Пайвандҳои дастрасӣ

Дилноза Каримова: Бухлу ҳасад чӣ лозим? Қадри азизонро бидонед


Дилноза Каримова баъди ҷанозаи писараш Диёрбек. Январи соли 2018

Овозхони тоҷик, ки моҳи январ дар фурсати кӯтоҳ писарчаи гирифтори саратон ва модари 61-солаашро ба хок супурд, мегӯяд, дарди амиқ вуҷудашро тарк намекунад.

Диёрбек Аминҷонов, писари шашсолаи Дилноза Каримова баъди талошҳои ҷамъоварии маблағ барои амалиёти ҷарроҳӣ дар як клиникаи

Арзиши зиндагӣ дар чизи дигар аст. Вақте касеро хафа мекунад, фиреб мекунад, барои як мушкили беарзиш зиқ мешавад, мегӯям, ки набояд ба ин чизҳо нороҳат шуд. Шукр кунед, ки фарзандатон дар наздатон ҳасту модар доред.

Ҳиндустон шаби 31 декабр даргузашт. Барои ҷамъоварии маблағи хайрияи табобати ин тифл як маъракаи ҷамъиятии хайрия барпо шуд. Як ҳафта баъди даргузашти кӯдак – Дилноза Каримова модарашро ҳам аз даст дод. Матлуба Розиқова, ки дар тамоми барномаҳои ҳунарӣ духтари овозхонашро ҳамроҳӣ мекард, рӯзи 7 январ даргузашт.

Матлуба Розиқова хатмкардаи шуъбаи актёрии Донишкадаи санъат буд ва солҳои 1980-1987 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси яккахони ансамбли бонувони рубобнавоз кор кардааст.

Дилноза Каримова баъди беш аз як моҳи ин ҳодисаҳо мегӯяд, барои модараш дарди марги набераи калонӣ таҳаммулнопазир шуд: “Каме фишорашон баланд буд. Қандашон ҳам камтар баланд шуда ва хаёлам ба гурда таъсир карда буд. Он кас дарди марги Диёрбекро бардошта натавонистанд. Бачаи маро он кас калон карда буданд. Аз 20-рӯзагии Диёрбек, ки ман бояд аз паи кору консерт мешудам, модарам ба ӯ нигоҳ мекарданд. Баъди се рӯзи ҷанозаи писарам модарам ҳам гузаштанд. Як зарбаи сахт шуд, ки бо гап гуфта намешавад. Дар як ҳафта ду ҷаноза доштем. Ду шахси наздиктаринамон дар як ҳафта моро партофта рафтанд”.

Дилноза, ки ин шабу рӯз аз паи муолиҷа аст, мегӯяд, дар баробари ин маҳрумиятҳо посух додан ба саволҳои беҷавоби писари сесолаи хурдиаш Алибек як дарди дигар аст. Алибек гаштаву баргашта аз модар мепурсад, ки Диёрбек ва бибиаш куҷо шуданд? Диёрбек кай бармегардад? Дилноза мегӯяд, ҳар дафъа маҷбур аст чунин посух диҳад: “Назди Худо рафт. Аз боло моро тамошо мекунад”. Мегӯяд: “Вай маро аз боло ҳимоят мекунад?”

Матлуба Розиқова, модари Дилноза Каримова
Матлуба Розиқова, модари Дилноза Каримова

Дилноза гуфт, дарди аз даст додани ду азизаш зеҳният ва рӯҳияашро комилан тағйир дод.Вай мегӯяд: “Одамонеро мебинам, ки дар дилашон як ғараз, бухлу ҳасад, як алам ё ғурур доранд... Мебинаму мегӯям, ки мумкин нест чунин зиндагӣ кардан. Арзиши зиндагӣ дар чизи дигар аст. Вақте касеро хафа мекунад, фиреб мекунад, барои як мушкили беарзиш зиқ мешавад, мегӯям, ки набояд ба ин чизҳо нороҳат шуд. Шукр кунед, ки фарзандатон дар наздатон ҳасту модар доред. Нигоҳи ман ба зиндагӣ тамоман дигар шуд. Одам бояд қадри наздиконаш, аъзои оилаашро шиносад”.

Дилноза Каримова мегӯяд, ҳоло ӯву бародари оҳангсозаш Зайниддин Каримов ба матни Камол Насрулло оҳанге эҷод мекунанд, ки ба модар бахшида шудааст ва шояд дар нахустин консерти ӯ тирамоҳи соли ҷорӣ барои ҳаводорон тақдим шавад.

Тасмими дигари Дилноза ин шуд, ки дар оянда аз ҳар як консерти ҳунариаш як ҳиссаи даромадро ба кӯдакони гирифтори саратон хайр мекунад. Дилноза бори дигар аз муҳаббату пуштибонии мардуми зиёд дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон ташаккур кард ва гуфт, ки ин дастгирӣ барояш аз назари рӯҳӣ хеле кӯмак кард.

Дилноза Каримова: "Марги Диёрбек маро дигар кард"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:38 0:00

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG