Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар Бразилия


Марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 аз 12-уми июн(13 июн ба вақти Душанбе) то 13-уми июл дар Бразилия баргузор мешавад.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 аз 12-уми июн то 13-уми июл дар Бразилия баргузор мешавад.

Дар сабқати ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон 32 дастаи мунтахаб, ки ба 8 гурӯҳ (ҳар гурӯҳ иборат аз 4 даста) тақсим шудааст, ширкат мекунад. Бозиҳои даври гурӯҳӣ аз 13-ум то 27-уми июн барпо мегарданд. Ба плей-офф (қисми 1/8-ниҳоии мусобиқот) дастаҳое роҳ меёбанд, ки дар гурӯҳи худ ҷойҳои якуму дувумро гирифтаанд. Бозиҳои 1/8-ниҳоӣ аз 28-уми июн то 2-юми июл, бозиҳои ¼-ниҳоӣ — 4, 5 ва 6-уми июл, бозиҳои ниманиҳоӣ — 9-10-уми июл доир мешаванд. Бозӣ барои ҷойи севум ва бозии ниҳоӣ 13-уми июл баргузор хоҳанд шуд.

Бозиҳо дар 12 шаҳр: Белу-Оризонти, Бразилиа, Куяба, Куритиба, Манаус, Натал, Форталеза, Порту-Алегри, Ресифи, Салвадор, Сан-Паулу ва Рио-де-Жанейро баргузор мешаванд.

Бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи "Марио Филю", ки бештар бо номи «Маракана» маълум аст, барпо мегардад. Маҳз соли 1950 дар ин варзишгоҳ бозии ҳалкунандаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Бразилия доир шуда буд.

Бояд гуфт, ки дар чаҳор мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар Амрикои Ҷанубӣ баргузор шуда буд (Уругвай-1930, Бразилия-1950, Чили-1962 ва Аргентина-1958), дастаҳои мунтахаби ин қора ғолиб шудаанд.

Бразилия панҷумин кишварест, ки пас аз Мексика, Италия, Фаронса ва Олмон барои дувумин бор мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол гардидааст. Ҷоми ҷаҳон аз ин пеш дар Бразилия соли 1950 баргузор шуда буд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқот нисбат ба соли 2010 37% афзудаааст ва 576 млн долларро ташкил медиҳад. Соли 2010 ҳамагӣ 420 млн доллар буд. Ғолиби мусобиқот 35 млн доллар мегирад. Барои ҷойи дувум 25 млн доллар ва барои ҷойи севум 22 млн доллар муқаррар шудааст.

Дастаи мунтахабе, ки ҷойи чорумро соҳиб мешавад, бо 20 млн доллар сарфароз мегардад. Ба ширкаткунандагони даври чаҳорякниҳоӣ 14 млн долларӣ, даври ҳаштякниҳоӣ - 9 млн долларӣ ва ба тимҳое, ки муборизаро дар даври гурӯҳӣ анҷом медиҳанд, ба ҳар кадом 8 млн долларӣ супурда хоҳад шуд.
Варзишгоҳи "Маракана"
Варзишгоҳи "Маракана"
Дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии 20-уми ҷаҳон ҳамаи 8 дастае, ки пештар (аз замони оғози ин мусобиқот) ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шудаанд – Уругвай (1934, 1950), Италия (1934, 1938, 1982, 2006), Олмон (1954, 1974, 1990), Бразилия (1958, 1962, 1970, 1994, 2002), Инглистон (1966), Аргентина (1978, 1986), Фаронса (1998) ва Испания (2010) ширкат меварзанд. Ва аммо мунтахаби Босния ва Ҳерзеговина барои аввалин бор дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон иштирок мекунад.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 бо бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Бразилия ва Хорватия, ки рӯзи 13-уми июн дар Сан-Паулу баргузор мегардад, шурӯъ мешавад.

Ҷадвали гурӯҳҳо

Гурӯҳи А Гурӯҳи В Гурӯҳи С Гурӯҳи D
Бразил Испания Колумбия Уругвай
Хорватия Нидерландия Юнон Коста Рико
Мексика Чилӣ Кот-д'Ивуар Англия
Камерун Австралия Ҷопон Италия

Гурӯҳи Е Гурӯҳи F Гурӯҳи G Гурӯҳи H
Шветсария Аргентина Олмон Белгия
Эквадор Босния ва Ҳерзеговина Португалия Алҷазоир
Фаронса Эрон Гана Русия
Ҳондурас Нигерия ИМА Кореяи Ҷанубӣ


Даври гурӯҳии марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2014

http://resources.fifa.com/mm/document/tournament/competition/01/52/99/91/2014fwc_matchschedule_wgroups_22042014_en_neutral.pdf

Тақвими бозиҳо

(Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст)

13 июн, ҷумъа

01:00, Бразилия — Хорватия
21:00, Мексика — Камерун
00:00, Испания — Ҳолланд

14 июн, шанбе

03:00, Чили — Австралия
21:00, Колумбия — Юнон
00:00, Уругвай — Коста-Рика

15 июн, якшанбе

03:00, Инглистон — Италия
06:00, Кот-д'Ивуар — Ҷопон
21:00, Швейтсария — Эквадор
00:00, Фаронса — Гондурас

16 июн, душанбе

03:00, Аргентина — Босния ва Ҳерзеговина
21:00, Олмон — Португалия
00:00, Эрон — Нигерия

17 июн, сешанбе

03:00, Гана — ИМА
21:00, Белгия — Алҷазоир
00:00, Бразил — Мексика

18 июн, чоршанбе

03:00, Русия —Кореяи Ҷанубӣ
21:00, Австралия — Ҳолланд
00:00, Испания — Чили

19 июн, панҷшанбе

03:00, Камерун — Хорватия
21:00, Колумбия — Кот-д'Ивуар
00:00, Уругвай — Инглистон

20 июн, ҷумъа

03:00, Ҷопон — Юнон
21:00, Италия — Коста-Рика
00:00, Швейтсария — Фаронса

21 июн, шанбе

03:00, Гондурас — Эквадор
21:00, Аргентина — Эрон
00:00, Олмон — Гана

22 июн, якшанбе

03:00, Нигерия — Босния ва Герзеговина
21:00, Белгия — Русия
00:00, Кореяи Ҷанубӣ — Алҷазоир

23 июн, душанбе

03:00, ИМА — Португалия
21:00, Испания — Австралия
21:00, Ҳолланд — Чили

24 июн, сешанбе

01:00, Камерун — Бразилия
01:00, Хорватия — Мексика
21:00, Италия — Уругвай
21:00, Коста-Рика — Инглистон


25 июн, чоршанбе

01:00, Юнон — Кот-д'Ивуар
01:00, Ҷопон — Колумбия
21:00, Нигерия — Аргентина
21:00, Босния ва Ҳерзеговина — Эрон

26 июн, панҷшанбе

01:00, Эквадор — Фаронса
01:00, Гондурас — Швейтсария
21:00, ИМА — Олмон
21:00, Португалия — Гана

27 июн, ҷумъа

01:00, Кореяи Ҷанубӣ — Белгия
01:00, Алҷазоир — Русия

1/8 финал
Ғолибони гурӯҳҳо бо дастаҳои дувуми гурӯҳҳои дигар бозӣ мекунанд:

28 июн, шанбе

21:00, 1A — 2B (49)

29 июн, якшанбе

01:00, 1C — 2D (50)
21:00, 1B — 2A (51)

30 июн, душанбе

01:00, 1D — 2C (52)
21:00, 1E — 2F (53)

31 июн, душанбе


1 июл, сешанбе

01:00, 1G — 2H (54)
21:00, 1F — 2E (55)

2 июл, чоршанбе

01:00, 1H — 2G (56)


Давраи 1/4-ниҳоӣ

4 июл, ҷумъа

21:00, Барандаи бозӣ(Б)-и 53 — Б54 (58)

5 июл, шанбе

01:00, Б49 — Б50 (57)
21:00, Б55 — Б56 (60)

6 июл, душанбе

01:00, Б51 — W52 (59)

Давраи ниманиҳоӣ

9 июл, чоршанбе

01:00, Б57 — Б58 (61)

10 июл, ҷумъа

01:00, Б59 — Б60 (62)

Бозӣ барои ҷои севум

13 июл, душанбе

01:00, Бозандаи бозиҳои 61 ва 62

Даври ниҳоӣ

13 июл, якшанбе

00:00, Б61 — Б62
XS
SM
MD
LG