Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти генерале, ки хонаи Гулнора Каримоваро кофтукоб кардааст


Генерал Муидҷон Тоҳирӣ – раиси пешини Кумитаи гумруки Узбекистон ва дар гузашта яке аз афроди наздик ба Ислом Каримов – дастгир шудааст.

Ба иддаои Гулнора Каримова, духтари калонии Ислом Каримов, соли 2014 маҳз Муидҷон Тоҳирӣ амалиёти кофтукоб дар хонаи ӯро роҳбарӣ кардааст.

Мақомоти Додситонии кулли Узбекистон гуфтанд, ки ӯ ҳафтаи равон боздошт шуд, вале ҷузъиёт надоданд. Сурайё Раҳмонова, сухангӯи Додситонии кулли Узбекистон, рӯзи 21-уми декабр дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, ки “ҳозир таҳқиқ идома дорад ва ба хотири халал нарасондан ба кори муфаттишон тафсилот дода намешавад.”

Аммо манобеи бахши узбекии Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои қудратии Узбекистон гуфтанд, Тоҳирӣ бо иттиҳоми фасоди идорӣ боздошт шудааст. Ба қавли манобеъ, ин иттиҳом ба замони фаъолияти ӯ дар Кумитаи гумруки Узбекистон рабт мегирад.

Муидҷон Тоҳирӣ моҳи феврали имсол аз мақоми раиси Кумитаи гумруки Узбекистон барканор шуд. Вай дар ин вазифа ҳамагӣ сездаҳ моҳ кор кардааст.

Муидҷон Тоҳирӣ то замони марги Ислом Каримов сардори Хадамоти амнияти президенти Узбекистон буд
Муидҷон Тоҳирӣ то замони марги Ислом Каримов сардори Хадамоти амнияти президенти Узбекистон буд

Он вақт мақомоти Додситонии кулли Узбекистон эълон карда буданд, ки ҳам дар Кумитаи гумрук ва ҳам дар Кумитаи андоз санҷиши ҷиддӣ ҷараён дорад.

Генерал Тоҳирӣ дар гузашта дар Хадамоти амният ва Шӯрои амнияти миллии Узбекистон кор кардааст. Вай аз соли 2010 то 2011 мушовири президенти Узбекистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ низ буд.

Аз соли 2011 то 2016 ба ҳайси муовини раиси Хадамоти амнияти миллии Узбекистон ва аз 2013 то замони марги Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини он кишвар дар сомоҳи сентябри соли 2016, раиси Хадамоти амнияти президент буд.

Ба иддаои Гулнора Каримова, амалиёти кофтукоби хонаи ӯро дар соли 2014 Муидҷон Тоҳирӣ раҳбарӣ кардааст
Ба иддаои Гулнора Каримова, амалиёти кофтукоби хонаи ӯро дар соли 2014 Муидҷон Тоҳирӣ раҳбарӣ кардааст

Муидҷон Тоҳирӣ, яке аз афроди наздик ба Ислом Каримов гуфта мешуд. Ва ба иддаои Гулнора Каримова, духтари калонии Каримов, соли 2014 маҳз Муидҷон Тоҳирӣ амалиёти кофтукоб дар хонаи ӯро роҳбарӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG