Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурӯши тимсоҳ (крокодил)-ҳо дар Душанбе (ВИДЕО ва АКС)


Дар ҳоле ки баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ боғи вуҳуши Тоҷикистон тимсоҳ ё крокодилро надидааст, фурӯшгоҳи "Аквотера" дар Душанбе ба фурӯши тимсоҳчаҳо сар кард, ки аз 400 то 500 доллар қимат доранд.

Тимсоҳчаҳо на танҳо тарсовар нестанд, балки баръакс меҳрубонӣ ва кунҷкобии бинандагонро бедор мекунанд.

Шояд ба ин сабаб аст, ки фурӯшгоҳи “Аквотера” дар Душанбе​ бозори фурӯши тимсочаҳоро рушд медиҳад. Ин ҳам дар ҳоле ки тимсоҳро ин ширкат қаблан барои ороиши мағозаи худ, ки ба фурӯши ҷонварони экзотикӣ машғул аст, оварда буд, аммо чун дида шуд, харидор дорад, ба фурӯши он шурӯъ кард.

Алиҷон Бозоров, фурӯшандаи мағозаи "Аквотера", ки яке аз ин тимсоҳчаҳоро рӯйи дасташ нигоҳ медошт ва тахтапушти онро сила мекард, мегӯяд, харидорон ба ин навъи ҳайвонот майли махсусе доранд.

Барои сокинони Душанбе тимсоҳ як ҳайвони нодир аст. Бори охир онҳо тимсоҳро дар боғи вуҳуши Тоҷикистон қабл аз ҷанги шаҳрвандӣ дида буданд ва ҳанӯз ҳам ин боғ тимсоҳ надорад.

Тимсоҳ (крокодил) дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Ба гуфтаи Алиҷон Бозоров, тимсоҳро аз фурӯшгоҳи онҳо одатан ширкатҳо ва бархе аз дӯстдорони ҷонварони экзотикӣ мехаранд. Аз 5 тимсоҳчае, ки ахиран ин фурӯшгоҳ аз парваришгоҳе дар Краснодари Русия ба Душанбе овардааст, 3-тои он ба фурӯш рафт. Ду тимсоҳчаи чормоҳа дар аквариум нигаҳдорӣ мешаванд.

Алиҷон Бозоров меафзояд: "Мо ду навъи тимсоҳ, яке нилӣ ва сето кайманӣ доштем. Нилӣ 6 метр ва дигарӣ 2,5 метр мешаванд. Ин ҷонвар аслан гӯшти говро дӯст медорад ва агар ғизоҳои серкалория ба ӯ дода нашавад, дер инкишоф меёбад ва чандон азимҷусса намешавад. Мо бештар ба харидорон тавсия медиҳем, аз хӯрокҳои хушку сунъӣ истифода кунанд. Азбаски дар боғи вуҳуш тимсоҳ нест, тамошобинони ин ҷонвар ҳам дар мағоза зиёданд."

Тимсоҳ ҷонварест, ки ба душворӣ ром мешавад ё аслан ромшаванда нест. Аммо ду тимсоҳи воридкардаи “Аквотера”-ро муассисаи Сирки давлатӣ барои барномаҳои худ харидааст. Аммо як тимсоҳи дигар, ки алакай беш аз 1-сола аст, дар ширкати “Тоҷикон Ҳолидей” дар бинои “Рӯдакӣ-Плаза” нигаҳдорӣ мешавад.

Ризо Самадӣ, корманди ин ширкат, ки аз масъулони нигоҳубини тимсоҳ аст, мегӯяд, дар муддати як сол дарозии тимсоҳи онҳо, ки Гена ном дорад аз 15 сантиметр ба бештар аз 50 сантиметр расидааст. “Тимсоҳро аслан мо барои ороиши утоқи корӣ ва ҷонвари ҷолиб буданаш нигоҳубин мекунем. Вай дар як аквариум бо сангпушт гузошта шудааст ва ҳарду ҳам дӯстанду бо ҳам бозӣ мекунанд,”-гуфт ӯ.

Ҷонвари дигари ҷолибу ғайриоддӣ дар мағозаи “Аквотера” нигуана аст. Ин ҷо ҳамчунин тортанак, бӯқаламун ё хамелеон ва навъҳои мухталифу ғайримаъмулии моҳӣ фурӯхта мешаванд. Савдогарон мегӯянд, моҳиҳо талабгори аз ҳама зиёд доранд.

Шумори дӯстдорони моҳӣ дар Тоҷикистон кам нест ва афроди зиёде хонаҳои худро бо аквариуми моҳиҳо зеб медиҳанду ба тамошои онҳо табъи худро болидаву хастагиҳоро берун месозанд. Аммо нигаҳдории тимсоҳ, ки воқеан дар Тоҷикистон, ҳатто боғи вуҳушаш солҳо боз чунин ҷонвар надорад, як чизи нав аст.

Дар боғи вуҳуш ба мо гуфтанд, дар масъалаи ворид кардани ин ҷонвар онҳо мушкиле надоранд, аммо ин боғ феълан шароити нигаҳдории тимсоҳро надоштааст. Масъулони боғи вуҳуш дар мавриди тимсоҳҳои фурӯшӣ мегӯянд, ин тимсоҳҳо сунъӣ парварда мешаванд ва умри зиёд намебинанд. Аммо барои дӯстдорони ҷонварони экзотикӣ муҳим ин аст, ки онҳо соҳиби чунин як ҷонвар ҳастанд. Вале маълум нест, вақте ки ин тимсоҳҳо ба андозаи табиии худ бузург мешаванд, барои онҳо дарди сар эҷод хоҳанд кард, ё на?

XS
SM
MD
LG