Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"...ки зи ғам хӯрдани ту ризқ нагардад каму беш"


Некрӯз Исмоилов
Некрӯз Исмоилов

Миллионерҳои ҷавон мегӯянд, ба ҷои ғусса хӯрдану ҳасад бурдан, беҳтар аст, инсон ҳаракат кунаду баракат бубинад.

Некрӯз Исмоилов,
соҳибкор ва блогнавис

Сафи онҳое, ки дар ҳисоби худ миллионҳо доллари амрикоӣ доранд, сол то сол меафзояд. Аммо аҷобати кор дар он аст, ки аксари онҳо миллиони аввали худро дар айни ҷавонӣ ба даст овардаанд.

Ҳоло мехоҳам барои Шумо аз ҳаёт ва кори чанде аз ҷавонони болаёқат аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ёдоварӣ кунам, ки алакай дар синну соли ҷавонӣ соҳиби миллион доллар маблағи худанд. Барои мисол, Шон Белник (Sean Belnick) асосгузори BizChair.com аст, ки нахустин миллион доллари худро дар 16-солагӣ ба даст овардааст.

Ӯ дар чаҳордаҳсолагӣ бо 500 доллар фурӯшгоҳи интернетии худро боз намуд. Дар ҳоли ҳозир дар коргоҳи Белник зиёда аз 80 нафар кор мекунанд ва номгӯи маҳсулоти фурӯшгоҳаш ба 25 000 расидааст. Microsoft, Google ва Пентагон аз ҷумлаи мизоҷон ва ё муштариёни аслии фурӯшгоҳи интернетии Шонанд. Ин миллионери ҷавон ҳоло 22 сол дорад ва даромади солонааш ба 50 миллион доллари амрикоӣ баробар аст.

Аммо новобаста аз тиҷорати бузургаш, Шон Белник аз соҳаи илм дур намондааст. Ба наздикӣ ӯ соҳиби дараҷаи бакалаврии Донишгоҳи Эмори Амрико шуд. Белник ба онҳое, ки тоза ба соҳибкорӣ шурӯъ кардаанд, маслиҳат медиҳад, ки “барои оғози кор ҳеҷ вақт дер намешавад. Дар интернет маслиҳатҳои муфид бисёранд. Бодиққат хонда, дарк кардан лозим аст, ки бо кадом роҳ мо бояд ба орзуҳои худ бирасем.”

Кэтрин Кук (Catherine Cook), асосгузори MyYearbook.com, миллион доллари аввалини худро дар 15-солагӣ кор кардааст. Ин толибаи амрикоӣ дар қатори 10 гонаи беҳтарин миллионер-ҷавонони ҷаҳон аз рӯи феҳристи маҷаллаи Forbes аст. Вай соли 2005 бо ҳамроҳи бародари 17-солааш Дэвид албоми интернетии аз ҳама босифат ва беҳтари он замонро ихтироъ кард, ки тақрибан ҳамаи мактаббачагон онро доштанд ва истифода мебурданд. Дар ҳоли ҳозир лоиҳаи онҳо бо 20 миллион доллар баҳогузорӣ мешавад.

Кэтрин дар як нишасти матбуотии худ гуфта буд, ки “барои расидан ба қуллаҳои бузург ҳаракат кардан лозим аст.” Аз нигоҳи ӯ, маҳз дар ҷавонӣ инсон метавонад соҳаи тиҷорати худро пеш барад. Зеро ба бовари Кэтрин, нақша ва идеяҳои зиёде дар сари ҷавонон чарх мезанад ва кофист, ки инсон дар пеши худ мақсад гузошта, аз пайи иҷрои онҳо бишавад.
XS
SM
MD
LG