Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарони назди консулгарии Чин дар Алматоро ба дохил роҳ надоданд


Як гуруҳ аз сокиноне, ки давоми чанд соли ахир талаб мекунанд, наздиконашон аз боздоштгоҳҳои Чин озод шаванд, 28 май бори дигар кушиш карданд ба консулгарии Чин дар шаҳри Алматои Қазоқистон ворид шаванд.

Кормандони пулиси Алмато нагузоштанд, ки сокинон ба консулгарӣ наздик шаванд. Намояндаи шаҳрдории Алмато ба назди онҳо рафта, гуфтааст, таҷаммуашон ғайриқонунӣ аст ва бояд пароканда шаванд.

Сокинон гуфтаанд, танҳо баъд аз шунида шудани талабҳояшон пароканда мешаванд. Аз консулгарии Чин касе ба назди онҳо набаромадааст.

Гавҳар Курманалиева, яке аз таҷаммуъгарон ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, аз мақомоти Қазоқистон талаб дорад, ки дар раҳоии бародараш Аскар Озодбек кумак кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, бародараш соли 2017 аз Чин ба Қазоқистон рафта, шаҳрвандии он кишварро дарёфт кард, вале баъди чанд моҳ дар марз бо Чин бедарак шуд. Курманалиева мегӯяд, мақомоти Чин бародарашро 22 сол зиндонӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG