Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳмотбозии нобиноён дар Хуҷанд (ВИДЕО)


Дар маркази вилояти Суғд мусобиқаи ғайриоддии шоҳмот байни нобиноён доир шуд. Бозигарон мегӯянд, мӯҳраҳои бозиро онҳо бо ангушт мешиносанд.

Нобиноёни шаҳри Хуҷанд ҷиҳати рангин гардондани зиндагии худ байни ҳам мусобиқаи шашкаву шоҳмот доир карданд. Дар ин мусобиқа 20 нобинову хирабинҳо, мардону занон, ки ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта буданд, дар толори тозаву барҳавои як чойхонаи канори рӯди Сир бо ҳам нерӯ озмуданд. Тахтаҳову мӯҳраҳои шашкаву шоҳмот бо нишонҳое, ки нобиноён ба ангушт мешиносанд, аз муқаррарӣ фарқ доштанд. Абдулло Маҷидови 70-сола кӯҳансолтарин ширкатгари мусобиқаи нобиноён аст.

Вай мегӯяд: “Мӯҳраҳои сафед ҳамвор, сиёҳ захмҳо дорад. Дигар, хонаҳои сиёҳу сафед ҳам дар байн сурохиҳо доранд, инҳоро ба даст ламс карда мефаҳмем. Дар мусобиқаи байни мо иҷозат аст, ки ба муҳраҳо даст барем ва манзараи умумии рӯйи тахтаро ба фикр гирем. Барои ҳамин мусобиқаи мо мусобиқаи тасаввуру фикрҳоямон ҳам ҳаст. Барои навёдгирон тахтаҳои шоҳмоте ҳам ҳаст, ки дар муҳраҳо гардиши ҳар мӯҳра, масалан, аспу фарзин бо алифбои брайлӣ навишта шудааст. Асп ф3, ф4, мисли инҳо. Ин ҷо байни мо шоҳмоту шашкабозҳои моҳир ҳастанд, онҳо бозӣ карданро ёд медиҳанд.”

Амаки Абдулло дар 34-солагии худ бар асари бемории чашмон аз биноиаш маҳрум гаштааст. Вай узви ҷамъияти ихтиёрии нобиноёни Суғд аст ва иштирок дар чунин маҳфилу нишастҳои нобиноёнро меписандад.

“Ҷамъият, роҳбарон рӯҳияи нобиноён баланд шавад, худро дар ҷомеа нодаркор ҳис накунанд, гуфта, барои мо ҳамин гуна маҳфилҳо ташкил мекунанд.”
Ин як мусобиқаи ҳавасмандон байни нобиноёни Хуҷанд буд. . Танҳо як нафар аз байни онҳо, Абдуғафур Алиев унвони номзад ба устоди шашкаи русиро дорад. Ҳам ӯст, ки ба мақсади шод кардани хотири нобиноён дар маркази ҷамъияти нобиноён, ки он ҷо коргоҳи махсуси нобиноён фаъол аст, дар соатҳои фориғ аз кор ба онҳо шашкаву шоҳмот меомӯзад.

Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ин ҷо байни мо дигар ҳунарварон ҳам ҳастанд. Дастаи карнайнавозон, овозхонҳо. Байни онҳо ҳам мусобиқаву озмунҳо ташкил кардан мумкин. Ҳоло ғайр аз шашкаву шоҳмот бархе нобиноёни мо ба варзиши армреслинг, дастхобонӣ ҳам машғуланд. Ҳарчанд барои бачаҳои мо ин як навъи нави варзиш аст, аммо як намояндаи мо дар мусобиқаи дастхобонӣ байни нобиноёни кишварҳои Осиёи Миёна ширкат карда, ҷойи сеюмро ба даст овард.”

Абдуғафур Алиеви 56-сола аз модар бо биноии хеле заъф ба дунё омадааст ва китобро бо алибои Брайл мехонад. Вай 40 сол инҷониб дар коргоҳи нобиноён дар Хуҷанд кору фаъолият мекунад. Дар ҳоли ҳозир ин корхона ҳудуди 40 коргари марду зан дорад. Онҳо 180 сомонӣ моҳона мегиранд. Ғайр аз ин давлат ба онҳо нафақа медиҳад.

Марҳамат Ҷӯрабоева, сардори сехи корхона дар назди ҷамъияти нобиноёни Хуҷанд мегӯяд, ҳарчанд имконоти молии ин корхона маҳдуд аст, баҳору тобистон барномаҳои фароғатиеро барои нобиноён рӯйи даст мегирад.

“Аз моҳи май мо аз ҳисоби корхона нобиноёни корхонаро ба соҳили Баҳри Тоҷик ба Қайроқум мебарем, ки соате дар канори ҳамдигар дами беғам занад. Ғайр аз ин ба оғӯши табиат ҳам якҷоя сафар мекунем.”

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатонам - узви ҷамъияти нобиноён дар шаҳри Хуҷанд онҳо барои баргузор кардани маҳфилу мусобиқаҳои худ ба дастгирии бештари ҳукумат ва афроди саховатпеша ниёз доранд. Ин ҷамъият ҳудуди 500 нобинову ва хирачашмонро аз маркази вилоят ва чаҳор шаҳру ноҳияҳои атрофи он ба ҳам овардааст.

Мусобиқаи шашкаву шоҳмот байни нобиноён таҳти сарпарастии ҳукумати Хуҷанд сурат гирифт. Ва ин аввалин мусобиқаи тирачашмон буд, ки имсол баргузор гардид. Тирамоҳи соли равон мусобиқаи вилоятии онҳо оид ба шоҳмот ва шашкаи русӣ дар Хуҷанд баргузор мегардад.
XS
SM
MD
LG