Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқтисоди пешсафи Чин дар Осиёи Миёна


Чин детар аз Амрико ва Русия барномаи иқтисодию тиҷоратии Осиёи Марказиро пешниҳод кард, аммо дар татбиқи он пешсафтар аз ин ду кишвар аст.

Ин барнома зиёд ситоиш намешавад ва гӯё зери як пардаи сирру асрор ниҳон аст. Мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи он расман изҳори назар накардаанд, вале рӯзномаи давлатии Чин- «Женмин Жибао» навишт, барномаи мазкур аз тарафи раисҷумҳури Чин Си Сзинпин дар сафари ахираш ба Осиёи Марказӣ дар моҳи августи соли гузашта ба сарони минтақа пешниҳод шуда, паёмаш ин аст, ки Пекин мехоҳад, якҷо бо ин кишварҳо дар канори Роҳи Бузурги Абрешим як «камарбанди иқтисодӣ» бунёд кунад. Ба навиштаи нашрия, сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба пешниҳоди стратегии роҳбари Чин аллакай посухи мусбат доданд ва хоҳони иштирок дар ин лоиҳаи бузург шудаанд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00
Линки мустақим


Касе, ки ин барномаро дидааст, роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, Худойбердӣ Холиқназаров мегӯяд, он аз се бахш иборат аст: ин рушди арсаи нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавоӣ дар Осиёи Миёна ва пайванди ин кишварҳо бо Чин, вусъат додани истихроҷи газу нафт ва дигар маъданҳои табиӣ дар ин минтақа. Ҷаноби Холиқназаров мегӯяд, ин талоши Чин аз доктринаи ҳарбӣ ва ё амниятии ин кишвар маншаъ мегирад: «Дар стратегияи сиёсати хориҷии Чин аз соли 2001 омадааст, ки ҳар чӣ қадар кишварҳои ҳамсоя аз лиҳози иҷтимоӣ осуда бошанд, ҳамон қадар таъмини амният дар он ҷо хуб мешавад ва дигар кишварҳо наметавонанд аз ноамниашон ба зиёни минтақа истифода кунанд. Бинобар ин, ин барномаи рушду равнақ аст ва ягон ҳадафи сиёсӣ надорад».

Худойбердӣ Холиқназаров, раиси МТС.
Худойбердӣ Холиқназаров, раиси МТС.
Аммо танҳо Чин нест, ки барномаи рушди минтақаи Осиёи Марказиро пешниҳод кардааст. Ду «бозигар»-и стротегии минтақа Русияву Амрико низ барномаҳои хоси худро дар қиболи ин минтақа доранд. Русия барномаи «Ховари Миёнаи нав» ва Амрико «Роҳи нави абрешим»-ро пешниҳод кардаанд. Вале суоли матраҳ ин аст, ки кадоме аз ин барномаҳо бештар ба суди Тоҷикистон аст ва кишвар аз байни ин се барнома ба кадоме бояд бартарӣ диҳад? Холиқназаров мегӯяд, таҷрибаи чанд соли охир нишон медиҳад, Чин дар қиёс бо Русияву Амрико дар ваъдаи додаи худ содиқ мондааст:

«Аз эълон шудани барномаи бузурги «Роҳи нави абрешим» Амрико панҷ сол гузашт. Аммо то ҳол лоиҳаи САSA-1000 ва дигар нақшаҳои ин тарҳи бузург амалӣ нашудаанд. Ёд доред соли 2004 Русия чӣ ваъдаҳо дода буд? Куҷо шуданд он ваъдаҳо, канӣ лоиҳаҳои иҷрошуда. Аммо вақте дар Шанхай созишномаи додани қарзҳои камфоиз ба Тоҷикистон имзо шуд, аз соли 2007 ин барнома шурӯъ шуд ва мо аз Чин ҳудуди 670 миллион доллар қарзҳои имтиёзнок гирифтем».

