Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як шанси дигар барои вакили дифоъ мондан?


Вазорати адлияи Тоҷикистон бо пешниҳоди тарҳи тоза аз вакилони Маҷлиси Намояндагон хостааст, ки мӯҳлати имтиҳони адвокатҳоро аз 1 сол то 15 моҳ тамдид кунанд.

Вазорати адлияи Тоҷикистон пешниҳодашро дар бораи то се моҳи дигар дароз кардани мӯҳлати имтиҳони вакилони дифоъ ба Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии парлумон – фиристодааст. Бар асоси қонуни феълӣ, ки дар оғози соли ҷорӣ мавриди иҷро қарор гирифта буд, барои имтиҳони вакилони дифоъ ҳамагӣ як сол мӯҳлат дода шудааст.

Як манбаъ аз парлумон ба Озодӣ гуфт, ки ин пешниҳоди Вазорати адлия рӯзи 4 апрел дар Шӯрои Маҷлиси Намояндагон баррасӣ шуда, ба зудӣ ба овоздиҳӣ гузошта хоҳад шуд. "Вазорат далели ин тасмимашро ба он асоснок кардааст, ки бахши зиёди вакилони дифоъ дар мӯҳлати як сол натавонистаанд аз санҷиш бигузаранд," – афзуд манбаъ.

Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқдони маъруфи тоҷик, аз 1 сол ба 15 моҳ тамдид шудани давраи санҷиши Вазорати адлияро "як иқдоми хуб" номид ва гуфт, ки ин мӯҳлат имкон медиҳад, то вакилони дифоъ ҳамаҷониба омодагӣ дида, аз имтиҳон бигузаранд. "Вагарна, теъдоди адвокатҳое, ки то кунун аз санҷиш гузаштаанд, барои ҷомеаи Тоҷикистон беҳад кам аст," - гуфт ӯ.

Абдуқаюм Юсуфов, вакили дифои тоҷик, аз вакилони парлумон даъват кард, ки ин тарҳи тағйиру иловаҳоро ба тасвиб расонанд. Ӯ гуфт, ки ин тарҳ ба сӯди ҷомеаи Тоҷикистон аст: "То шурӯи ин санҷиш дар Тоҷикистон беш аз 1000 адвокат фаъолият доштанд, вале бархе аз онҳо барои омода набудан аслан барои супоридани санҷиш муроҷиат накарда буданд. Агар ба 15 моҳ тамдид карда шавад, ин имкони хубе хоҳад буд, то вакилони дифоъ омода шаванд ва санҷишро супоранд."

Имтиҳони тахассусӣ ё касбии вакилони мудофеъ баъд аз қабул ва ба иҷро даромадани қонуни нав дар бораи фаъолияти вакилони мудофеъ дар аввали соли ҷорӣ сурат гирифта ва аммо бо вокунишҳои мухталиф дар дохилу хориҷи кишвар рӯбарӯ шуд.

Имтиҳони тахассусӣ ё касбии вакилони мудофеъ баъд аз қабул ва ба иҷро даромадани қонуни нав дар бораи фаъолияти вакилони мудофеъ дар аввали соли ҷорӣ сурат гирифт. Талаби супурдани имтиҳоне, ки аз 1000 савол доир ба ҳуқуқ, таърих, сиёсат ва ҳатто фарҳанги миллӣ иборат аст, ба гуфтаи масъулони Вазорати адлия, ба хотири боло бурдани сатҳи касбияти вакилони дифоъ ва беҳтар кардани хидматрасниҳои ҳуқуқӣ ба мардум аст.

Тибқи қонуни нави "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ", ки расо як сол қабл аз сӯи парлумон қабул шуд ва ҳамакнун ба иҷро даромад, комиссияи санҷиши тахассусии адвокатҳо дар як сол на камтар аз чор бор бояд фаъол шавад. Бори дигар ин комиссия дар нимаи аввали соли ҷорӣ бояд ба кор шуруъ кунад.

Дар пайи ин имтмҳонҳо Вазорати адлия эълон кард, ки ҳамагӣ 312 вакили дифоъ соҳиби шаҳодтанома шуда, бақия ё аз имтиҳон нагузаштаанд ва ё аз иштирок дар ин имтиҳон даст кашидаанд. То қабули ин қонун дар Тоҷикистон 8 коллегияи адвокатҳо ва ҳудуди 2 ҳазор адвокат ё вакили дифоъ фаъолият мекарданд.

XS
SM
MD
LG