӣ мегӯяд, ба мунаққидонаш "салом" мефиристад.

Раҳматулло Набил, номзади раёсатҷумҳурӣ ва раиси дастаи интихоботии "Амният ва адолат" дар як ҳамоиши интихоботӣ дар Кобул аз фаъолияти ҳукумати ваҳдати миллӣ интиқод кард ва гуфт, "аз мардум мехоҳад, то интихоботи пешорӯро ба як фурсат табдил диҳанд."

Набил гуфт, "интихоботи қарибулвуқуъро ба фурсате табдил кунем, то ба як буҳрон. Мебинем, ки як теъдоди бузургворон талош доранд, интихоботи 2019-ро ба як чолиш ва ё як буҳрон барои мардуми Афғонистон табдил кунанд."

Гулбиддин Ҳикматёр, ҷангсолори собиқ ва номзади дигар ба мақоми президентии Афғонистон дар як ҳамоиши интихоботӣ дар Ҳирот гуфт, роҳи ҳалли буҳрони Афғонистон рафтан ба интихоботи шаффоф ва одилона аст. Ҳикматёр даъват кард, ки ба райъи додаи мардум эҳтиром гузошта шавад.

Аз сӯи дигар шуморе аз номзадҳои интихоботи президентии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғаниро ба сӯистифода аз имконоти давлатӣ дар корзори интихоботӣ муттаҳам карданд.

Абдулло Абдулло, раиси дастаи интихоботии "Субот ва ҳамгироӣ" рӯзи чаҳоршанбе дар як ҳамоиши интихоботӣ дар Ҷузҷон гуфт, дастаи интихоботии рақибаш "Давлатсоз" аз имконоти давлатӣ сӯистифода мекунад.

У афзуд, "тиме, ки худро ҳарифи мо медонад, аз имконоти давлатӣ сӯистифода мекунад ва мисолҳое бисёр зиёде вуҷуд дорад. Тиме, ки барномае надорад ва барномае, ки ваъда дода буд барои мардуми Афғонистон мусибатнок тамом шудаааст".

Аҳмадвалӣ Масъуд, номзади дигари раёсатҷумҳурӣ низ Ашраф Ғаниро ба сӯистифода аз имкониятҳои давлатӣ дар корзори интихоботиаш муттаҳам кард. "То ҳануз оқои Ғанӣ қатъан ба интихоботи шаффоф ва одилона муътақид нест,"-гуфт Аҳмадвалӣ Масъуд.

Аммо Ашраф Ғанӣ гуфт, ба касоне, ки дар ҳақи ӯ бад мегӯянд "салом тақдим мекунад."

Ӯ гуфт, "касоне, ки маро бад мегӯянд ҷавоби ман хеле содда аст, ассалому алайкум. Салом салом ба касоне, ки намефаҳманд хуб ва чист."

Дар ҳамин ҳол гуруҳи Толибон, ки бахши калоне аз Афғонистонро зери назорат доранд гуфтанд, монеи баргузории интихоботи президентӣ хоҳанд шуд.

Гуруҳи Толибон қаблан бо пахши эъломия, аз афғонҳо хостанд, дар ҳамоишҳои интихоботӣ ва раъйдиҳӣ ширкат накунанд, то дар ҳамлаҳои онҳо осеб набинанд.

Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон мегӯяд, ҳар гурӯҳе, ки мухолифи интихобот аст, талош мекунад то аз тариқи зӯр ба қудрат бирасад, ки ин барои афғонҳо қобили қабул нест.

XS
SM
MD
LG