Зимнан бархе аз коршиносон мегӯянд ваъдахилофию кашолкории Русияву Амрико ва дар ваъдааш содиқ мондани Чин, на танҳо ба зарфияти молии онҳо, балки ҳамчунин ба сохтори ин кишварҳо низ бастагӣ дорад. Ба гуфтаи онҳо, дар Чин аксарияти ширкатҳо давлатианд ва бо як супориши роҳбари партиявӣ онҳо ба иҷрои тарҳ дар ҳар гӯшаи дилхоҳи дунё оғоз мекунанд. Аммо дар Русияву Амрико ширкатҳо хусусианд ва онҳо бо назардошти судовар будани тарҳҳо дар дигар кившарҳо сармоягузорӣ мекунанд на бо ишораи мансабдорони кишварашон.

Рашид Олимов, сафири Тоҷикистон дар Чин.
Рашид Олимов, сафири Тоҷикистон дар Чин.
Сӯҳбатҳои мо бо мансабдорони тоҷик дар вазорату идораҳое, ки бо фаъолияташон бо ин мавзӯъ рабт мегирад нишон дод, ки онҳо дар ин маврид иттилои хеле кам ва ё умуман надоранд. Танҳо дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо мо ба шарти набурдани номаш як мақомдор гуфт, онҳо воқеан аз пешниҳодҳои Амрикову Русия огоҳанд, вале то ба ҳол аз Чин бо ин ном ягон пешниҳоде нагирифтаанд. Аз мақомҳои расмии Тоҷикистон дар ин маврид танҳо Рашид Олимов, сафири Тоҷикистон дар Чин дар як конфронс изҳори назар карда, бо шеваи шоирона гуфтааст: «Бунёди камарбанди иқтисодии дар канори ҷодаи роҳи Абрешим монанди як боди мусоид (шурта) аст, ки бодбони ҳусни ҳамҷаворӣ ва шарикиро миёни кишварҳо ба пеш тела мекунад. Олимов гуфтааст, иҷрои ин тарҳ ба манфиатҳои ҳамаи иштирокдорони он дар минтақаи Осиёи Миёна аст.

Дар ҳамин ҳол бархе аз коршиносони дигар мегӯянд, Тоҷикистон то ҳол чун як кишвари пасошӯравӣ аз мадори иқтисодӣ сиёсии Русия берун нашудааст ва бояд бештар бо ин кившар ҳамкорӣ кунад. Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири президент мегӯяд, барои мо аз ҳама кишвари боваринок Русия аст: «Барои мо аз ҳама кишвари боваринок Русия аст, на Чин ва на Амрико. Чунки ин кишвар ба мо наздиктар аст ва сарнавишти кишвари мо ба онҳо бештар вобастагӣ дорад».

Иброҳим Усмонов
Иброҳим Усмонов
Ҷаноби Усмонов дар посух ба иддаои онҳое, ки Русия ба аҳдҳои соли 2004 вафо накард, афзуд ки ин кишвар Русияи горбачовӣ, елтсинӣ ва ҳатто давраи аввали ҳукмронии Путин нест ва комилан як кишвари дигар аст. Ба гуфтаи Усмонов, Русия ҳоло мавқеашро дар асаи ҷаҳонӣ ба маротиб қавитар сохт ва тақдири кишварҳоеро мисли Гурҷистону Абхазистон ва ҳоло Сурия дигар кард. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, коршарикӣ бо Русия ба суди Тоҷикистон аст.

Зимнан Русия мувофиқи омори расмӣ то ба ҳол шарики асосии иқтисодии Тоҷикистон боқӣ монда, ҳаҷми гардиши мол дар нӯҳ моҳи соли 2013 ҳудуди 707 миллион долларо ташкил кардааст. Дар ҳоле, ки ҳаҷми гардиши моли Тоҷикистону Чин дар ҳамин муддати вақт каме беш аз 480 милллион доллар аст. Аммо иқитисодонҳо вақтҳои ахир омори расмии гардиши мол байни Чину Тоҷикистонро зери шубҳа монда мегӯянд, фарқият миёни омори гумруки Чин ва Тоҷикистон беш аз як миллиард аст. Барои мисол, соли гузашта мувофиқи омори Тоҷикистон гардиши мол бо Чин 670 миллион доллар аст, аммо гумруки Чин гуфтааст, гардиши мол ба миқдори 1 миллиарду 700 миллион доллар буд. Агар ба омори мақомотҳои давлати Чин такя кунем, ин кишвар кайҳо боз ба коршарики асоси иқтисодии Тоҷикситон мубаддал шудааст.
XS
SM
MD
LG