Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радду бадали Чину Амрико дар бораи уйғурҳо ва Осиёи Марказӣ


Гэн Шуан, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин
Гэн Шуан, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин

Баъд аз ду рӯзи изҳороти мақоми баландпояи амрикоӣ дар бораи ҳамкориҳои Чину кишварҳои Осиёи Марказӣ ва вазъияти уйғурҳо, Пекин ҳам посух дод ва аз Иёлоти Муттаҳида хост, "дар талоши тафриқаандозӣ набошад". Дар ин бора Гэн Шуан, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин рӯзи 24-уми сентябр дар нишасти матбуотӣ дар Пекин изҳорот дод.

Майк Помпео, котиби давлатии Амрико, рӯзи 22-юми сентябр дар нишасти C5+1 ё ҳамоиши вазирони умури хориҷии Осиёи Марказӣ ва Амрико дар Ню-Йорк, аз онҳо хост, бо Чин зиёд наздик нашаванд.

Гэн гуфт: "Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ҳамсояҳои наздики вилояти мухтори Шинҷони Чин ҳастанд. Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар бораи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа назар ба Амрико иттилои бештар доранд. Онҳо медонанд, ки мардуми ҳама қавмиятҳо дар Шинҷон дар шароити сулҳу ризо зиндагӣ мекунанд ва аз озодиҳои мазҳабӣ мувофиқ бо қонунҳои Чин бархӯрдор ҳастанд."

Ӯ дар идома гуфт, дар асл аз замони таъсиси вилояти мухтори Шинҷон, аҳолии ин минтақа сол то сол афзоиш меёбад. Ба қавли сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин, дар Шинҷон 24 ҳазор масҷид амал мекунад, ки "ба ҳар 530 мусалмон як масҷид рост меояд".

Вай афзуд, изҳороти Майк Помпео дар бораи ин ки "Чин дар талоши нобуд кардани фарҳанг ва дини мусалмонон аст, аз асли ҳолат иттилоъ надорад".

Гэн дар идома гуфт, 2Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамсояҳои ба ҳам дӯст ва шарикони стратегӣ мебошанд. Мо ба мисли лабу дандон ба ҳам пайванд ҳастем" ва "амнияти Шинҷон ба манфиати Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад".

Гэн инчунин гуфт, кишварҳои минтақа аз талошҳои Чин дар амри мубориза бо терроризм пуштибонӣ мекунанд ва дӯстии ин кишварҳо ва Чин бар асоси, ба гуфтааш, бар зидди "се душман" равона шудааст. "Аз ин хотир, талоши тафриқаандозӣ дар миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳеҷ гоҳ пирӯз намешавад", -- афзуд ӯ.

Изҳороти дипломати чинӣ дар посух ба як таъкиди котиби давлатии Амрико садо дод, ки рӯзи якшанбе дар ҳошияи нишасти Маҷмаи кулли Созмони Милал бо вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи панҷгона мулоқот доир кард.

Помпео рӯзи 22-юми сентябр гуфт, маъракаи мақомоти чинӣ ба зидди уйғурҳои Шинҷон бо терроризм иртибот надорад. "Ин як кӯшиши аз байн бурдани эътиқод ва фарҳанги мусалмонони ин кишвар аст", -- гуфт Помпео ва афзуд, "мо аз тамоми кишварҳо даъват мекунем, ки ба тақозоҳои Чин дар бораи истирдоди уйғурҳо муқовимат нишон диҳанд."

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, тақрибан як миллион уйғури Чин ва қавмҳои дигари мусалмон дар урдугоҳҳои вилояти Шинҷон нигаҳдорӣ мешаванд. Чин исрор меварзад, ки дар ин марказҳо саводу малака меомӯзанд.

Вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзи 22-юми сентябр ҳамчунон ба сармоягузориҳои Чин дар Осиёи Марказӣ ишора кард. Баъзе аз мансабдорони амрикоӣ мегӯянд, Чин кишварҳои Осиёи Марказиро ба гирифтани қарзҳое ташвиқ мекунад, ки имкони баргардондани онро надоранд ва ба эҳтимоли зиёд ба Пекин дар корҳои дохилӣ ва дастрасӣ ба захираҳои табиии онҳо нуфузи бештар хоҳанд дод.

То ҳоло назари мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ба изҳороти ахири амрикоиҳову чиниҳо маълум нест. Вале барои бархе аз онҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, Чин як шарики муҳими тиҷоративу иқтисодӣ шуда, ҳаҷми азими қарзҳои берунаашонро ҳам Чин фароҳам овардааст.

XS
SM
MD
LG