Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогерони машҳури хориҷиро ба Узбекистон даъват мекунанд


Регистон, Самарқанд.
Регистон, Самарқанд.

Мақомоти Узбекистон мехоҳанд барои рушди бахши ҷаҳонгардӣ дар ин кишвар блогерони машҳури хориҷиро ҷалб кунанд.

Ин тасмимро дар ҷаласае ба раҳбарии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев эълом карданд.

Ба иттилои Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон, Мирзиёев дастур додааст, 50 блогери хориҷиро, ки беш аз 10-миллионӣ обуначӣ доранд, ба кишвар даъват кунанд.

Вазорати ниҳодҳои давлатии дахлдори Узбекистон вазифадор шудаанд, ки низоми электронии раводидро такмил диҳанд ва барои роҳати сайёҳон барномаи мобилиеро роҳандозӣ кунанд

Мақомоти Узбекистон имсол бояд 11 миллион сайёҳи хориҷиро ҷалб кунанд ва даромади кишварро аз ҳисоби сайёҳон ба $2,5 млрд расонанд.

XS
SM
MD
LG