Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Черчесов сармураббии тими миллии футболи Қазоқистон шуд


Станислав Черчесов
Станислав Черчесов

Сармураббии пешини тими миллии футболи Русия Станислав Черчесов дастаи мунтахаби Қазоқистонро раҳбарӣ мекунад.

Федератсияи футболи Қазоқистон хабар дод, ки Черчесов ба ҷойи Магомед Адиеви рус сармураббии тими миллии Қазоқистон таъйин шудааст.

Станислав Черчесови 60-сола дар гузашта дарвозабони дастаҳои мунтахаби СССР, ИДМ ва Русия буд. Вай қисми бештари "карйера"-ашро дар дастаҳои "Спартак"-и Маскав ва "Тирол"- Инсбрук сипарӣ кардааст.

Черчесов дар Русия, Австрия, Лаҳистон (Полша) ва Маҷористон (Венгрия) низ ҳамчун мураббӣ кор кардааст.

Федератсияи футболи Қазоқистон ҷузъиёти қарордоди Черчесовро ифшо намекунад.

"Спорт-Экспресс" навишта, ки ӯ то охири бозиҳои интихобӣ барои чемпионати ҷаҳон дар соли 2026 дастаи Қазоқистонро раҳбарӣ мекунад ва сипас эҳтимол дорад, ки муҳлати қарордод ду соли дигар дароз карда шавад.

XS
SM
MD
LG