Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафтумин мусобиқаи байнулмилалии гуштигирӣ дар Душанбе

Мусобиқаи байнулмилалии гуштигирӣ барои дарёфти "Ҷоми раиси шаҳри Душанбе" 5-уми апрел дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии пойтахти кишвар баргузор мегардад.

Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки бори ҳафтум сурат мегирад, варзишгарон аз 25 кишвар дар вазнҳои 65 кг, 78 кг, 86 кг, +86 кг байни мардон ва дар вазни то 70 килограмм миёни занон рақобат мекунанд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Барои ҷойи аввал 10 ҳазор доллар, барои ҷойи дуюм 5 ҳазор доллар ва барои ҷойҳои сеюм 2 ҳазору 500-долларӣ тақдим мегардад.

Ёдовар мешавем, мусобиқаи байнулмилалии гуштигирӣ барои дарёфти "Ҷоми раиси шаҳри Душанбе", ки 26-уми апрели соли гузашта дар майдони тенниси назди Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, бо пирӯзии паҳлавонони Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия сурат гирифт.

Байни мардон дар се вазн паҳлавонони тоҷик – Суҳроб Боқиев (65 кг), Маҳмадшариф Наҷмиддинов (78 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+95 кг) ғолиб шуданд. Дар як вазни дигар байни мардон (95 кг) паҳлавон аз Узбекистон Ҷонибек Қазоқов ғалаба кард. Дар миёни занон Алёна Прокопенко аз Русия дар вазни то 70 кило соҳиби медали тило гардид.

Бояд зикр намуд, ки соли 2022 ба гуштии миллии тоҷикӣ – "гуштигирӣ" - мақоми байнулмилалӣ дода шуд. Ин мақом дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта, гуштигирӣ соҳиби сертификати байнулмилалӣ гардид.

XS
SM
MD
LG