Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдорӣ: Иттиҳом алайҳи "Тоҷсохтмон байналмилал" марбут ба худи ширкат аст


Як мақоми шаҳрдории Душанбе мегӯяд, иттиҳомоти изофанависӣ дар сохтмони «Душанбе-Плаза» ба ҳукумати пойтахт рабте надорад.

Оҷонсии зидди коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 23-юми июл ширкати «Тоҷсохтмон байналмилал»-ро, ки марбут ба соҳибкори боздоштшуда Зайд Саидов ва хешовандонаш мебошад, дар изофанависиву азхудкунии маблағ муттаҳам кард. Оҷонсӣ гуфт, ки ин ширкат дар давоми чор соли фаъолияташ 38 миллион сомонӣ, муодили қариб 8 миллион долларро аз давлат пинҳон доштааст. Ва яке аз тарҳҳое, ки ба бовари оҷонсӣ мавриди тақаллубкории молӣ қарор дода шудааст, сохтмони азими муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза” мебошад, ки моли шаҳрдорӣ аст. Дар иттиҳоми оҷонсӣ гуфта мешавад, ки барои сохтмони “Душанбе Плаза” ширкати “Тоҷсохтмон байналмилал» 184,8 миллион сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ сарф карда, бо истифода аз изофанависӣ ва ноҷо истифода кардани масолеҳи бинокорӣ 11.9 миллион сомониро аз худ кардааст.

Дар як нишасти матбуотии рӯзи 26 июл Бурҳон Назаров, муовини раиси шаҳри Душанбе дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ки ин иттиҳом марбут ба ширкат буда, "қарз миёни пудратчӣ ва молрасон аст ва ба корфармо, яъне ба Ҳукумати шаҳри Душанбе марбут нест."

Ҷаноби Назаров афзуд, ки "бо он ки ҳукумати шаҳри Душанбе фармоишгари ин иншоот буд, аммо камбуди маблағе, ки тавассути Оҷонсии мубориза бо фасод ошкор кард, баҳси фармоишгар нест".

Айни замон, Маҳмадраҷаб Ҳанафӣ, сухангӯи Ожонси зидди фасод рӯзи 26 июл ба Озодӣ бо таъиди ин хабар гуфт, “Тоҷсохтмон байналмилал” тайи се соли гузашта дар 17 иншоот 369,7 миллион сомонӣ харҷ кардааст, ки дар 4 иншооташ аз ҳисоби буҷаи шаҳри Душанбе 202,5 миллион сомонӣ истифода шудааст. Дар як мавриди гузориши оҷонсии зиддифасод гуфта мешавад: «Масалан, ба ҷои паркети чӯбии бадеӣ фанери пастсифати фишурдашуда истифода шудааст, нархаш чанд маротиба бештар аз нархи бозор нишон дода шудааст».

Маҳмадраҷаб Ҳанафӣ гуфт, дар сохтмони «Душанбе Плаза» ба нишон додани нархҳои барзиёд ба буҷаи шаҳри Душанбе 4,7 миллион сомонӣ, ё қариб 1 миллион доллар зиён ворид карда, ҳамчунин дар пардохти музди коргарони ин сохтмон низ ба изофанависӣ роҳ дода, дар натиҷа 5,6 миллион сомониро ҳамчун хароҷоти беасос дар ҳисобҳои худ пинҳон доштаанд.

Дар ҳоле, ки мавқеи Зайд Саидови боздоштшуда ба гузориши нави оҷонсӣ маълум нест, дар гузашта ӯ тамоми иттиҳомоти зидди худро дар заминаи фасоду бисёрҳамсарӣ ва ҳам таҷовуз ба номус рад кардааст.
XS
SM
MD
LG