Пайвандҳои дастрасӣ

Дар як ҷамоати деҳоти ноҳияи Ашт тахминан 100 нафар, аксар кӯдакон гирифтори бемории зардпарвин шудаанд. Дар ин замина мақомоти маҳаллӣ ва ҳам масъулини соҳаи беҳдошт изҳори нигаронӣ мекунанд. Дар ҷамоати деҳоти Пунук корҳои безараргардонии обу ташнобҳо ҷараён дорад.

Дар танҳо як ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт, дар шимоли Тоҷикистон наздики 100 нафар бо нишонаҳои бемории сироятии зардпарвин сабтином шудаанд. Аксари онҳо кӯдакони 5-6-сола мебошанд. Маркази беҳдоштӣ мегӯяд, гурӯҳи табибон, ки дар миёни

Нишонаҳои зардпарвин на танҳо дар деҳоти Ашт, балки дар ноҳияҳои Конибодом, Мастчоҳ, Исфара ва Ҷаббор Расулов ҳам ошкор шудааст. Дар маҷмӯъ дар Суғд дар соли ҷорӣ 5500 нафар гирифтори зардпарвин шудаанд

онҳо сироятшиносон ҳастанд, дар ин деҳот корҳои безараргардониро анҷом медиҳанд.

Саида Ғафурова, котиби раиси ҷамоати Пунук рӯзи 18 сентябр дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки табибон манобеи обӣ ва ҳоҷатхонаҳои маҳаллаҳо ва хонаҳои сокинонеро, ки дар он сироятшудаҳо ошкор шудаанд, бо роҳи васоили тиббиву кимиёӣ безарар мегардонанд. Саида Ғафурова гуфт, ки “аксари беморони зардпарвин кӯдакони то 5 - 6 сола ҳастанд ва калонсолон – ангуштшуморанд”.

Ба гуфтаи ӯ, табибони сироятшинос ба сокинон машварат медиҳанд, ки ба ҳеҷ сурат оби равон ва ноҷӯшидаро нанӯшанд, пеш аз истифодаи дегу табоқ онро бо оби ҷӯшида безарар гардонанд ва ба ҳеҷ сурат оби ҷӯйро ба даҳон набаранд. Қабл аз истеъмоли об ва дигар анвои ғизо дастони худро бо собун тоза бишӯянд ва меваю сабзавоти ношустаро истеъмол накунанд. Таъмини мактаб ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо оби нӯшокии тоза ва ҷӯшонидашуда тавсия шудааст.

“Табибон беморонро рӯйхат карда, баъзеҳоро дар беморхонаи маҳаллӣ бистарӣ намуданд. Баъзе баморон дар хона табобат мегиранд ва табибон аз ҳоли онҳо хабар мегиранд”, гуфт Ғафурова. Ба гуфтаи сокинон, нишонаҳои зардпарвин дар организми беморон асосан дар давоми моҳи охир ошкор шудааст.

Табобат дар хона ва зери назари табибон

Иззатой Мирзоаҳмадова, сокини деҳаи Пунук дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, набераи 2-солааш Сабина мубталои зардпарвин шуда, 20 рӯз боз табобат доранд. Ӯ афзуд, баъди ошкор шудани нишонаҳои беморӣ ба табибон муроҷиат карданд ва ҳамаи онҳоро ташхис карда, вале хушбахтона, дар дигарон бемории зардпарвинро ошкор накардаанд.

“Мо набераамро дар хона табобат мекунем. Чунки вақти зард шудани ӯ ман худам дар беморхонаи маркази ноҳия бистарӣ будам, бемории қалбамро табобат мекардам. Падари ин набераам дар муҳоҷирати корӣ дар Русия аст, имкони ду беморро дар бемористон бистарӣ кардан надоштем. Табибон маслиҳат доданд, ки Сабинаро парҳез кунонем ва хӯроки сабуки моеъ диҳем. Ташхиси ахир нишон дод, ки хунаш тоза ва ҳолаш хуб шудааст.”

