Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти духтари хурдии Назарбоев дар баҳси додгоҳӣ бо ду соҳибкор


Нурлан Бимурзин.
Нурлан Бимурзин.

Алия Назарбоева, духтари хурдии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев баҳси додгоҳиро ба нафъи ду соҳибкор Нурлан Бимурзин ва Медгат Калиев бохт.

"Додгоҳ 7 июн қарор кард, ки парванда алайҳи ман ва Калиев қатъ карда шавад. Яъне, дар кирдори мо таркиби ҷиноят дида нашуд. Мо дар доираи қонун амал карда, нахуст ба Додситонии кулли Қазоқистон муроҷиат ва сипас нишасти хабарӣ баргузор кардем", - изҳор дошт Бимурзин.

Додгоҳ парвандаро онлайнӣ баргузор кардааст. Дархости ғайрионлайнӣ ва бо иштироки рӯзноманигорон баррасӣ шудани он рад шудааст.

Ба навиштаи хабаргузории "КазТАГ", ин бори нахуст аст, ки духтари Назарбоев дар баҳси додгоҳӣ мебозад.

Нурлан Бимурзин 28 феврал дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки ҳамроҳи шарикаш Калиев дар соли 2000-ум қурбони ғасби рейдерии духтари хурдии Назарбоев шудаанд.

XS
SM
MD
LG