Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози сабқати минтақаӣ барои Ҷоми ФФТ


Даври пешакии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) дар минтақаҳои Суғду Душанбе шурӯъ шуд.

Даври пешакии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) дар минтақаи Суғд рӯзи 14-уми феврал ва дар минтақаи Душанбе имрӯз, 16-уми феврал, оғоз ёфт. Ба иттилои Аҳлиддин Юнусов, котиби масъули Федератсияи футболи вилояти Суғд, дар даври пешакии мусобиқа дар ин минтақа шаш даста ширкат дорад, ки бар асоси қуръакашӣ ба ду гурӯҳ тақсим шудааст.

Ба гурӯҳи “А” се дастаи лигаи олӣ – «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) ва “Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров), ба гурӯҳи «Б» се дастаи лигаи аввал –«Канд» (Конибодом), «Қайроққум» (Қайроққум) ва «Эсхата» (Хуҷанд) дохиланд. Мувофиқи дастури мусобиқа аз ин минтақа ғолибони гурӯҳҳо ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳхат мегиранд.

Дар нахустин даври мусобиқаи минтақаи Суғд тими “Хуҷанд” дастаи “Парвоз”-ро бо ҳисоби бузурги 5-0 шикаст дод. Тими “Қайроққум” бар дастаи “Канд” бо ҳисоби 3-2 пирӯз шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, дар минтақаи Душанбе 7 даста дар як давра рақобат мекунад. Инҳо дастаҳои лигаи олӣ– «Истиқлол» (Душанбе), ССКА «Помир» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), ду дастаи лигаи аввал – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) ва «Локомотив» Душанбе), инчунин мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23), ки ба сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 омодагӣ мебинад, мебошанд. Бозиҳои ин минтақа дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд. Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ аз минтақаи Душанбе чаҳор дастаи беҳтарин роҳ меёбад.

Ёдовар мешавем, ки маблағи ҷавоизи Ҷоми ФФТ имсол 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ҷуз Ҷоми ФФТ 20 ҳазор сомонӣ супурда мешавад. Дастае, ки ҷойи дувумро мегирад, бо 15 ҳазор сомонӣ ва дастае, ки ҷойи севумро мегирад, бо 10 ҳазор сомонӣ сарфароз мегарданд.

Ҷоми ФФТ. Даври пешакӣ

Минтақаи Душанбе

16 феврал (душанбе)

10.30 – «Хайр» – «Регар-ТадАЗ»

13.00 – Мунтахаби Тоҷикистон (U-23) – «Кӯктош»

18 февраля (чоршанбе)

10.30 – ССКА «Помир» – «Хайр»

13.00 – «Регар-ТадАЗ» – Мунтахаби Тоҷикистон (U-23)

15.30 – «Кӯктош» – «Истиқлол»

20 феврал (ҷумъа)

10.30 – «Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»

13.00 – Мунтахаби Тоҷикистон (U-23) – ССКА «Помир»

15.30 – «Локомотив» – «Кӯктош»

22 феврал (якшанбе)

10.30 – «Регар-ТадАЗ» – «Локомотив»

13.00 – ССКА «Помир» – «Истиқлол»

15.30 – «Хайр» – Мунтахаби Тоҷикистон (U-23)

24 феврал (сешанбе)

10.30 – «Локомотив» – ССКА «Помир»

13.00 – «Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ»

26 феврал (панҷшанбе)

10.30 – ССКА «Помир» – «Кӯктош»

13.00 – «Хайр» – «Локомотив»

27 феврал (ҷумъа)

13.00 – «Регар-ТадАЗ» – ССКА «Помир»

15.00 – Мунтахаби Тоҷикистон (U-23) – «Истиқлол»

28 феврал (шанбе)

13.00 – «Кӯктош» – «Хайр»

15.00 – «Истиқлол» – «Локомотив»

2 март (душанбе)

13.00 – «Локомотив» – Мунтахаби Тоҷикистон (U-23)

15.00 – «Истиқлол» – «Хайр»

Минтақаи Суғд

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

14 феврал (шанбе)

«Парвоз» – «Хуҷанд» - 0-5

Даври 2-юм

20 феврал (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 15.30

«Далерон-Ӯротеппа» – «Хуҷанд»

Даври 3-юм

23 феврал (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 15.30

«Парвоз» – «Далерон-Ӯротеппа»

Гурӯҳи «Б»

Даври 1-ум

15 феврал (якшанбе)

«Қайроққум» – «Канд» - 3-2

Даври 2-юм

18 феврал (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 15.30

«Эсхата» – «Қайроққум»

Даври 3-юм

20 феврал (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 15.30

«Канд» – «Эсхата»

Эзоҳ: дар тақвим мумкин аст тағйирот ворид шавад.

XS
SM
MD
LG