Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз ним соли асорат. Дидори волидон бо сарбозони озодшуда


Мухтор Калонов
Мухтор Калонов

Волидони чор марзбони тоҷик, ки аз асорати Толибон раҳо шудаанд, ба дидори фарзандони худ расиданд. Онҳо гуфтанд, эҳтимол баъд аз ташхиси вазъи саломатӣ писаронашонро ба онҳо супоранд.

Волидони чор марзбони тоҷик, ки тоза аз асорати гурӯҳи "Толибон" раҳо шуда, ба Тоҷикистон омадаанд, ба дидори фарзандони худ расиданд. Ин дидор баъд аз зӯҳри 17 июн дар Душанбе сурат гирифта ва онҳо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, эҳтимол фарзандонашон рӯзи панҷшанбе ё ҷумъа ба онҳо дода шаванд.

Фатҳулло Шодиев, падараи Меҳроҷ Шодиев, гуфт, "бо фарзандон дидор кардем. Ҳамаи онҳо хубанд. Ба мо гуфтанд, ки то як-ду рӯз вазъи саломати онҳоро ташхис карда, баъд месупоранд." Онҳо барои озодии писарони худ аз ниҳодҳои қудратӣ ва раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳори сипос карда, аммо ба ин суол, ки оё чор сарзбози аз асорат раҳошудаи нерӯҳои марзбонӣ ба хидматашон идома хоҳанд дод ё не, посух нагуфтанд. ​

Мулоқоти наздикон бо марзбонони аз асорат раҳошуда
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00

Мақомоти давлатии Тоҷикистон рӯзи 16 июн хабар доданд, чаҳор сарбози тоҷик, ки аз моҳи декабри соли 2014 дар асорати гурӯҳи "Толибон" буданд, озод ва рӯзи 11 июни соли ҷорӣ ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Инҳо:

  • Калонов Фарҳод Мухторович (1989, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе)
  • Шодиев Меҳроҷ Фатҳуллоевич (1994, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ)
  • Норбоев Туйчибой Абдусамадович (1995, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷакент)
  • Давлатов Сироҷ Исломидинович (1991, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Қумсангир) мебошанд.

Мақомот мегӯянд, озодии ин марзбонҳо аз сӯи ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон сурат гирифта, дар иттилоияе, ки хабаргузории расмии "Ховар" нашр кард, аз муосидати амири Қатар барои раҳоии сарбозон чизе гуфта нашудааст. Дар ин хабар мехонем, "дар натиҷаи гуфтушуниди расмӣ ва дидани чораҳои махсус бо мақомоти муайян, органҳои салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбозони қисми низомии 2610-ро, ки 17 декабри соли 2014 дар минтақаи сарҳадии 128/2-и Тоҷикистон аз ҷониби силоҳбадастони номаълум ба қаламрави Афғонистон рабуда шуда буданд, аз асорат озод карда, ба ватан баргардонданд."

Қаблан гуфта мешуд, марзбонон бо мусоидати амири Қатар Шайх Тамим Бин Ҳаммад ал-Сонӣ аз асорати Толибон раҳо шудаанд.

Маҳмудалӣ Амрияздон
Маҳмудалӣ Амрияздон

Маҳмудалӣ Амрияздон, додситони низомии вилояти Хатлон рӯзи 15 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додситонӣ алайҳи 5 узви гурӯҳи Толибон, ки чаҳор сарбози тоҷикро моҳи декабри соли гузашта гаравгон гирифтанд, парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Ҷаноби Амриязодон гуфт, ки парванда бар пояи се банди Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла “нигоҳ доштани шахс ба сифати гаравгон бо таҳдиди куштор ё расонидани зарар ба саломатии ва ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" боз шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, парванди ҷиноӣ алайҳи афроди мусаллаҳ дар асл моҳи декабр, ба дунболи рабуда шудани сарбозони тоҷик оғоз ёфт. Аммо хабари он то ҳоло эълон нашуда буд.

“Нисбати афғонҳои силоҳбадаст моҳи декабр парвандаи ҷиноӣ боз шуд, тибқи корҳои оперативӣ номҳои расмии онҳо маълум нестанд, лақабҳояшон оварда шудааст, шахсияти онҳоро пурра аниқ кунем, баъдан мавриди пайгарди қонунӣ қарор медиҳем, ҳоло ба амният супориш додаем, ки онҳоро пайдо кунанд,”-- гуфт додситони низомии вилояти Хатлон.

