Дастаи «Душанбе-83», ки дар бозии ҷавобии чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бар тими «Файзканд» -и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ҳамакнун «Душанбе-83» дар нимфинал бо “Истиқлол”-и Душанбе рақобат мекунад.
Бозии ҷавобии чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни «Душанбе-83», дастаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон, ва «Файзканд» -и ноҳияи Восеъ, тими лигаи дуюм, 10-уми сентябр дар шаҳри Душанбе, дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор шуд. Голи ягонаро Элчибек Рашидбеков дар дақиқаи 59-ум ба самар расонд. Бозии аввал низ бо ҳисоби 1:0 ба нафъи «Душанбе-83» ба поён расида буд.
Ҷоми Тоҷикистон
1/4 финал. Бозии ҷавобӣ
«Душанбе-83» (Душанбе) – «Файзканд» (Восеъ) – 1:0
Гол: Элчибек Рашидбеков, 59.
Огоҳонида шуданд: Бенҷамин Асамоа, Иззатулло Рӯзиев, Бобури Абдулаҳатзода, Дилшод Расулов, Коленс Адухеней («Душанбе-83»), Валиҷон Ҳотамов, Анушервон Наврӯзов («Файзканд»).
Аз майдони хориҷ шуд: Авуку Калеб («Душанбе-83»), 84 – корти 2-юми зард.
Беҳтарин бозигари дидор: Руслан Тиллоев («Душанбе-83»).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
10 сентябр. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 тамошобин.
Бозии аввал – 1:0.
Ёдовар мешавем, дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки 8-уми сентябр дар варзишгоҳи «Авиатор»-и шаҳри Душанбе дар бозии ҷавобии чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бар тими «Локомотив-Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 6:0 пирӯз шуд, аввалин шуда ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Бозии аввал низ бо ғалабаи “Истиқлол” бо ҳисоби 4:3 хотима ёфта буд. Ба ин тартиб, “Истиқлол” дар даври ниманиҳоӣ бо «Душанбе-83» рақобат мекунад.
Боз як бозии ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Барқчӣ»-и Ҳисор рӯзи якшанбеи16-уми сентябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд соати 16:00 шуруъ мешавад. Бозии аввал миёни ин ду даста бо пирӯзии “Хуҷанд” бо ҳисоби 2:0 ба поён расида буд.
Инчунин дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки дар бозии аввали чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 23-юми август дар меҳмонӣ тими «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 3:0 шикаст дода буд, барои ба нимфинал баромадан заминаи устувор гузоштааст. Ғолиби ин ҷуфт, ки баъди бозии ҷавобӣ маълум хоҳад шуд, дар нимфинал бо ғолиби ҷуфти «Хуҷанд» ва «Барқчӣ» рақобат мекунад.
Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи 20-уми октябри имсол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат, ки барои тамошобинон 25 ҳазор ҷойгоҳ дорад, доир хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2018 ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2019 даст меёбад.
Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 27-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – шашборӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Хуҷанд”-и Хуҷанд чаҳор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.
Соли гузашта дастаи “Хуҷанд” дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки 2-юми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, тими “Истиқлол”-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода буд.
Мо Точикони дунë бояд муттахид шавим вагарна моро дар танхои охиста охиста нобуд мекунанд. Ахамад Шох Масуд. Душманат чор тараф хонагию ачнабианд, Тани танхо ба чи неру сафи агëр шиканам.
Махалпарасти бадб.ахти оварад Махалпарасти ба нести оварад Махалпараст машав,миллатдуст шав. Миллатдусти хушбахти оварад
Биёед ҷони гапро занем. Маҳалгароӣ ба дараҷаи олӣ ҳастем. Лекин як миллат нестем. Ҳеҷгоҳ сарҷамъ нестем. Ғайри имкон аст,ки Бадахшониҳо,Суғдиҳо, Кӯлобиҳо, Қаротегиниҳо ва ғайра як миллат бошанд. Чаро? Бо якдигар дӯсту бародар нестем. Ба якдигар раҳм надорем. Кадомеро пурси мегӯяд ман зӯрам айби ман нест. Дур назар накунед афғону эрониву ӯзбеку қирғизу қазоқро бинед. Оё мо ягон давру замон сарҷамъ ва як миллат мешавад? Ё на мусалмони ҳақиқи ва на кофири мутлақ мемонем???
Кор то дарачае расидааст ки рохбарони дарачаи поёни низ аз нигохи махал тайин мегарданд. Масалан директори бозори марказии ш. Истаравшан аз кадом як минтакаи чануб таин гардид . Дар рузи якуми кори тамоми кормандони пештараро аз кор ронда , гирди худ хешовандонашро чамъ намуд. То хатто назоратчиёну посбонони бозор хама хешовандони раисанд.
Чи чавоб метем? Вакте ки карздорем, Вакте ки коррупция экономикара фалач кардааст, вакте ки махалгарои ва хешу туборбози дар сатхи баланд аст, вакте ки хукумат бо халк дар як радиф нест, вакте ки бекори авч кадааст, Вакте ки халк барои нони даханша ёфтан якта якта не, гуфти у гап кабила кабила ба мухочират рафтесан, аз кадом чихат ба хитой истодагари мекуне????? Хитой уже аз паи рох кушои дар коинот аст акам. Мо холо чои кори муносиб офарида наметонем, халкро дар айни сармо бо барк таьмин када наметонем.