Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тайёрӣ ба мактаб. Бо филмҳои тасвирӣ


Дар Тоҷикистон ба таҳияи филмҳои тасвирие шурӯъ мекунанд, ки ба мактаб омода кардани кӯдакони синни томактабиро ба ҳадаф дорад.

Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон ба таҳияи филмҳои тарбиявӣ барои атфоли синни томактабӣ шурӯъ мекунанд. Ин иқдом бар асоси як тарҳи Сандуқи Сорос ва дафтари ЮНИСЕФ – Сандуқи кӯдаки СММ - дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Масъулини ин тарҳ мегӯянд, таҳияи барномаҳои аниматсионӣ барои кӯдакони синни томактабӣ ба хотири дастгириву омода кардани ин атфол ба мактаб ва ҷалби падару модарон дар раванди тарбияи атфол равона шудааст.

Назархудо Дастамбуев, раҳбари барномаҳои таҳсилотии Сандуқи Сорос дар Тоҷикистон мегӯяд, тарбияи атфол тавассути аниматсия яке аз барномаҳои аввалин бо забони модарӣ аст. Ба гуфтаи ӯ , «барои амалӣ кардани ин тарҳ дар ҳамкории муштарак бо вазорати маориф ва илм ва академияи таҳсилоти Тоҷикистон як гурӯҳи кории вижа таъсис шудаву ҳоло тарҳи филмҳои аниматсионӣ, ки рӯҳияи ватандӯстиро барои атфол талқин мекунад, баррасӣ мешавад.»
Дар назар аст, баъд аз анҷоми таҳияи филмҳои аниматсионӣ он тавассутӣ телевизон намоиш дода шуда ва ҳамчунин дар шакли фитта дастраси аҳолӣ карда шавад.

Таҳияи филмҳои тарбиявӣ барои атфоли синни томактабӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки тибқи иттилои масъулини вазорати маориф ва илм, феълан дар кишвар танҳо 10 дарсади кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд.
Тоҷиннисо Маҳмадова
Тоҷиннисо Маҳмадова
Тоҷиннисо Маҳмадова, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бо назардошти ҳамин мушкил вазорат тасмим гирифтааст, шаклҳои алтерантивии таҳсилоти томактабиро ба роҳ монад ва кӯдаконро ба мактаб омода кунад. Хонум Маҳмадова гуфт: «Мо мехоҳем дар доираи ин тарҳ филмҳои тасвирӣ ва ё аниматсионӣ , ки дар он мазмуни таҳсилоти томактаби дарҷ гардидааст, омода ва онро ба марказҳои инкишофи кӯдакон ва ҳамчунин ба ҳар як хонавода фиристем. Ин филмҳоро мо: албатта: тавассути телевизион ҳам намоиш медиҳем, то ҳар як кӯдак тавонад дар хона онро тамошо кунад.»

Вале бархе ин роҳи омодасозии кӯдакон ба мактабро чандон муассир намедонанд. Шодигул Муродова, сокини шаҳри Душанбе, ки соҳиби ду фарзанд аст, мегӯяд, таҳияи чунин филмҳо ҳам наметавонад кӯдаконро барои таҳсил дар мактаб ҷалб кунад. Чунки ба гуфтаи ӯ, теъдоди филмҳои тасвирие ки кӯдакон ба он таваҷҷӯуҳ доранд, аз ҳад зиёд аст ва «ингуна филмҳоро якбор тамошо мекунанд ва бо ҳамин тамом. Агар гӯем ки барои рушд додани зеҳни кӯдак чунин филмҳо нақш дорад, хато аст. Хубтар мешавад, барои омода кардани кӯдакон ба мактаб, марказҳои инкишофи зеҳнӣ дар ҳамаи маҳалҷо таъсис диҳанд.»

Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулини барнома, таҳияи чунин филмҳо дар кишварҳои дигар муассир будааст. Аз ҷумла аз ҳамин таҷриба дар кишвари Қирғизистон истифода шудааст, ки аз соли 2006 ба ин сӯ ба таҳияи асарҳои таълимӣ дар шакли мултимедиа таҳия шуда, бозори барномаҳои телевизонӣ барои кҳдаконро ғанитар кардааст.
XS
SM
MD
LG