Кӯчае дар маркази ноҳияи Ашт
Кӯчае дар маркази ноҳияи Ашт

Исматулло Абдуллоев, табиби сироятшинос дар беморхонаи ҷамоати Ориён, ки беморони зардпарвин аз ҷамоати Пунук низ дар он ҷо табобат мегиранд, мегӯяд, дар 2 моҳи охир ҳудуди 40 нафар бемори зардпарвинро бистарӣ намуданд. “Баъзе беморон дар хонаҳояшон табобат гирифта истодаанд. Барои ҳамин ба маркази беҳдошт муроҷиат кардем ва корҳои безараргардониро ба роҳ монданд. Ғайр аз ин духтурони сироятшинос ва беҳдоштӣ байни мардум суҳбату маърӯзаҳо карда, роҳҳои эҳтиёт аз ин бемориро фаҳмонида истодаанд.”

Бемории дастори ифлос дар манотиқи дигари Суғд

Ба гуфтаи табибони вогиршиноси Суғд, нишонаҳои хуруҷи зардпарвин ахиран на танҳо дар деҳоти Ашт, балки дар ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Деваштич ҳам ошкор шудааст. Биноба омори мақомоти беҳдоштӣ, дар маҷмӯъ дар Суғд дар соли гузаштаи 2016 беш аз 4500 нафар гирифтори зардпарвин шудаанд.

Рустамҷон Собиров, мудири шуъбаи вогиршиносӣ дар маркази беҳдоштиву вогиршиносии Суғд ба Радиои Озодӣ мегӯяд, дар 8 моҳи аввали соли равон ҳудуди 1400 бемори зардпарвинро ба қайд гирифтанд ва ҳоло табибон вазъро таҳти назорат доранд.

Дар 8 моҳи аввали соли 2016 зиёдтар ва ҳудуди 1700 нафар бемори зардпарвин шудаанд. Ӯ афзуд : “Бемории зардпарвин, Гепатити “А”, ки сокинони мо гирифтор мешаванд, шакли сабуки ин беморӣ аст. Дар сурати зуд маълум ва табобат кардан бемор ба зудӣ сиҳат меёбад. Тақрибан дору ҳам даркор нест, парҳез кифоя аст. Аммо агар муҳлати табобати беморӣ гузарад, шакли музмин мегирад ва ҷигар ва узвҳои ҳозима бемор мешавад. Ин бад аст, ки зиёни онро одам то охири умр мекашад.”

Ба қавли ин табиби сироятшинос, ангезанда ё вируси зардпарвинро “ваҳшӣ” меноманд ва он дар табиат мавҷуд аст. Тавассути об ё шахси бемор паҳн шудани он мумкин аст, бинобар ин дар сурати ошкор шудани беморӣ табибон манзилу манобеи обу ташнобро бо маҳлули махсус ва хлор безарар мегардонанд. Табибони маҳаллӣ мегӯянд, кӯдакони ҷамоати Пунуки ноҳияи Ашт аз нӯшидани оби ноҷӯшида гирифтори зардпарвин шуда, ба якдигар гузаронидаанд:

“Чунки одатан кӯдакон аз оби ҷӯйбору кран менӯшанд, бархе сокинон аз ои чоҳи ҳавлии худ менӯшанд, дар кӯчаву саҳро ба тозагии дастони худ он қадар аҳамият намедиҳанд ва меваю сабзавотро аз замин бардошта истеъмол мекунанд. Мо ҳозир фаҳмонида истодаем, ки оби тозаю ҷӯшонидаро нӯшанд ва ба тозагии дастони худу чизи мехӯрдагиашон аҳамият диҳанд”.

Аз ҳамин хотир, табибон зардпарвин ё гепатити "А"-ро бемории "дастони ифлос" меноманд ва мегӯянд, риоя нашудани меъёрҳои тозагиву бехатарии тиббӣ боиси пайдо шудани ин вирус мешавад. Солҳои охир дар Тоҷикистон шумори гирифторон ба гепатит дар ҳудуди 10 ҳазор нафар гуфта мешуд. Мақомоти Вазорати тандурустӣ мегӯянд, ки хатари гирифторӣ ба беморӣ дар манотиқи дурдаст ҳамеша бештар аст, чунки дастрасии сокинон ба манобеи оби пок, маводи тозаву санитарӣ ва ҳам хадамоти боисифати тиббӣ камтар аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG