Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ярмаркаҳои маҳсулоти арзон - дар 3 рӯзи охири Рамазон (ВИДЕО)


Дар се рӯзи охири моҳи Рамазон дар даҳҳо маҳаллаи пойтахти Тоҷикистон ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти арзон ташкил хоҳад шуд. Ин ярмаркаҳо се соат субҳ ва се соат шом кор хоҳанд кард.

Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ба хотири дастгирии сокинони шаҳр дар моҳи шарифи Рамазон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон рӯзҳои 25-27 июл бо нархи арзон дар беш аз 50 маҳаллаи шаҳри Душанбе ярмаркаи маҳсулоти хӯрока доир кунад. Хадамоти матбуоти шаҳри Душанбе рӯзи 23-юми июл хабар дод, ки рӯзҳои ҷумъа, шанбе ва якшанбеи ҳафтаи равон дар 24 маҳаллаи ноҳияи Фирдавсӣ, 20 маҳаллаи ноҳияи Сино, 17 маҳаллаи ноҳияи Шоҳмансур ва инчунин дар маҳаллаҳои алоҳидаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз соати 5 то 8-и субҳ ва аз соати 18 то 21 ярмакаи фурӯши маҳсулоти хӯрока доир карда мешавад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ин ярмаркаҳо шир бояд бо нархи 3 сомонӣ барои як литр, килои шакар - 4 сомонӣ, тухм барои 10 донааш 6,5 сомонӣ, килои гӯшти гов - 35 сомонӣ, килои биринҷи ватанӣ то 8 сомонӣ, биринҷи истеҳсоли Покистон ва Таиланд 4-4,5 сомонӣ ба фурӯш гузошта шаванд. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо аз ҷониби корхонаи «Комбинати шири Душанбе» дар даромадгоҳҳои ҳамаи бозорҳои шаҳр фурӯши шир аз соати 8 то 17-30 бо нархи 3 сомонӣ ва аз тарафи соҳибкорон гӯшти гов 35 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 36 сомонӣ, биринҷи истеҳсоли ватанӣ то 8 сомонӣ, биринҷи истеҳсоли Покистон ва Таиланд 4 - 4,5 сомонӣ ва шакар 4 сомонӣ ба фурӯш гузошта хоҳанд шуд.

Дар хабари дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон аз ҷумла омадааст: "Дар асоси дастури раиси шаҳри Душанбе, дар тамоми бозорҳои шаҳри пойтахт новобаста аз шакли моликият рӯзҳои 25-26 ва 27-уми июл маҳсулоти ниёзи аввалия бояд бо нархҳои зерин ба фурӯш гузошта шаванд:

- 1 кг орди навъи якум то 2,7 сомонӣ

ё як халта орди 50 кг - то 135 сомонӣ

- нон (200 г) - 1 сомонӣ

- хлеб (400 г) - 2 сомонӣ

- шир - 3 сомонӣ

- макарон 1 кг - 4,5 сомонӣ

- биринҷи маҳаллӣ 1 кг - то 8 сомонӣ

- биринҷи истеҳсоли Покистон ва Таиланд 1 кг -аз 4 то 4,5 сомонӣ

- картошка - то 1,7 сомонӣ

- пиёз - то 1,5 сомонӣ

- сабзӣ - то 2,5 сомонӣ

- карам - то 1,6 сомонӣ

- гӯшти гов - то 35 сомонӣ

- гӯшти гӯсфанд - то 36 сомонӣ

- помидор - то 2 сомонӣ

- бодиринг - то 2,5 сомонӣ

- равғани пахта - то 7 сомонӣ

- 10 дона тухм - то 6,5 сомонӣ

- шакар - 4 сомонӣ

- чака - то 7 сомонӣ

- тарбуз 1 кг -1 сомонӣ

- харбуза 1 кг – 2 сомонӣ."

Шаҳрдории Душанбе аз оғози моҳи Рамазон, ки нархи маҳсулот дар бозорҳо ба шиддат боло рафт, талош дорад, то ба пойин бурдани қиматҳо ноил шавад. Мақомот дар ин роҳ аз ҳар се шеваи “ё ба зӯрӣ, ё ба зорӣ, ё ба зар” истифода мебаранд. Аз ҷумла барои гӯшти гов, ки нархи як килояш бо расидани Рамазон то 40 сомонӣ расид, 35 сомонӣ нархи собит муқаррар шуд ва шаҳрдорӣ ба хотири назорати нархҳо ҳатто дар дӯконҳои қассобии пойтахт видеокамераҳо гузошт.

Ҳамин тавр, тайи моҳи Рамазон бо ҷалби рӯҳониён аз тоҷирон пайваста даъват мешуд, ки бо пойин бурдани нархҳо аз савоби ин моҳи шариф барои худ баҳраи бештар бардоштанд. Ҳамзамон бо ин ин “ё ба зӯрӣ” ва “ё ба зорӣ” мақомоти шаҳри Душанбе ба соҳибкорон барои таъмини бозорҳои пойтахт дарм оҳи Рамазон қарзҳои бефоиз низ ваъда карданд.

Харидорон аммо мегӯянд, ҳарчанд нархи килои гӯшти говро дар дар моҳи Рамазон дар ҳадди 35-36 сомонӣ нигоҳ доштанд, вале дар ивази ин нарх ба муштариён гӯштеро медиҳанд, ки пур аз чарбуст. Барои гӯшти беҳтар, қассоб оҳиста нархи 40 сомониро гӯшакӣ мекунад.

Афзоиши башиддати нархи маҳсулот дар моҳи Рамазон ва дар арафаи идҳои асосии мардум, чун иди Фитр, иди Қурбон ва Соли наву Наврӯз барои Тоҷикистон як амри маъмул шудааст. Иқтисоддонҳои тоҷик дар гузашта бо интиқод аз шеваи ҳалли масъалаи нарх дар кишвар мегуфтанд, танҳо бо роҳу усули маъмурӣ ва маҷбур кардани соҳибкорон, ки молашро аз нархи таъинкардаи мақомот болотар нафурӯшад, наметавон ба чизе ноил шуд. Чунин шеваи кор, ба ақидаи онҳо, танҳо боиси камчин шудани чунин маҳсулоти нархашон аз боло таъиншуда мешавад.

Пешниҳод мешуд, ки ниҳодҳои давлатӣ ба ҳайси бозигари алоҳида бо ширкатҳои хусусиву соҳибкорони инфиродӣ дар бозор вориди рақобат шавад ва дар муқобили нархи баланди онҳо айни маҳсулотро бо нархи арзонтар ва бо сифати муносиб ба мардум пешниҳод кунад. Ба гуфтаи як ҳамсӯҳбати мо, ба фарқ аз шеваҳое ки ҳоло истифода мешаванд, вале натиҷае намедиҳанд, ин як формулаи оддии “ду карат ду “ аст, ки бе ягон чуну чаро кор мекунад.

XS
SM
MD
LG