Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷиҳод" рафтани 113 хонаводаи тоҷик


"Мактаб"-и фарзандони ҷангиёни хориҷӣ дар Сурия
"Мактаб"-и фарзандони ҷангиёни хориҷӣ дар Сурия

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, шумори ҷангиёни тоҷик дар Ироқу Сурия ба 651 нафар мерасад. 113 нафари онҳо хонаводагӣ ба ҷанг рафтаанд.

Мақомоти Тоҷикистон омори нав дар бораи ҳузури шаҳрвандони кишвар дар ҷангҳои хориҷиро эълон карданд ва гуфтанд, ки то кунун 651 нафар ба хориҷ, ба хусус Сурияву Ироқ рафта ва ба сафи гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ пайвастаанд. Давлат Ҷумъаев, муовини дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, рӯзи 29-уми сентябр дар як нишаст гуфт, ҷавонони тоҷик ҳатто дар ҷангҳои Яман ҳам ширкат мекунанд. Ӯ ҳамчунин гуфт, то кунун як гурӯҳи махсусе, ки барои ҷамъоварии ингуна иттилоъ дар додситонии кулли Тоҷикистон таъсис ёфтааст, маълум кард, ки “теъдоди оилаҳое, ки бо мақсади ҷиҳод ва иштирок дар гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ ва экстремистӣ ба берун аз кишварамон рафтаанд, то имрӯз 113 оиларо ташкил медиҳанд. Ҳайати ин оилаҳо аз 119 нафар мард, 117 нафар зан, 70 нафар духтар ва 92 писар иборат аст.”

Муовини дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар ин бора дар нишасте дар мавзӯи мубориза бо ифротгароӣ дар шаҳри Душанбе сӯҳбат кард. Ба гуфтаи мақомот, то кунун тақрибан 200 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ кушта шудаанд. Давлат Ҷумъаев ҳамчунин дар бораи сарнавишти бештар аз 3 ҳазор донишҷӯи тоҷики сӯҳбат кард, ки аз мадрасаҳои хориҷӣ баргардонда шуданд.

Сӯҳбати Давлат Ҷумъаевро инҷо тамошо кунед:

"Ҷиҳодӣ ва террорист" шудани 113 хонаводаи тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

XS
SM
MD
LG