Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров қаҳрамони секаратаи Осиё шуд


Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Чин медали тилло ба даст овард.

Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Ухани Чин ҷараён дорад, бо натиҷаи 77 метру 88 сантиметр мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло сарфароз шуд. Бояд гуфт, ки вай барои севумин бор ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф гаштааст.

Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров аз байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардидааст. Вай дар мусобиқаи анъанавии ҷаҳонии силсилаи Гран-При «Оstrava golden spike» оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79,36 метр мақоми дувумро касб кард.

Ин натиҷа ба ӯ имкон медиҳад, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки рӯзҳои22-30 августи соли равон дар Пекин (Чин) баргузор мешавад ва дар Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) ширкат варзад.

Бояд гуфт, ки Олимпиадаи соли 2016 барои Дилшод Назаров чаҳорумин Бозиҳои олимпӣ хоҳад шуд. Вай аввалин бор соли 2004 дар Бозиҳои олимпии Афина (Юнон) ширкат кардааст. Ӯ дар Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин ҷойи 11-ум ва дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон ҷойи 10-умро гирифта буд.

Дилшод Назаров моҳи январи соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон таъин шудааст. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мебошад.

XS
SM
MD
LG