Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолати Элдар Рязанов сангин арзёбӣ мешавад


Коргардони маъруфи 87-солаи рус, ки аз шоми дирӯз дар бемористон аст, дар шӯъбаи эҳёгарӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Коргардони маъруфи синамо Элдар Рязанов, ки аз шоми дирӯз дар бемористон аст, дар ҳолати сангин қарор дорад. Табибон мегӯянд, ӯ бо нишонаҳои қатъи ҷиддии гардиши хун дар шараёни мағзи сар ба бемористон интиқол ёфт. Дар бемористони пажӯҳишгоҳи ба номи Бурденкои шаҳри Маскав ба хабаргузориҳои русӣ гуфтаанд, ки ҳоло ӯ дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дорад ва ҳолаташ сангин арзёбӣ мешавад.

Рӯзи 18 ноябр ин филмсози маъруфи синамо, ки бештар дар жанри мазҳака кор кардааст, 87-сола шуд. Ӯ муаллифи беш аз 20 филм аст, ки дар замони шӯравӣ ва баъди пошхӯрии он офарида шудаанд. Баъзе аз онҳо ба таври боназокат ва ҳадафмандона мушкилоти ҷомеаи шӯравиро интиқод кардаанд. Ҳарчанд аз нигоҳи мунаққидон, филмҳои Рязанов ба ҳеҷ сурат мухолифи ҳукумати шӯравӣ набудаанд, вале ин ҳунарманди боистеъдод тавонистааст хеле малеҳ ва бомаҳорат масъалаҳои иҷтимоӣ ва ҳатто сиёсии даврони худро ба чолиш кашонад. Яке аз маъруфтарини онҳо “Гараж” ном дорад, ки баҳси сари тақсими гаражҳоро дар мисоли як пажӯҳишгоҳи илмӣ то ба табаддулоти демократӣ мерасонад. Рязанов ҳамчунин дар жанри мазҳакаи сабук, мюзикл ва филмҳои романтикӣ ҳам кор кардааст. Баъди пошхӯрии шӯравӣ вай ба эҷоди филмҳои комедии шадидлаҳн гузашт, ки назар ба филмҳои даврони шӯравӣ, бепардатар ва тундтар буда, ҳамонгуна бомаҳорат гуфта шудаанд. Дар як сӯҳбаташ дар телевизиони марказии Русия ӯ гуфта буд, ки тафовути филмҳои мазҳакавии даврони имрӯз ва шӯравӣ дар маҳорати азими тақдими масоили мушкил аст: “Имрӯз бошад, аз гуфтани фаҳшу ба забон овардани ҳақорат намешарманд, ки ин ҳунар буда наметавонад”, гуфтааст ӯ. Элдар Рязанов ҳамчунин машқи шеър ҳам карда, дар баъзе филмҳояш ашъори худро ба оҳанг даровардааст. Филмҳои ӯ рамзи даврони шӯравӣ шинохта шуда, беш аз 30 сол аз мазҳакаи романтикии ӯ дар остонаи соли нав намоиш дода мешавад.

Ӯ аз афроди бедорфикру ошкоргӯ ба ҳисоб рафта, бо вуҷуди қаробаташ бо ҳукуматҳои вақт, ҳамеша тавонистааст як шахсияти мустақил бимонад. Ӯ аз тарафдорони президенти собиқи Русия Борис Елтсин буд ва солҳои охир аз сиёсати Владимир Путин ошкоро интиқод кардааст. Аз ҷумла, вай ҳамлаи Русия ба Украинаро шадидан ба боди танқид кашида, зери номаи маҳкумкунандаи ин амали Кремлин, ки аз ҷониби кормандони соҳаи синамо ва театри Русия таҳия шудааст, имзо гузоштааст.

Элдар Рязанов дар оилаи дипломати шӯравӣ таваллуд шуда, муддате бо волидонаш дар Теҳрон зиндагӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG