Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Фонблок - телефони "абадӣ"?


Ҳар кас мехоҳад, соҳиби навтарину ҷолибтарин телефон бошад, вале ҳар се моҳ шаклу тавоноии телефонҳо тағйир мекунад. Чаро телефоне нест, ки якумрӣ бошад?

Навтарин телефони ҳушманди ҷаҳон ҳанӯз сохта нашудааст, аммо садҳо ҳазор нафар гуфтаанд, ки омодаанд, онро бихаранд.

Бо эълони ин телефони нав, ки Фонблок ном дорад, тарроҳи ҳолландӣ Дейс Ҳаккенс мехоҳад бозори телефонҳои ҳушмандро чаппа кунад. Пешниҳоди ӯ сода аст: бояд ба муштарӣ ин имконро дод, ки бахши асосии телефони худро нигоҳ дошта, қисмҳои муайяни он – шишаи рӯ, гӯшӣ, батареяи нерӯ, ҳофиза, дурбин ва ғайраро иваз карда тавонад. Шабеҳи бозичаҳои “Лего”, ки кӯдакон қисмҳои онро ҷудо ва бо қисмҳои дигар иваз мекунанд.

Талоши сохтани телефони "абадӣ"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00
Линки мустақим


Андешаи телефони доимие, ки танҳо қисматҳои он тағйир мекунанд, ба ақидаи Ҳаккенс, партовҳои электронии ҷаҳонро, ки ҳамарӯза дар ҳоли афзоишанд ва ҳам харҷи муштариёнро ба мароиб коҳиш хоҳад дод.

Дар ин огаҳии виеоии худ дар шабакаи Ютюб, ки онро аллакай наздик ба 15 миллион нафар дидаанд, Ҳаккенс мегӯяд: "Ҳар рӯз мо миллионҳо дастгоҳи электрониро, барои он ки кӯҳна ва фарсуда шудаанд, мепартоем. Аммо, дар асл, танҳо яке аз қисматҳо сабаб шуда, бақияи дастгоҳ хуб кор мекунад, вале барои он партофта мешавад, ки бо ҳадафи истифодаи доимӣ тарроҳӣ нашудааст.”

Ҳаккенс иддао дорад, ки Фонблоки ӯ ба муштарӣ имкон медиҳад, дастгоҳашро бино бар зарурат ва дар фурсати даркорӣ қисм ба қисм иваз кунад: "Фарз кардем, ин телефони Шумост ва мехоҳед, захираи неруи он бузургтар бошад. Чаро нашавад батареяи калонтар насб кард? Аммо агар Шумо суратгириро дӯст медоред, чаро нашавад дурбини қавитар гузошт? Ё агар ба ин ҳама майл надоред, метавонед аз онҳо даст кашеду гӯшаки садоро қисмати асосӣ кунед?”

Вале барои амалӣ кардани ин тарҳ Ҳаккенсро зарур аст, сармоягузорон, муҳандисон ва тавлидкунандагонро ба ҳам орад. Ба ин хотир ӯ аз сафҳаи "Thunderclap", як пойгоҳи ҷалби ҳимояти ом, истифода кардааст. Ин сафҳа бо муттаҳид кардани шабакаҳои Twitter, Facebook ва Tumblr ҳимояти корбарони онҳоро гирдоварӣ намуда, дар рӯзи муайян мисли як “таркиши иҷтимоӣ” якбора пахш мекунад.

То шоми 26-уми сентябр, дар ин ҷо қариб 814 ҳазор нафар пуштибонии худро аз пешниҳоди Ҳаккенс нишон додаанд. Интизор меравад, дар як моҳи гирдоварии имзоҳо шумораи тарафдорони Ҳаккенс ба 300 миллион нафар расад.




Таҳлилгарон мегӯянд, тарҳи Фонблок воқеӣ ба назар мерасад, аммо тағйир додани шеваи феълии истеҳсоли телефонҳои ҳушманд кори осон нест.

Дар як посухи имейлӣ, Лора Рамберт, коршиноси саноати мобилӣ дар Сан-Франтсиско идеяи Фонблокро “олӣ” номид ва афзуд телефонҳои ҳушманд “пур аз барномаҳои қимате ҳастанд, ки кам касон онҳоро истифода мебаранд.” Аммо ин андеша замоне озмуда хоҳад шуд, ки “чунин телефон чӣ хел ламс мешавад, чӣ қадар вазн дорад ва агар аз дастатон афтод, чӣ мешавад?” Хонуми Ламиберт илова кард, ки аз сӯе ҳам ризоияти ширкатҳои иртиботи мобилӣ зарур хоҳад шуд.

Ба ҳамин маънӣ таҳлилгари саноати фанновариҳои иттилоотии Амрико, Ҷеф Каган, гуфт, “Фонблок” як “пешниҳоди хуб ва навоварона” аст, вале ба чунин шева иваз кардани тарзи кори соҳаи телефонҳои ҳушманд, агар аслан имконпазир бошад, талошҳои азимеро талаб хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG