Дар Куриёи Ҷанубӣ китобе дар мавриди 100 филми беҳтарин ва 100 коргардони маъруфи Осиё рӯи чоп омад, ки дар радифи даҳҳо тан аз коргардонҳои машҳур исми Давлати Худоназар (Худоназаров) аз симоҳои дурахшони синамои Тоҷикистон низ ҷой гирифтааст.
Гулнора Абикеева, мунаққиди саршиноси синамои қазоқ, дар блоги худ навишт, ки “ин китоб ба ибтикори ҷашнвораи синамои Бусан мунташир шудааст. Дар 20-умин солгарди баргузории фестивал дар миёни 73 мунаққиди синамо, раисони фестивалҳо ва тарҳсозон назарсанҷӣ анҷом шуд. Нахуст аз онҳо хоста шуд, то 10 филм ва 10 коргардони беҳтарини Осиёро номбар кунанд. Дар натиҷа ду феҳристи иборат аз 113 филм ва 106 коргардон таҳия шуда ва дар ниҳоят, аз онҳо 100 филми беҳтарин ва 100 коргардони маъруфи Осиё интихоб гардид”.
Дар мақоми аввали ин феҳрист филми “Қиссаи Токио” (соли 1953, коргардон Ясудзиро Одзу), дар радифи дуюму сеюм филмҳои “Расемон” (соли 1950, коргардони японӣ Акира Куросавӣ) ва филми сохти Ҳонг Конги “Рӯҳияи ишқ” (соли 2000, Вонг Карвай) ҷой гирифтаанд.
Аз ҷумлаи 3 филми беҳтарини Осиёи Марказӣ “Арӯс”-и Хоҷақулӣ Нарлиев (Туркманистон, соли 1972), “Панҷ кампир”-и Актана Арим Кубат (Қирғизистон, соли 1998) ва “Соҳибон”-и Одилхон Ерҷонов (Қазоқистон, соли 2014) унвон шудаанд.
Дар феҳристи 100 коргардони беҳтарин 9 нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ шомил шуда, ин рақам аз ҷумлаи коргардонҳои Ҷопон 18 нафар, Чин 11, Куриё ва Ҳиндустон 10-нафарӣ ва Эрону Филиппин 9-нафариро ташкил додаанд. Аз Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон, Афғонистон, Камбоҷа, Шри-Ланка, Индонезия , Ливан ва Ироқ якнафарӣ ба ин феҳрист шомил гаштаанд. Тоҷикистонро дар ин росто Давлати Худоназар намояндагӣ кардааст.
Давлати Худоназар ибтидо дар “Тоҷикфилм” ҳамчун наворбардори тавоно барои худ ном сохт. “Ҷӯра-саркор” (соли 1969)-и коргардон Марворид Қосимова ва “Асрори оилавии оилаи Ғайюровҳо” (1975)-и Валерий Аҳадов, яке дигар аз шоҳкорҳои “Тоҷикфилм”-ро маҳз Давлати Худоназар рӯи навор овардааст. Вале бештар аз ҳама оператории ӯ дар «Достони Рустам», «Достони Рустам ва Сӯҳроб» (соли 1971) ва «Достони Сиёвуш» (1976) - 3 шоҳасари коргардони шӯҳратёр Борис Кимиёгаров бар пояи достонҳои безаволи «Шоҳнома»-и Фирдавсист, ки номи Давлати Худоназарро ҳамчун оператор дар таърихи синамои тоҷик сабт мекунанд.
Баъди гузаштан аз мактаби Кимиёгаров Давлати Худоназар соли 1979 нахустин филми худаш “Нахустин субҳи ҷавонӣ” (соли 1979)-ро, ки бо номи «Нисо» маъруфтар аст ва соли 1982 филми «Марди роҳ» (номи русиаш – «В талом снеге звон ручья»)-ро берун овард. Ин ду филм Давлати Худоназарро, ки дар соли таҳияи «Нисо» ҳамагӣ 35 сол дошт, ба ҳайси як коргардони навҷӯ ва навпардоз муаррифӣ карданд.
Оғози солҳои 80 давроне буд, ки дар байни халқҳои Шӯравӣ, бахусус дар зеҳни қишри равшанфикраш таҳаввулоти фикрии азиме дар заминаи ҳимоят аз арзишҳои миллӣ ба вуҷуд меомад. Давлати Худоназар ҳам худро ба ин дарё зад ва бо чанд филми мустанад, аз ҷумла «Тавлид» (соли 1984), филме бахшида ба 60-солагии таъсиси Тоҷикистон, «Сарчашмаҳо» (1985) ва «Устод» (соли 1987), бахшида ба 100-солагии Абулқосим Лоҳутӣ, худшиносии миллиро ба як мавзӯи асосии синамои тоҷики солҳои 80 ва Иттиҳодияи синамогаронро, ки соли 1986, баъди оғози бозсозии Михаил Горбачёв раисаш интихоб шуд, ба яке аз марказҳои умдаи озодандешии Тоҷикистони он даврон табдил дод.
Ва дар ҳамон солҳо ӯ ба сиёсат пайваст, вале наҳангҳои бузургтари ин дарё хеле зуд канораш заданд. Баъди он Давлати Худоназар дигар аз сиёсат даст шуст. Танҳо як дафъа, дар соли 1997 дар музокироти Эмомалӣ Раҳмон бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар Хусдеҳи Афғонистон зоҳир шуд, вале боз ҳам бештар ба унвони як нозир. Тарафдорони собиқаш то ҳол аз ӯ барои ин озурдаанд, ки баъди соли 1993 дар бораи он ҳама бедодгарие, ки дар Тоҷикистон гузашт, боре садо баланд накард, аз мардуме ки соли 1991 бо ҳазорон умед барои ӯ овоз доданд, дифоъ накард.
Давлати Худоназар баъди ҳиҷрат ду сол ҳамчун муҳаққиқи сулҳ дар Амрико кор кард ва сипас баргашт ба Маскаву то ҳол он ҷо ба сар мебарад. Баъди соли 1992 аз Давлати Худоназар танҳо як филми мустанади видеоӣ дар даст аст бо номи «Орзуи истиқлол», ки соли 1995 дар Амрико таҳия шудааст, вале дар Тоҷикистон маълум нест. Ӯ ҳамин тавр, дар соли 2013 китоберо дар бораи экспедитсияи мардумшиноси маъруфи рус граф Алексей Бобринский бо номи «Памирские экспедиции графа А.А.Бобринского 1895 - 1901 годов» ба чоп расонд.