Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми «Хон Манас» дар Бишкек


Сабқати Ҷоми Манас дар Қирғизистон
Сабқати Ҷоми Манас дар Қирғизистон

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо барои Ҷоми “Хон Манас” дар Бишкек ҳашт медал ба даст оварданд.

Дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо барои Ҷоми “Хон Манас” байни гуштигирони солҳои таваллудашон 1995-1997, ки рӯзҳои 23-24-уми декабр дар Қасри варзиши ба номи Кожомқули пойтахти Қирғизистон – Бишкек - баргузор шуд, ҳашт медал (4 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки барои бори панҷум барпо гардид, 180 нафар аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Эрон ширкат доштанд. Занон дар 7 вазн ва мардон дар 8 вазн рақобат карданд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Аҳтам Раҷабов, сармураббии бошгоҳи варзишии “Вастан”, рӯзи 25-уми декабр хабар дод. Ба гуфтаи ӯ дар сабқати занон Мавлуда Саъдуллоева дар вазни 52 кило бо медали нуқра ва Фазилат Гулбоева дар вазни 57 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Дар сабқати мардон Салман Раҳмихудоев дар вазни 66 кило, Ҳамроҳ Раҷабов дар вазни 73 кило ва Ғиёсиддин Раҷабзода дар вазни 81 кило бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд. Се нафари дигар - Меҳроҷ Ғафуров дар вазни 60 кило, Рашиди Шодибек дар вазни 90 кило ва Рауф Зиёбеков дар вазни беш аз 90 кило барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Аҳтам Раҷабов афзуд, “ду нафар – Ҳамроҳ Раҷабов ва Ғиёсиддин Раҷабзода - аз вилояти Суғд, 6 нафари дигар аъзои бошгоҳи варзишии “Вастан” аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Дарвоз, Шуғнон ва Рӯшон мебошанд.”

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Қирғизистон бо касби ҳашт медали тилло (шаш - мардон, ду - занон) ғолиб шуд ва бо Ҷоми “Хон Манас” сарфароз гашт. Варзишгарони Қазоқистон, ки шаш медали тилло гирифтанд, дувум шуданд. Мунтахаби Русия бо як медали тилло дар ҷойи севум қарор гирифт.

Дар рақобатҳои инфиродӣ миёни занон дар вазни 44 килограмм Бейшенаалӣ қизи Бегай, 52 кг – Нозима Амонтурова, 63 кг – Элмира Акишева, беш аз 70 кг – Айжан Қодирбекова (ҳама аз Қирғизистон) ва дар вазни 48 кг Молдур Нурматова, 57 кг – Акерке Мурзабек, 70 кг – Динара Кусайин (ҳарсе аз Қазоқистон) ғолиб шуданд.

Дар сабқати мардон дар вазни 50 кг Тилек Абакиров, 55 кг - Сагинбой уулу Баяман, 66 кг - Алтинбек уулу Алмаз, 90 кг – Азамат Бектурсунов (ҳарчор аз Қирғизистон), дар вазни 60 кг Бауржан Жаунтаев, 73 кг – Рамазон Тауба, 81 кг – Бекарис Гайнулла (ҳарсе аз Қазоқистон), беш аз90 кг – Сослан Икоев (Русия) ҷойҳои аввалро гирифтанд.

XS
SM
MD
LG