Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумон буҷаи 2008-ро баррасӣ дорад


Тарҳи буҷаи давлатии соли 2008-и Тоҷикистон дар ҳаҷми тақрибан 1 миллиарду 300 миллион доллари амрикоӣ пас аз баррасӣ дар Маҷлиси намояндагон ҷиҳати омӯзиш ва натиҷагирӣ ба кумита ва кумиссюнҳои порлумон ирсол шуд.

Ин маблағ бештар аз 30 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аст, ки дар соли ҷорӣ ҳаҷми он 12 миллиарду 200 миллион сомонӣ ва ё муодили 3 миллиарду 500 миллион доллар пешбинӣ шудааст.

Аз тартиби таҳияи буҷаи соли 2008 чунин ба назар мерасад, ки ба мисли ду соли пешин дар соли оянда низ буҷа иҷтимоӣ хоҳад буд, зеро 45 дарсади маблағи он ба бахшҳои иҷтимоӣ равона шудааст.

Ва ин дар ҳолест, ки таҳлилгарон ҳанӯз ҳам маблағи ироашудаи буҷаи Тоҷикистон ба бахшҳои иҷтимоии кишварро нокифоя мехонанд. Иқтисодшиносон мегӯянд, шеваи истифода ва назорат бар усули истифодаи ин маблағҳо комилан дуруст нест.

XS
SM
MD
LG