Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кори савоб: Консерти хайрия барои кӯдакони маъюб (ВИДЕО)


Дар шаҳри Хуҷанд барои кӯдакони имконоташон маҳдуд консерти муштараки ситораҳои вилояти Суғд ва тифлони маъюб доир шуд.

Дар толори театри Камоли Хуҷандии маркази вилояти Суғд барои бори нахуст консерти якҷояи кӯдакони маъюб ҳамроҳи ситораҳои овозхонии Суғд баргузор гашт. Ин маҳфиле буд, ки соате дили кӯдакони имконоташ маҳдудро ба зиндагӣ гарм ва таваҷҷӯҳи сокинонро ба мушкили ин гуна афрод ҷалб мекард.

Ин консерти ғайриоддӣ бепул ва тамошобинони зиёдаш ҳам кӯдакон ва калонсолони имконияташон маҳдуд буданд, ки ҳамроҳи падару модарашон омаданд. Толори театр ва балконҳои он ним соат қабл аз оғози маҳфил аз тамошобонон лабрез гашт.

Муҳайё Сабурова, мураббии боғчаи кӯдакони маъюби шаҳри Истаравшан дар ҳалқаи кӯдакони зиёд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин 14 кӯдаки маҳдудимкониятро барои тамошои консерт овардааст: “Чунки ин гуна консерту маҳфилҳо табъи кӯдакони моро болидаву хуш мекунад. Онҳо ҳунарнамоии мисли худашон бачаҳои маҳдудимкониятро ҳамроҳи овозхонҳо касбӣ мебинанд ва умедашон аз зиндагӣ бештар мешавад. Мебинанд, ки онҳо бо мушкили худ танҳо нестанд.”

Хонум Сабурова афзуд, дар шаҳри Истаравшан ба ҷуз дар ин боғча кӯдакони маҳдудимконият зиёданд ва кормандони маркази иҷтимоӣ аз ҳоли онҳо хабар мегиранд.

Дар паси саҳна бачаҳои маҳдудимконият ҳамроҳи мураббиёну ҳунарварон ва бархе падару модари худ барои ҳунарнамоӣ омодагӣ медиданд.

Мӯҳсинҷони Мӯъмин, сокини ноҳияи Истаравшан ҳамроҳи модараш барои ҳунарнамоӣ омадааст. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ба нияте ба толор мебароям, ки ҳунари худро ба ҳозирон нишон диҳам ва худро ба халқ шинос кунам.” Вай афзуд, дар ин консерт вай суруди “Ватан” - и Афзалшоҳи Шодӣ овозхони тоҷикро ҳамроҳи як ҳофизи пайрави ӯ иҷро хоҳад кард. Муҳсинҷон гуфт, ки ҳар рӯз барномаҳои Радиои Озодиро мешунавад ва порае аз сурудашро ба шунавандаҳои Озодӣ бадеҳатан сароид.

Модари Мӯҳсинҷон - Мунира Айюбова мегӯяд, вай 6 фарзанд дорад, ки дуи онҳо - Мӯҳсинҷону хоҳари вай ҳарду модарзод нобино ба дунё омадаанд. Ин модари тоҷик мегӯяд, аз набудани мактаби махсус барои бачаҳои нобино дар Истаравшан писараш бе хату савод монд: “Мо имконият надоштем Мӯҳсинҷонро назди муаллимон ба таври хусусӣ ба хондан диҳем. Як муаллим ба вай ройгон хату савод меомӯзонд, вале ӯ даргузашт ва Мӯҳсинҷон бемуаллим монд. Ҳозир вай хондан ва навиштан наметавонад.”

Мӯҳсинҷони 18-сола мегӯяд, ҳоло ҳам мехоҳад хонда хатту савод барораду ба донишкадаи санъат дохил шавад.

Назира Мӯъминова, раҳбари созмони ҷамъиятии “Волидони кӯдакони имкониятмаҳдуд”, ки бо ибтикори созмонаш консерти кӯдакони маъюб ҳамроҳи ситораҳои маҳаллии овозхонӣ баргузор гашт, мегӯяд, созмонаш волидайни 70 кӯдаки маҳдудимкониятро ба ҳам овардааст. Вай афзуд: “Мо барои бачаҳои имконияташон маҳдуд, ки истеъдод ва маҳорати баланди овозхонӣ ва навозандагӣ доранд, шароите фароҳам овардем, ҳамроҳи ситораҳои овохонии Суғд дар саҳна ҳунари худро ба сокинон намоиш диҳанд. Ин навбат ташаббус аз тараи худи бачаҳову падару модарони онҳо буд. Мо умедворем, дар оянда ин гуна чорабиниҳову маҳфилҳоро барои бачаҳои маҳдудимконият дигар афроди хайрхоҳ ва саховатпеша ҳам баргузор намоянд. То ки бачаҳои имконияташон маҳдуд гумон накунанд, ки онҳо дар канор мондаанд.”

Биноба омори расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳудуди 27 ҳазор кӯдакони имконияташон маҳдуд ба сар мебаранд. Ҳудуди 8 ҳазори онҳо дар вилояти Суғд зиндагӣ мекунанд. Дар ин минтақа 4 мактаб-интернат барои бачаҳои маҳдудимконият, дар шаҳрҳои Хуҷанду Исфараву Чкалов ва ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавҷуд аст, ки дар онҳо ҳудуди 500 нафар бо таҳсилу парвариш фаро гирифта шудаанд.

Вале мактабҳои миёнаи Тоҷикистон синфҳои махсусе барои бачаҳои дорои имконияташон маҳдуд надоранд ва аз ин рӯ, бахши бузурге аз чунин кӯдакон, умдатан кӯдакони нобинову фалаҷ ва атфоли ҳисси шунавоиашон заъиф наметавонанд дар мактаб таҳсил карда, соҳиби ҳадди ақал маълумоти миёна шаванд.

XS
SM
MD
LG