Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Оҷонсӣ: "Бозгашти муҳоҷирон қочоқро бештар мекунад"


Мақомоти тоҷик ҳушдор доданд, ки бозгашти рӯзафзуни муҳоҷирон ва кам шудани интиқоли маблағҳо аз Русия, метавонад боиси афзоиши қочоқ ва ҳамчунин истеъмоли маводи мухаддир дар Тоҷикистон дар соли равон шавад.

Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди президенти Тоҷикистон афзоиши бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба кишвар ва камшавии интиқоли маблағҳоро, яке аз омилҳои асосии афзоиши қочоқи маводи мухаддир дар кишвар хонд.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир рӯзи 18 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ниҳод дар як гузориши таҳлилии фарогири худ оид ба вазъи нашъамандӣ дар кишвар, аз афзоиши қочоқ ва истеъмоли маводи мухаддир дар Тоҷикистон ҳушдор дод, ки бозгашти давомдори муҳоҷирони корӣ аз Русия ва камшавии интиқоли маблағҳо, яке аз омилҳои аслии он ба шумор мераванд.

Дар гузориши Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки аз 120 саҳифа иборат аст ва рӯзи гузашта дар вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо ширкати дипломатҳои муқими Душанбе ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд, омилҳои аслии афзоиши маводи мухаддир дар соли равон дар Тоҷикистон, пешгӯӣ шудаанд.

Бозгашти давомдори муҳоҷирони корӣ аз Русия ва камшавии интиқоли маблағҳо, инчунин рӯ ба афзоиш ниҳодани истеҳсоли маводи мухаддир дар соли 2015 дар Афғонистони ҳамсоя, аз ҷумлаи ин омилҳо гуфта шудаанд. Тибқи ин гузориш, шумораи ҷиноятҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир дар кишвар назар ба дигар намуди ҷиноятҳо бештар шудааст. Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, афзоиши қочоқи навъи “бангдона” ва мусодираи “афюн” ва “ҳероин” дар дохили кишварро аз омилҳои дигар бармешуморад.

Дар ин гузориш аз ҷумла омадааст, ки нархи 1 кило “афюн” дар соли 2011 ба 180 доллар расид, ки дар давраи солҳои 2005-2014 ниҳоят қимати баланд ҳисоб меёфт. Солҳои охир бошад аз ҳисоби баланд шудани истеҳсоли он, нархи афюн паст шуда, дар соли 2014 нархи миёнаи 1 кило афюни тоза ба 114 доллар баробар шуд, ки нисбат ба соли 2013, бист дарсад камтар шудааст. Дар соли 2013, 1 килои он 143 доллар қимат доштааст.

Оҷонсӣ ҳамчунин аз афзоиши он теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон хабар дод, ки дар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил барои со­дир намудани ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир, боздошт шудаанд. Тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои созмонёфтаи байниминтақавӣ ва фаромиллӣ, яке аз омилҳои дигари афзоиши қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон будааст.

Барои пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир Оҷонсӣ зарурати такмили механизми расмигардонии маблағҳои аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба даст омадаро, пешниҳод намудааст. Ҳамчунин Оҷонсии зидди қочоқи маводи мухаддир пешниҳод кардааст, ки шумораи амалиётҳои муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон алайҳи қочоқчиёни маводи мухаддир, бештар шаванд.

XS
SM
MD
LG