Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров Осиёро дар Ҷоми IAAF намояндагӣ мекунад


Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар Ҷоми байниқитъавии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup), ки рӯзҳои 8-9-уми сентябр дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех баргузор мешавад, ширкат меварзад.

Чунонки вебсайти IAAF хабар додааст, дар мусобиқаи гурзандозӣ миёни мардон аз рӯи барномаи Ҷоми байниқитъавии Эътилофи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup) ба тими Осиё Ашраф Ал-Сайфӣ аз Қатар ва Дилшод Назаров аз Тоҷикистон дохиланд.

Дар ин намуди олимпӣ қораи Аврупоро Bence Halasz (Маҷористон) ва Войтсех Новитски (Лаҳистон), қораи Амрикоро Сеан Доннелли (ИМА) ва Диего Дел Реал (Mексика), қораи Африқоро Мустафо Ал-Ҷамол (Миср) ва Тшепанг Макҳети (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) намояндагӣ мекунанд.

Қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия Дилшод Назарови 36-сола дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ 26-уми августи имсол дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия дар мусобиқаи гурзандозӣ бо натиҷаи 74 метру 16 сантиметр барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд. Дар мусобиқаи мазкур Ашраф Ал-Сайфии 23-сола бо натиҷаи 76 метру 88 сантиметр мақоми аввалро касб намуд ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Дилшод Назаров моҳи июли имсол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Браганса Паулистаи Бразилия бо натиҷаи 75 метру 18 сантиметр медали тилло ба даст овард. Ӯ, инчунин дар мавсими имсола дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Лаҳистон медали биринҷӣ гирифт.

Дар Ҷоми байниқитъавии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup) дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех беш аз 320 варзишгар аз 78 кишвар ширкат меварзанд.

Ба ҷуз гурзандозӣ, варзишгарон дар давидан ба масофаҳои мухталиф, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо ходачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, партоби гулӯла, партоби диск, найзаандозӣ, эстафетаи 4х100 миёни мардону занон ва эстафетаи омехта 4х400 метр рақобат мекунанд.

Ба варзишгароне, ки дар рақобатҳои инфиродӣ ҷойҳои аз якум то ҳаштумро мегиранд, ҷоизаҳо молӣ ба маблағи аз 1000 то 30 000 доллари ИМА супурда мешавад. Дар эстафета барои чор ҷойи аввал ҷоиза муқаррар шудааст: ҷойи аввал – 30000, ҷойи дуюм - 20000, ҷойи сеюм - 10000, ҷойи чорум - 8000 доллари ИМА

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG