Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров дар Олмон дувум шуд


Дилшод Назаров, варзишгари машҳури тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гурзандозӣ дар Олмон мақоми дувумро касб кард.

Ин мусобиқа, ки рӯзи шанбеи 17-уми май дар шаҳри Ҳаллеши Олмон баргузор шуд, барояш дар мавсими имсола аввалин буд. Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 79 метру 58 сантиметр ҳаво дод, ки ин нисбат ба ғолиби мусобиқа Павел Файдек аз Лаҳистон ҳамагӣ 9 сантиметр камтар аст. Ҷойи севум бо натиҷаи 76,83 м насиби Сергей Литвинови русиягӣ гардид.

Дилшод Назаров дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқаи хеле пурнуфуз буд, ки дар он на танҳо зӯртарин гурзандозҳо, инчунин, варзишгарон дар навъҳои дигар, ба монанди партоби найза, партоби вазна ва партоби диск қувваозмоӣ карднд. Ин як санҷише буд пеш аз мусобиқа аз силсилаи Ҷоми даъвати ҷаҳонии варзиши сабук. 2-юми июн чунин мусобиқа дар шаҳри Бидгоши Лаҳистон барпо мегардад. Вале барои ман имсол ду мусобиқаи бузургтарин – яке Ҷоми ҷаҳонии варзиши сабук аст, ки моҳи сентябр доир мешавад ва дигаре Бозиҳои XVII осиёист, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегардад.”

Дилшод Назарови 32-солаи варзишагри тоҷик Тоҷикистонро дар се Олимпиадаи ахири тобистона - соли 2004 дар Афина, соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон - ҳимоят кардааст. Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80 метру 31 сантиметр мебошад.

Бояд гуфт, ки Дилшод Назаров авоили моҳи январи соли равон муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон таъин шудааст. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мебошад.

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари соли 2013 эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG