Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрдори нави Душанбе ба мақомот дастур додааст, ки дар миёни мардум маданияту фарҳанги шаҳринишинро тарғиб кунанд. Ҳукумати пойтахт рӯзи 20 феврал қарори Рустами Эмомалиро дар ин бора нашр кард, ки мегӯяд, ҳадаф аз дастур, "шарҳу тавзеҳи мазмун ва моҳияти санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ" ба мисли қонуну санадҳое ба мисли масъулияти падару модар, танзими анъанаву маросим ва сиёсати ҷавонон аст.

Бар асоси ин қарор, ки рӯзи 13-уми феврал имзо шудааст, гурӯҳи махсуси муштарак бояд дар маҳаллаҳои Душанбе бигарданд ва ба мардум бифаҳмонанд, ки дар шаҳр чӣ гуна бояд рафтор кард ва маданияту ахлоқи шаҳринишӣ дар Душанбе чӣ гуна аст.

Пешниҳоди як вакили маҷлиси шаҳри Душанбе, ки омадани “қишлоқиҳо” ба пойтахт танзим карда шавад, баҳсҳои тундеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт.

Дастури Рустами Эмомалӣ, раиси тозатаъйини шаҳри Душанбе дар бораи боло бурдани маданияту одоби шаҳрнишинӣ бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шуд ва зоҳиран ҳама гурӯҳҳои сокини пойтахт дар ин замина дидгоҳ ва назари худро доранд. Агар масъалаи иҷрои қонунҳо як тарафи масъала бошад, аксарият бо шунидани хабари тарғиби фарҳанги шаҳрнишинӣ аз тарзи рафтору одоби сокинони шаҳр лаб кушоданд.

Изҳороти "ҷанҷолӣ"-и вакили маҷлиси Душанбе

Баъди ин Баҳодур Раззоқов, як вакили маҷлиси Душанбе дар мулоқоти раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо мақомот ва фаъолони шаҳр рӯзи 15-уми феврал пешниҳод кард, ки омадани “қишлоқиҳо” ба Душанбе ба танзим оварда шавад, зеро бисёре аз онҳо маданияту одоби шаҳрнишиниро намедонанд. Ин изҳорот баҳсҳои тундеро дар шабакаҳои

Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ

иҷтимоӣ барангехт. Онҳое, ки ин изҳоротро интиқод карданд, ба ин назаранд, ки ҷоиз нест мардуми як кишварро ба гурӯҳҳо тақсим кард, чунки ҳар як сокини ин кишвар ҳақ дорад дар ҷое, ки дилаш хост, зиндагӣ кунад. Ин гурӯҳ мегӯянд, аъзои ҳукумати кунунӣ ҳам аксарият аз манотиқи мухталифи кишвар омадаанд.

Онҳое, ки ба интиқод гузаштанд, далелҳои худро доранд. Ин гурӯҳ ҳамчун намунаи коста шудани фарҳанги рафтор дар кӯчаву хиёбонҳо -пӯшидани либоси хонагӣ ва ё аз ҳад пурдабдаба дар ҷои кору макони ҷамъиятӣ, муомилаи дағал бо ҳамдигар, истифода аз забони шева дар гуфтугӯ ва кор ва масоили марбут ба хона ва ҳамсоядориро зикр мекунанд.

Дар ҳоле, ки ҳанӯз мушаххас нест шаҳрдории Душанбе дар, ба истилоҳ, тарбияи рукнҳои хуби фарҳанги шаҳрнишинӣ аз кадом роҳҳо истифода мекунад, коршиносон мегӯянд, ин ҷараён соддаву осон ва кори як солу ду сол нест.

“Барои дар шаҳр зистан мафкураи шаҳрӣ буданро бояд донист”

Зафар Мирзоён, фарҳангшиноси тоҷик ва муаллифи китоби “Ойини шаҳрнишинӣ” мегӯяд, барои зистан дар шаҳр пеш аз ҳама мафкураи манишу куниши мардуми шаҳрро бояд донист. Ба гуфтаи ин донишманди тоҷик, ин мафкура дар муддати кутоҳ ба даст намеояд, чун шаҳрнишинӣ аз сухан гуфтан оғоз шуда, то роҳ рафтану тамизи ҷои хобу зиндагӣ ва тақрибан тамоми паҳлӯҳои зиндагиро дарбар мегирад.

Зафар Мирзоён, донишманди тоҷик.
Зафар Мирзоён, донишманди тоҷик.

Зафар Мирзоён дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “ба ойини шаҳрнишинӣ расидан дар он сурате ба даст меояд, ки шаҳрнишинон дар онҷо муддати дарозе, яъне 20-30 сол ва ё бештар дар шаҳр зиндагӣ карда бошанд ва ойини шаҳрнишиниро бояд омӯхта бошанд. Баъди ҷанги шаҳрвандӣ ойини шаҳрнишинӣ аз ёди тоҷикон рафт, чун мардуми шаҳрнишини аврупоӣ, ки бо мо дар ҳамсоягӣ мезистанд, рафтанд ва фарҳанги шаҳршиниширо низ бо худ бурданд. Ҷойи онҳоро шахсони аз деҳотомада пур карданд ва ин як раванди табиист ва мо наметавонем бигӯем, ки фарҳанги шаҳрнишинӣ бо айби сокинони деҳот паст шуд. Ман қаблан дар як мақолаи худ гуфта будам, ки Кӯлоби мо шаҳр нест, гарчанде собиқаи 2700 сола дошта бошад. Чаро? Чунки пеш аз ҳама бояд мафкураи манишу куниши мардуми шаҳриро бояд тарбия кард. Ин тарбия дар 10-20 сол ба вуҷуд намеояд.”