Аввалҳои моҳи марти соли равон пулиси ноҳияи Панҷ аз боздошти як шаҳрванди 20-солаи Афғонистон Зариф валади Ҳазратбӣ, ки бо қочоқи маводи мухаддир хабар дод. Гуфта мешуд, ки ин мард бо ба афроде дар гурӯҳи гаравгонгири Толибон робитаи хешовандӣ дорад ва эҳтимоли иваз кардани ин мард бо чаҳор гаравгон дар миён будааст. Аммо пулис мавҷудияти ин гуна музокиротро рад кард.

Абдуҷон Таваккалзода
Абдуҷон Таваккалзода

Абдуҷон Таваккалзода, раиси ноҳияи Панҷи ҳаммарз бо Афғонистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки хабари раҳоии чаҳор сарбозро ба хонаводаҳояшон расонида, мунтазири баргаштани сарбозон аз Қатар ҳастанд, ки қарор аст рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон оварда шаванд.

“Роҳбарияти давлат талош кард, ки аз Афғонистон, аз дасти Толибон сарбозонро озод кунад, ки онҳоро ба Қатар бурдаанд, вале намедонем, ки кай ба хонаводаҳояшон баргардонида мешаванд,” – гуфт раиси ноҳия.

Ба иттилои додситони вилояти Хатлон сарбозони рабурдашуда 19 декабри соли гузашта Фарҳод Калонов, соли таваллудаш 1996, Сироҷиддин Давлатов, соли таваллудаш 1991, Тӯйчибой Нурбоев, соли таваллудаш 1996 ва Меҳроҷиддин Шодиев, соли таваллудаш 1996 мебошад.

Исломиддин Давлатов, падари 65-солаи Сироҷиддин Давлатов, аз деҳаи Рӯдакии ноҳияи Қумсангир гуфт, ки рӯзи ҷумъа ҳафтаи гузашта хабари озодии писарашро шунидавст, аммо то ҳол ба дидораш нарасидаст. “Аз рӯзи ҷумъа дар поямон рост истода, мунтазир ҳастем, ки чӣ мешавад, бародар, худатон медонед, ки рӯзҳои вазнин доштем, ки бо фикри зиёд ва ғам мегузашт, бародарон ва хоҳарон дар ғами ман шарик будаанд, бо мадади Худованд сиҳату саломат баргардад.” – гуфт Исломиддин Давлатов

Ҳарчанд мақомот хабари раҳоии чаҳор сарбози тоҷик аз асорати Толибонро тасдиқ кардаанд, вале дар мавриди вазъи саломатии гаравгонҳои собиқ ва дар кадом шароит будани онҳо дар моҳҳои гузашта ба хонаводаҳояшон чизе нагуфтаанд.

Марзи Тоҷикистону Афғонистон даи ноҳияи Панҷ
Марзи Тоҷикистону Афғонистон даи ноҳияи Панҷ

Маҳмудалӣ Амрияздон, додситони низомии Хатлон гуфт, ки агар онҳо рӯзҳои сангинеро дар вақти гаравгон будан пушти сар карда бошанд аз идомаи хидмати сарбозӣ озод мешаванд. Ҷаноби Амрияздон гуфт: “Мо намедонем, ки онҷо чӣ шароит доштанд, дар кадом ҳолат будаанд, агар ҳолати вазнинеро пушти сар кардаанд, онҳоро озод мекунанд, ваъзияти саломатияшонро муайян мекунад, онҳо дар истироҳат не, балки дар гарав будаанд. Агар ягон мушкили вобаста ба саломатияшон набошад, хидматро идома медиҳанд.”

Додгоҳи низомии вилояти Хатлон Алимаҳмад Додокалонов, летенанти калон, сардори дидбонгоҳи қисми марзбонии 26 10-и ноҳияи Панҷро, ки бо фармони ӯ чаҳор сарбози тоҷик дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳезум мечиданд ва дар ин ҳолат ба дасти толибон афтидаанд, 6 апрел ба мӯҳлати 8,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Гаравгонҳои тоҷик рӯзҳои аввал дар ноҳияи Имом-Соҳиби вилояти Кундуз буданд , вале баъд аз ноором шудани авзоъ дар ин минтақа ба умқи Афғонистон интиқол ёфтанд. Ҷузъиёти ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар заминаи озод кардани гаравгонҳо аз дасти Толибон маълум нест, аммо дақиқ аст, ин музокироти бидуни сару садо анҷом шудааст.

Солҳои ахир Қатар дар бархе аз гуфтугӯҳҳои Толибон бо мақомоти Кобул ва ҳамчунин доираҳои сиёсиву ҳуқуқии Афғонистон миёнаравӣ кардааст. Толибон ҳамчунин дар Қатар намояндагии расмӣ доранд.

XS
SM
MD
LG