Мақомоти шаҳри Маскав мегӯянд, кинотеатри «Тоҷикистон»-ро то поёни соли равон пурра аз байн бурда, аз баҳори оянда дар ҷои он сохтмони як маркази фарҳангиву фароғатиро шурӯъ хоҳанд кард.
Андрей Бочкарёв, раиси департаменти сохтмони шаҳрдории Маскав рӯзи 10 ноябр ба хабарнигорон гуфт, «демонтажи кинотеатри «Тоҷикистон» ҳамин сол ба анҷом расида, бо амри шаҳрдор Сергей Собянин ба ҷои он маркази фарҳангиву фароғатӣ сохта хоҳад шуд.
Бинои сеқабатаи кинотеатри «Тоҷикистон» ҳанӯз соли 1982 ҳамчун рамзи «дӯстии халқҳо» дар минтақаи Строгинои пойтахти вақти Иттиҳоди Шӯравӣ ва пойтахти кунунии Русия дар кӯчаи Маршал Катуков дар майдони 7 000 метри мукааб қомат афрохта, то соли 2001 ба ҳайси толори кинову консерт амал мекард. Дар солҳои охир ин бино асосан ба мағозаҳову қаҳвахонаҳо ба иҷора дода мешуд ва чанд сол боз масъалаи тахриби ону сохтани бинои муосиртаре дар ҷои кинотеатр матраҳ буд.
Департаменти сохтмони шаҳрдории Маскав ҳанӯз як сол қабл, дар тирамоҳи соли 2013 эълон кард, ки барои тахриби кинотеатри “Тоҷикистон” 3,5 миллион рубл, муодили тақрибан 115 000 доллар ҷудо кардааст. Барои тахриби ин кинотеатри воқеъ дар ҳавзаи маъмурии шимолу шарқии Маскав он вақт ҳадди аксар шашуним моҳ фурсат дода буданд, вале дар ниҳоят демонтажи “Тоҷикистон” дар минтақаи Строгино инак беш аз як сол боз тӯл мекашад.
Дар эълони расмии ин озмун гуфта мешуд, “як бинои сеқабатаи кинотеатри сохти соли 1982 бо масоҳати умумии 6 998 метри мураббаъ, воқеъ дар кӯчаи маршал Катуков, хонаи рақами 8, демонтаж мешавад. “
Ин видеоро хабарнигори Озодӣ дар Маскав дар моҳи сентябр аз кинотеатри ҳанӯз тахрибнашудаи "Тоҷикистон" оварда буд:
Бино бар Барномаи сармоягузории ҳадафмандонаи шаҳри Маскав барои солҳои 2014-2016, бояд дар ҷои кинотеатри “Тоҷикистон” маркази фарҳангиву фароғатии муосир бунёд шавад. Ин марказ дигар номи “Тоҷикистон”-ро нахоҳад дошт, балки ба он алакай ба номи минтақае ки ҷойгир шудааст, "Строгино" ном додаанд.
Кинотеатри “Тоҷикистон”, ки дар байни сокинони минтақаи Строгино бо номи “Кишлак” (“Қишлоқ”) маъруф будааст, соли 1982, вақте Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз побарҷо буд, сохта шуда, ба нишони арҷгузорӣ ба дӯстии халқҳои Шӯравӣ, ки як меҳвари бунёдии СССР ба шумор мерафт, номи яке аз “ҷумҳуриҳои дӯсту бародар”, яъне Тоҷикистонро гирифт.
Ба номи ҷумҳуриҳои шӯравӣ ё пойтахтҳои ин ҷумҳуриҳо ва ё кишварҳои лагери сотсиалистӣ гузоштани исми кинотеатру фурӯшгоҳҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ як амри маъмул, балки аз ҷумла хаттимашҳои он давлат ба шумор мерафт. Сарони давлати Шӯравӣ бо ин гӯё таъкид мекарданд, ки ба ҳамаи халқҳои пайваста ба роҳи бунёди сотсиализму коммунизм баробар арҷ мегузоранд. Дар ҳамон айём буд, ки дар Маскав кӯчаи Тоҷикистону гастрономи “Тоҷикистон” ва ҳам кинотеатри “Тоҷикистон” пайдо шуд. Монанди кӯчаву кинотеатри “Киргизия”, ё “Узбакистон”, ё “Ташкент” ва амсоли ин.
Чунин шеваи номгузорӣ танҳо хоси Маскав ваё пойтахтҳои дигари Шӯравӣ набуд, балки тамоми давлатҳои блоки коммунистиро фаро мегирифт. Барои мисол, дар шаҳри Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех низ як маҳаллаи алоҳидае ҳаст, ки исми тамоми кӯчаҳояш ба номи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказист. Ин маҳаллаи борат аз 6 кӯча дар баробари Kirgizská (Қирғизистон), Kazašská (Қазоқистон), Turkmenská (Туркманистон), Uzbecká (Узбакистон) ва Taškentská, ки ба шарафи Тошканд – пойтахти Узбакистон - номгузорӣ шудааст, як кӯчаи алоҳидаи Tádžická, яъне Тоҷикистон ҳам дорад.
Аммо ба фарқ аз кишварҳои Шӯравии собиқ, ки дар ҷараёни маъракаи ҳазфи мероси он замон, аз ҷумла номгузории исми кӯчаву иншоотро бозбинӣ ва дар аксари маворид номгузории он давронро тақрибан ба пуррагӣ ҳазф карданд, ба назар мерасад, ки дар Прага касе дар чунин фикр нест. Балки дар инҷо ин номҳоро мехоҳанд ҳамчун мероси як қисмати кӯтоҳу фоҷиабор, вале ба ҳар сурат, як қисмати таърихи худ ҳифз кунанд.