Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пули вайронаро кӣ бояд созад -- Вахш ё Бохтар? ВИДЕО


Тайи се соли ахир масъулони ду ноҳияи ҳамсоя -- Бохтару Вахш бар сари бунёди пуле, ки сокинони ҷамоати деҳоти "Киров"-ро бо ҷамоати "Бӯстонқалъа" мепайвандад ва аз онҷо сокинон ба шаҳри Қӯрғонтеппа ва дигар ноҳияҳо мераванд, ба тавофуқе намерасанд ва ҳеҷ яке аз тарафҳо таъмири ин пулро ба гардан намегирад.

Ин кӯпрук аз панҷоҳ сол ба ин тараф роҳи беш аз 40 ҳазор сокини ҷамоатҳои шаҳраки Киров ва Бӯстонқалъаи навоҳии Вахшу Бохтарро ба масири Қӯрғонтеппа-Данғара пайваст мекард.

Мақомоти ҳар ду ноҳия дар қаламрави худ будани ин пулро радд мекунанд. Ин пул аз се сол ба ин тараф дар ҳолати садамавӣ қарор дошт ва чанд моҳ қабл корношом шуд ва сокинон пас аз чаппа шудани пояҳои он, ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаи нохуш, рафтуомад тариқи онро манъ карданд. Бо қатъи рафтуомади мошинҳо тариқи ин пул, ҳоло роҳи сокинон 3 километр дуртар шудааст.

Сокинон мегӯянд, ки ҳатто барои ҳалли ин мушкил ба унвонии раиси вилоят Давлатшоҳ Гулаҳмадзод аризаи шикоятӣ навиштанд ва аз посухи нома чунин бардошт карданд, ки бояд ин мушкилро мақомоти ноҳияи Вахш ҳаллу фасл намоянд. Аммо масъулони ҷамоати деҳоти "Киров"-и ноҳияи Вахш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин кор ба зиммаи онҳо нест ва онро бояд масъулони ҷамоати "Бӯстонқалъа"-и ноҳияи Бохтар анҷом диҳанд.

" Агар купрукро таъмир накунанд бо чархбол меравем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00

Сокинон ду ноҳия мегӯянд, ки борҳо талош кардаанд ин пулро тариқи ҳашар бисозанд, вале масолеҳи ҷамъовардаашон басанда набудааст ва бидуни кӯмаки молӣ ва техникии мақомот, наметавонад ин корро анҷом диҳад.

Идораи хоҷагии роҳҳои автомобили минтақаи Қӯрғонтеппа, ки назорати пулҳоро бар зимма дорад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо дар тобеияти кадом ноҳия қарор доштани ин пулро намедонад, вале дар сурати пайдо шудани маблағ, метавонад онро сохта ва ба истифода диҳанд.

Ин кӯпрук аз панҷоҳ сол ба ин тараф роҳи беш аз 40 ҳазор сокини ҷамоатҳои шаҳраки Киров ва Бӯстонқалъаи навоҳии Вахшу Бохтарро ба масири Қӯрғонтеппа-Данғара пайваст мекард.

XS
SM
MD
LG