Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кенгуруи чехӣ дар Боғи ҷонварони Душанбе маскан хоҳад гирифт


Дар ин замина масъулини боғҳои вуҳуши Душанбе ва шаҳри чехии Ҳлубока над Влтавоу музокира мекунанд.

Боғҳои ҷонварони Душанбе ва шаҳри Ҳлубока над Влтавоу (Ҷумҳурии Чех) ният доранд, аз роҳи табодул, шумор ва навъи ҷонваронро дар боғҳои худ афзоиш диҳанд. Душанбе мехоҳад як ҷуфт хирси нохунсафеди тоҷикиро бо ду ҷуфт кенгуру табдил кунад. Масъулини боғи вуҳуши Чех ба Тоҷикистон навъи кенгуруи мушшакл ё кенгуруи гардансурхро барои интихоб пешкаш мекунанд.

Тибқи иттилои раиси Боғи ҷонварони Душанбе Қурбон Одинаев, дар фурсати наздик онҳо мунтазири ташрифи масъулини боғи чехӣ аз шаҳри Ҳлубока над Влтавоу мебошанд, то ки шарту шурути музокиротро баррасӣ кунанд. Музокироти табдили ҷонварон бар тибқи оинномаи Эътилофи боғҳои ҷонварон ва аквариумҳои АвруОсиё ҷараён дорад, ки ба узвияти он Тоҷикистон ҳам шомил аст.

Айни замон, як масъули боғи вуҳуши шаҳри Ҳлубока над Влтавоу дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки аз ҳамкорӣ бо ҷониби Тоҷикистон умеди зиёд дорад. Иван Кубат, як масъули шӯъбаи зоологияи ин боғи ҷонварони чехӣ гуфт:

  • Дар боғи мо хирси нохунсафед вуҷуд надорад ва мо бисёр мехоҳем, ки ин навъи ҷонвари нодирро, ки ба Китоби Сурх ворид шудааст, ба Ҷумҳурии Чех биёрем. Бояд гуфт, ки дар масъалаи табдили ҷонварон аслан мушкиле буда наметавонад. Танҳо масъалае, ки пеши мо аст, ин аст, ки интиқоли хирсҳо ба Аврупо кори осон нест. Пеш аз ҳама аз он сабаб, ки ин ҷонвари нодир буда, таҳти ҳимояти қонунҳои байналмилалӣ ва CITES – эъломияи тиҷорати байналмилалии навъҳои нодири ҷонварону наботот қарор доранд. Тоҷикистон зери ин санад имзо нагузоштааст, ва ин маънои онро дорад, ки дар ҷараёни интиқоли хирсҳо мо бояд санаду мадраки хеле зиёд таҳия кунем. Дар навбати худ, Кумитаи ҳифзи табиати Тоҷикистон гуфтааст, ки дар таҳияи санадҳо кӯмак хоҳад кард, - гуфт Иван Кубат.

Иван Кубат гуфт, ки боғи вуҳуши шаҳри Ҳлубока над Влтавоу асосан ҷонварони Аврупоӣ, Осиёи шимолӣ, Чин ва қаламрави шӯравии собиқро гирдоварӣ кардааст ва дар оянда ҳам ният дорад, навъҳои бештару рангинтари ҷонварон, мисли бабри амуриро оваранд. Вай гуфт, то имрӯз ҳамкории ин боғ бо муассисаҳои ҳамсони ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ муваффақ будааст ва онҳо умедворанд, ки ҳамингуна ҳамкории хубе миёни онҳо ва Душанбе ба роҳ монда мешавад. Ба қавли ӯ, ҷараёни музокироту шарту шурути табодули ҷонварон бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол, масъулини боғи ҷонварони Душанбе дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ мегӯянд, мутахассисони онҳо омода ҳастанд “бо тамоми масъулият шароити нигаҳдошт ва парастории ҷонварони навро таъмин кунанд”. Соле пеш матбуот ҳодисаи марги баҳмутеро баррасӣ мекард, ки аз боғи Шимкенти Қазоқистон тобистони соли 2011 оварда шуда, баъди ҳафт моҳ даргузашт. Мунаққидон ба шарҳи расмии масъулини боғи ҷонварон шубҳа карданд, ки гуфтанд, таҳқиқи мутахассион нишон дод, ки баҳмути ҳафтсола Турсунбой аз дарди дил даргузашт.

Қурбон Одинаев, раиси боғи ҷонварон мегӯяд, ки бисёр мунаққидон далелҳои табииву илмии мутобиқати организми ҷонваронро ба иқлиму муҳити наву ноошно ба эътибор намегиранд. “Ҳатто инсон ҳам дар иқлим ва табиати барояш наву бегона ҷараёнҳои адаптатсия ва реабилитатсияро мегузарад, ҷонварҳо ҳам ҳамчунин. Ин чизро нодида гирифта намешавад”, гуфт ӯ.

Ҳоло дар боғи ҷонварони Душанбе беш аз 800 сар навъҳои гуногуни паррандаву хазандаҳо нигаҳдорӣ мешаванд.

Масъулини Боғи ҷонварони пойтахт мегӯянд, ки умедворанд, музокироти онҳо бо сафорати Ҳинд ҳам натиҷаи хубе ба бор меорад ва базудӣ сокинони Тоҷикистон метавонанд барои дидани фил ҳам ба ин боғ ташриф оранд.

XS
SM
MD
LG