Ба таъкиди ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, қаблан дар замони Шӯравӣ ҳатто агар боқимондаи сигорро ба қуттии мусор намепартофтанд, ҳатман шахсе пайдо мешуд ва мегуфт, ки “бародар, инро аз замин бардор. Аммо ин одат ҳоло аз байн рафтааст”.

Асрориён: "Шаҳр намунаи тамаддун аст"

Ҷонибеки Асрориён
Ҷонибеки Асрориён

Аммо Ҷонибек Асрориён, фарҳангшинос ва таърихшиноси тоҷик мегӯяд, шаҳр намунаи тамаддун аст ва“мардуме, ки аз дигар ҷо меоянд, бояд ба шаҳр мисли зодгоҳи худ муносибат кунанд, на мисли ҷое ки мавсимӣ омадаанд. Озодии шаҳр албатта аз озодии деҳа фарқ мекунад ва дар ин ҷо озодӣ нисбатан бештар аст. Барои ҳамин ҳам, агар ин озодӣ бидуни риояи одобу ахлоқ бошанд, он вақт муносибат фосид мешавад ва албатта боиси шармандагӣ мешавад.”

Мавзӯи одоби шарҳнишинию риояи одоби муносиб ба одоби як сокини пойтахт бисёр сокинони Душанберо ҳам бетараф нагузоштааст.

"Дар шаҳри якчашма якчашма шав"

Маҳмадхуҷа Диловаров, омӯзгори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва аз намояндагони насли ҳанӯз шӯравии Душанбе мегӯяд, сокини шаҳр бояд бо рафтор ва одоби хуб барои дигарон намуна бошад. Вай гуфт, “шарт нест, ки вуруди сокинон аз деҳот ба шаҳр маҳдуд карда шавад, балки ба ин шахсон одоби шаҳрниширо омӯзонем. Вақте бархе аъзои ҷомеа суханҳои қабеҳ мегӯянд ва рафтори ношоиста мекунанд, ба онҳо бояд нишон диҳем, ки чӣ тавр дар шаҳр бояд зиндагӣ кард. Аксари шахсони аз деҳотомада тарбияи хуб доранд, вале дар миёнашон ҳастанд нафароне, ки тарбияи нохуб низ доранд.”

Ин омӯзгор мегӯяд, мақоли “дар шаҳри якчашма якчашма шав” ба ҳамин манзур аст ва сокинони пойтахт бояд бо рафтори хуби худ дигар аъзои ҷомеаро дар худ ҳазм кунанд, на ин ки ба онҳо монанд шаванд. Яке аз хостҳои ӯ ин аст, ки сокинони пойтахт бо ҷомаву ҷелак дар кучаҳо нагарданд.

Ортиқи Қодир, ҳунарманди шинохтаи тоҷик мегӯяд, ин масъала баъди ҷанги шаҳрвандӣ доғ шуд ва бесомониҳои солҳои 1990-ум ба ахлоқу одоби сокинони пойтахт, ки дар миёнашон шумори зиёди муҳоҷирон аз манотиқу деҳот буданд, таъсиргузор шуд. Ба гуфтаи Ортиқи Қодир, Душанбе як шаҳри гуногунфарҳанг буд ва миллатҳои мухталиф дар ин ҷо зиндагиву кор мекарданд. Бо шурӯи ҷанг русзабонҳо Тоҷикистонро тарк карданд ва кишвар асосан дар ихтиёри худиҳо монд.

Ортиқи Қодир.
Ортиқи Қодир.

“Омадани деҳотиҳо ба маданияти шаҳрдорӣ то ҷое таъсири манфӣ расонд. Масалан, дар биноҳои баландошёна ҷойи махсус барои партофтани партов аст. Ман бисёр мушоҳида кардам, ки аз ҳамон балкон партовҳоро ба зер меандозанд. Инҷо, ки омаданд, ҳатто ҳамон одоби руйи ҳавлиро тоза нигоҳ доштанро хуб риоя намекунанд.”

Ҷомеашиносон мегӯянд, пойтахти ҳама кишварҳои олам аз назари рисолати иқтисодиву иҷтимоиашон нақши муҳиме дар ҳаёти сокинон мебошад. Таҷаммӯи сокинони зиёди манотиқи дигари кишвар дар пойтахти Тоҷикистон, ки як раванди муҳоҷирати дохилӣ аст, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо далели амниятӣ шурӯъ шуда, баъдан хусусияти иқтисодӣ касб кард. Бо кам шудани имконияту ҷои кор дар манотиқи дурдаст, аз кор мондани корхонаҳо ва боло рафтани нақши тиҷорату бозор, бисёр сокинони манотиқи дигар ба Душанбе дар ҷустуҷӯи даромад меоянд.

Ҳоло шумори расмии сокинони пойтахт аз 800 ҳазор бештар буда, бовар меравад, дар асл беш аз 1 миллион нафар дар Душанбе зиндагиву кор мекунанд. Дарсади қишри ба истилоҳ сокинони доимиву “омадаи” пойтахтро мушаххас кардан душвор аст, вале аз лиҳози зоҳирӣ, дар давоми 25 соли охир симои сокинони пойтахт хеле тағйир ёфта, бештар чеҳраи моногамӣ касб кардааст. Бархе коршиносон, ки ба ин ҷараёнҳо ҳамчун падидаи илмиву иҷтимоӣ менигаранд, мегӯянд, баъди тахминан 20-30 сол қишри замонавии сокинони пойтахт ташаккул меёбад, ки фарҳанги шаҳрнишинии худро хоҳанд дошт ва меъёри рафтору одоб дар пойтахтро муайян мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG