Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти нави суқути ҳавопаймои АН-2 дар Фахробод. ВИДЕО


Додситонӣ ба таҳқиқи суқути як ҳавопаймои таълимӣ дар ҷануби Тоҷикистон шурӯъ кардааст, ки як кушта барҷой гузошт. Мақомот мегӯянд, ин ҳавопаймои таълимӣ ҳангоми фуруд омаданд ба замин бархӯрда, оташ гирифтааст.

Суқути як ҳавопаймои таълимӣ дар маркази таълимии "Фахробод" соати 10-и рӯзи 4-уми август рух дод. Дар натиҷаи суқути ин ҳавопаймои таълимӣ як халабони он ба ҳалокат расида ва як нафари дигар маҷрӯҳ шудааст

Абдурақиб Қодиров, сухангӯи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, ки ҳавопаймои суқуткарда ба он тааллуқ дорад, рӯзи 5-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳавопаймои таълимӣ барои аз боло партофтани парашютчиён парвоз карда буд. Ба гуфтаи ҷаноби Қодиров, ҳамаи онҳое, ки тариқи парашют аз ҳавопаймо париданд, солим ба замин фуруд омаданд, аммо худи ҳавопаймо ҳангоми нишастан ба садама дучор шуд.

"Вақти фуруд омадан ба замин ҳавопаймо дучори нуқси техникӣ мегардад ва дар натиҷа дучори як навъ бархӯрди шадид ба замин гардида, дар натиҷаи ин бархӯрд оташ мегирад. Ҳавопаймо дар натиҷаи бархӯрдан ба замин оташ мегирад. Ҳавопаймоҳои АН-2 сохти Шӯравӣ ҳастанд ва нисбати оташ хеле осибпазир ҳастанд. Қисмати берунаи он аз чунин масолеҳе сохта шудааст, ки зуд даргиранда аст" - гуфт Абдурақиб Қодиров.

Афтода оташ гирифт. Ҷузъиёти суқути ҳавопаймои АН-2 дар Фахробод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

Мақомот мегӯянд, дар натиҷаи суқути ҳавопаймо аз баландии 10 метр Илҳом Раҳматов, халабони ботаҷриба дар роҳ ба беморхона ҳалок гардидааст. Халабони дуввуми ҳавопаймо лейтенанти калон Бахтиёр Давлатови 20-сола ҷароҳат бардоштааст ва дар шифохонаи ноҳияи Хуросон муолиҷа мегирад.

Масъулини Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа гуфтанд, ин ягона ҳавопаймои хурди онҳо нест ва ба ҷуз аз он боз чандин ҳавопаймоҳои таълимие доранд, ки хоҳишмандон аз он метавонанд тариқи парашют парвоз кунанд.

Мақомот мегӯянд, феълан маълум нест, ки ҳавопаймои хурди суқуткарда оё дигар қобили истифода аст ё не. Бо ин ҳама масъулини Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа гуфтанд, фоҷеае, ки рух дод, ба низоми авитасияи хурд ягон таъсири ҷиддӣ нахоҳад расонд.

Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа се ҳавопаймои АН-2 дорад ва як чатрбози тоҷик, ки борҳо аз ин ҳавопаймоҳо дар Фахробод парвоз кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди сипарӣ шудани мӯҳлати зиёд аз замони истеҳсол ҳавопаймоҳои мазкур мушкиле надоранд. Ба қавли ӯ, "дар Русия ҳавопаймоҳои АН-2 истеҳсоли соли 1950-ро то кунун истифода мекунанд ва ин ҳавопаймоҳо мо дар муқоиса нав ба ҳисоб мераванд."

Аммо хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе Афсонаи Акобиршо, ки чанде аз ин ҳавопаймо бо чатр фуруд омад, мегӯяд, қабл аз парвози онҳо ҳавопаймоеро, ки онҳоро бояд бо ҳаво мебурд, ним соат таъмир карданд.

Фурудгоҳи "Фахробод" дар 30 километрии шаҳри Душанбе воқеъ шудааст ва солҳои ахир хоҳишмандони чатрбозӣ ва ё парвоз бо парашют ҳам дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш овардааст.

Шарҳҳоро бинед (6)

XS
SM
MD
LG