Пайвандҳои дастрасӣ

Дилшод Назаров дар Лондон бе медал монд


Дилшод Назаров. Акс аз бойгонӣ

Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар Лондон дар даври ниҳоии гурзандозӣ бо натиҷаи 77.22 метр мақоми ҳафтумро касб кард.

Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия бо натиҷаи 78,68 метр ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гаштааст.

Даври ниҳоии сабқати гурзандозӣ шаби 11-уми август бо иштироки дувоздаҳ варзишгари зӯртарини ҷаҳон баргузор шуд. Дар сабқати ниҳоӣ Павел Фаҷдек аз Лаҳистон (Полша) бо натиҷаи 79.81 метр мақоми аввалро касб кард. Ба ҷуз медали тилло ба ғолиб ҷоизаи молӣ ба маблағи 60 000 доллар супурда шуд.

Валерий Пронкин (варзишгари бетараф), ки бо натиҷаи 78.16 метр дувум шуд, бо медали нуқра ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 30 000 доллар сарфароз гашт. Ба Войтсех Новитски аз Лаҳистон, ки бо натиҷаи 78.03 метр дар зинаи севум қарор гирифт, медали биринҷӣ ва 20 000 доллар супурда шуд.

Варзишгароне, ки ҷойҳои аз чаҳорум то ҳаштумро гирифтанд, бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз гаштанд: Бигот Қуентин (Фаронса, 77.67 м) - барои ҷойи чорум – 15 000 доллар, Алексей Сокирский (варзишгари бетараф, 77.50 м) - барои ҷойи панҷум - 10 000 доллар, Ник Миллер (Британияи Кабир, 77.31 м) - барои ҷойи шашум - 6000 доллар, Дилшод Назаров (Тоҷикистон, 77.22 м) – барои ҷойи ҳафтум - 5000 доллар, Сергей Марчиев (Молдова, 75.87 м) - барои ҷойи ҳаштум - 4000 доллар.

Дилшод Назаров дар мусобиқаи пешини қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки соли 2015 дар Пекини Чин баргузор шуда буд, гурзро ба масофаи 78 метру 55 сантиметр ҳаво дода, мақоми дувумро касб кард ва соҳиби медали нуқра гардид. Павел Фаҷдеки лаҳистонӣ бо натиҷаи 80.88 м медали тилло ба даст оварда буд.

Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия бо натиҷаи 78,68 метр ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гаштааст.

Рекорди инфиродиаш 80 метру 71 сантиметр аст. Ӯ ба ин натиҷа 25-уми майи соли 2013 дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон ноил шудааст. Натиҷаи беҳтаринаш дар мавсими имсола 77.81 метр мебошад, ки ӯ бо ин нишондод дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех мақоми чаҳорумро касб кардааст. Бояд тазаккур дод, баъди пирӯзии қаҳрамони олимпӣ Андрей Абдувалиев, гурзандози машҳури тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон соли 1995 дар Гётеборги Шветсия, дигар касе аз Тоҷикистон то ҳоло дар намудҳои олимпии варзиш медали тилло ба даст наовардааст.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар Лондон ба ҷуз гурзандоз Дилшод Назарови 35-сола, даванда Кристина Пронженкои 28-сола намояндагӣ кард. Вай дар давидан ба масофаи 400 метр бо монеа ширкат намуд. Сабқати интихобӣ дар ин навъи рақобатҳо бо иштироки 39 даванда баргузор шуд. Кристина бо натиҷаи 1:03.44 ҷойи охиринро гирифт.

Дар давидан ба масофаи 400 метр бо монеа Кори Картер аз ИМА бо натиҷаи 53.07 сония мақоми аввалро касб кард. Ҳамватанаш Датилаҳ Муҳаммад бо натиҷаи 53.50 сония дувум ва Ристананна Тракей аз Ямайка бо натиҷаи 53.74 сония севум шуданд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар Лондон, ки рӯзи 13-уми август ба поён мерасад, беш аз ду ҳазор варзишгари зиёда аз 200 кишвари ҷаҳон барои 47 маҷмӯи медалҳо мубориза мебарад.
Баъди натиҷагирии ҳашт рӯзи мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 23 медал (8 тилло, 8 нуқра ва 7 биринҷӣ) дар мақоми аввал аст. Кения бо касби 8 медал (3 – 1 - 4) дар мақоми дувум ва Лаҳистон бо касби 6 медал (2 - 2 - 2) дар мақоми севум қарор доранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG