Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Самара се муҳоҷирро озод кард. Бастрикин мухолиф аст


Дарвозаи як додгоҳи Русия
Дарвозаи як додгоҳи Русия

Дар як тасмими камсобиқа додгоҳе дар Русия се муҳоҷир аз Осиёи Марказиро, ки ба латукӯби як вакили Думаи давлатӣ муттаҳам мешуданд, озод кард.

Моҷаро якуним сол пеш рух додааст ва додгоҳе дар шаҳри Самара 29-уми декабр қарор кард, ки муҳоҷире аз Узбекистон пурра сафед карда шавад ва ду зодаи Тоҷикистон бо ҳукмҳои сабук озод шаванд. Вале бо ин қарор худи Михаил Матвееви маъруф ба муҳоҷирбадбинӣ розӣ нест. Ҳукми додгоҳ ба раиси Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин ҳам хуш наомадааст ва ӯ талаб кард, ки далелҳои додрас аз рӯи ин қарор шарҳ дода шаванд.

Михаил Матвеев аз вакилони муҳоҷирситези Думаи давлатии Русия аст
Михаил Матвеев аз вакилони муҳоҷирситези Думаи давлатии Русия аст

Гап дар бораи ҳодисаи соли 2024 меравад. Рӯзи 18-уми июли он сол вакили Думаи давлатии Русия Михаил Матвеев ба пулис шикоят кард, ки зодагони Тоҷикистон Некрӯз Боҳирови 19 ва Артур Боҳирови 16-сола, инчунин шаҳрванди 19-солаи Узбекистон Мурод Мусуров дар як кӯчае дар шаҳри Самара бо сокинони маҳаллӣ моҷаро ва ниҳоят занозанӣ барпо карданд. Матвееву ронандааш гӯё дар ҷои ҳодиса буданд ва хостанд пеши роҳи моҷароро бигиранд, вале гумонбарон ба онҳо ҳамла кардаву бо чӯбу хишт онҳоро задаанд. Дар натиҷа, онҳоро бо ҷароҳатҳое ба бемористон интиқол доданд.

Рӯзи 29-уми декабри соли 2025 Додгоҳи ноҳияи Промишленнии шаҳри Самара ҳукмҳое содир кард, ки аз талаби айбдоркунандаи давлатӣ хеле фарқ мекард. Айбдоркунандаи давлатӣ ё додситон талаб мекард, ки Артур Боҳирови ноболиғ ба 6,5 соли маҳрумият аз озодӣ, Мусуров ба 9,5 соли ҳабс ва Боҳиров ба 11 соли маҳбаси низомаш сангин маҳкум шаванд. Аммо додгоҳ ҳукми дигар баровад.

Некрӯз Боҳиров аз рӯи моддаи "дониста расонидани зарар ба саломатӣ, ки дар сатҳи миёна будааст", ба 2 солу 2 моҳ маҳбаси сукунатӣ маҳкум шуд, вале бо сабаби сипарӣ намудани ин муддат дар боздоштгоҳ, аз толори додгоҳ озод шуд.

Ноболиғ Артур Боҳиров аз рӯи моддаи "дониста расонидани зарар ба саломатӣ, ки дар сатҳи сабук будааст" ба 10 моҳ корҳои ислоҳӣ маҳум шуд. Додгоҳ гуфт, бо сабаби гузаштани муҳлати ҷазо Артур Боҳиров низ озод мешавад.

Мурод Мусуров, ки аз рӯи моддаи сӯиқасд ба куштор ва авбошӣ муҳокима мешуд, пурра сафед карда шуд. Додрас амр дод, ки Мусуров ҳам аз толори додгоҳ озод карда шавад.

Видеоро инҷо бинед:

Бастрикин ба раҳоии муҳоҷирон дар додгоҳи Самара мухолифат кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Вале ин ҳукмҳо мавриди интиқоди худи Михаил Матвеев ва бархе сокинони Русия қарор гирифт. Матвеев гуфт, додгоҳ қарор кард, ҷуброни зарари тиббӣ ба ӯву ронандааш на дар ҳаҷми беш аз 1 миллион рубле, ки ӯ талаб мекард, балки дар ҳаҷми 50 ҳазор рубл ба ӯ ва 85 ҳазор рубл ба ронандааш ситонида шавад. Ӯ таҳдид кард, ки аз болои ин ҳукм ба зинаи болоӣ шикоят хоҳад кард.

Рӯзи 2-юми январ дафтари матбуоти Кумитаи тафтишоти Русия ба матбуоти маҳаллӣ гуфт, Александр Бастрикин ба раиси ин идора дар вилояти Самара супориш додааст, ки натиҷаҳои таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ, далелҳо ва дигар маълумотро ҷамъоварӣ карда, ӯро дар бораи ваҷҳҳои додгоҳ дар содир кардани қарор огоҳ кунад.

Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки Бастрикин ва бисёр дигар мақомдорони қудратӣ дар Русия бо мавқеи ошкоро бегонаситез ва зидди муҳоҷираташон маъруф ҳастанд ва сиёсати огоҳонаи фишору азияти муҳоҷиронро пеш мебаранд.

Александр Бастрикин
Александр Бастрикин

Раиси Кумитаи тафтишотии Русия аз оғози ин қазия хоҳони муҷозоти сангин барои ин се муҳоҷир буд. Дар аввал нисбат ба се муҳоҷири муттаҳам ба латукӯби вакили Дума бо гумони "авбошӣ" парванда боз карданд, вале бо тақозои Александр Бастрикин, раҳбари Кумитаи тафтишотии Русия онро ба "қасди куштор" иваз карданд.

Фишор болои муҳоҷирон ва зодагони Тоҷикистон дар Русия сахттар шудааст. Суҳбатҳои мақомоти рус низ дар баробари муҳоҷирон тундтар ва таҳқиромезтар садо медиҳад.

Ҳомиёни ҳуқуқ солҳост, ки Русияро барои сиёсати бадбинона нисбат ба муҳоҷирон ва дигар қавму миллатҳои сокини ин кишвар танқид мекунанд.

XS
SM
MD
LG